Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Басо авқот чизҳои нағзи мо беарзиш ва чизҳои беарзиш назди мо муҳим менамоянд.
САГ ВА БАЧАҲОЯШ
Саги модаеро вазъи ҳамл наздик буд. Саг назди шубоне рафт ва аз ў хоҳиш кард, ки то ҷое барои ў бидиҳад.
Шубон хоҳиши ўро қабул кард ва ба ў иҷоза дод, ки дар ҳамон ҷо бачаҳои худро таваллуд кунад. Аммо вақте бачаҳои саг бузург шуданд, дигар он саг ҷоеро, ки ба асари хоҳишу тазарўъ гирифта буд, мулки худ тасаввур кард ва шубонро иҷозат намедод дар он навоҳӣ гашту гузор намояд.
ЗОFЧА ВА РЎБОҲ
Зоғчае аз гуруснагӣ ба ҷон омада ва ба шохи анҷир нишаст. Ин дарахт пеш аз фасл ғўра карда буд. Зоғча ба умеди он, ки анҷир пухтааст, муддати дарозе ба шохи он нишаст. Рўбоҳе азми зоғчаро фаҳмид ва ба ў гуфт:
– Ту воқиан худро фиреб медиҳӣ. Яқин аст, умеди беҷои ту туро гўл хоҳад зад, аммо бар оварда нахоҳад шуд.
ШЕР ВА РЎБОҲ
Рўбоҳе дар хизмати шер буд. Рўбоҳ шикорро пайдо мекард ва шер онро асир месохт. Рўбоҳ аз ин ки шер ҳамеша қисмати зиёди шикорро мегирифт ва барои ў камтар медод, мутаассир гардида, азм кард, ки аз назди Шер фирор кунад ва худаш ба танҳоӣ шикор намояд.
ҳамон буд, ки аз назди шер гурехт ва вақте хост барраеро шикор кунад, худаш тавассути шикориён ва сагони онон асир шуд.
ЛУҚМОНИ ҲАКИМ Зиндагӣ ва таърихи Луқмони ҳаким (дар ғарб ба номи «Усуб» шўҳрат дорад) норавшан аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё