Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте Ҳоҷӣ Мурод ба кор баромад, ба ў гуфтем, ки
Равшани Ёрмуҳаммад занг зада буд:вай ҳикояашро якчанд бор бодиққат хондааст, вале аз калимаҳои туркӣ осоре наёфтааст.
Ҳоҷӣ Мурод аз гапи мо ҳайрон шуд.
– Наёфта бошад, ба ман– чӣ?
– Охир… магар ту ба Равшан нагуфта будӣ, ки калимаҳои туркиро фаровон истифода кардаӣ, аз ин сабаб, забони ҳикояат…
– Гуфта будам, – гапашро ба хотир оварда хандид Ҳоҷӣ Мурод, – лекин…Аз ростӣ, ман ҳанўз хикояи вайро нахондаам…
24. 06. 1995.

ОДАМШИНОС НЕСТЕД

Боре Арбоб Вадуд ба Қутбӣ Киром гуфт, ки шумо инсони хуб ҳастед, истеъдоди беназири сухангустарӣ доред, нозукадо, ширинкалом ва соҳибзавқед. Хуллас, маҳбуби пиру ҷавон ва хосу ом ҳастед. Вале бояд иқрор шуд: як камбудии ҷиддӣ доред, онро нагуфтан ва аз он чашм пўшидан намешавад. Шумо… одамшинос нестед!
Димоғи устод Қутбӣ сўхт ва пиёлаи дасташро болои миз монда, бо қаҳр ба Арбоб нигарист.
– Одамшинос нестам? Ман– а!. .
Аз авзои оштинопазири устод Арбобро ҳуш аз сар париду дар ислоҳи хатои худ диранг кард.
– Ҳо, – хандид. – Агар шумо одамшинос бошед, бо ман арақ мехўред?. .
21. 07. 1995.

ХАР ВА АСП

Ҳайрат Шанбезода аз кадом як рафтори Раҷаб Мардон малол гардида, дар ҳузури чанде аз ҳамкорон вайро
«хар» мегўяд. Баъди ду– се рўз дар рўзномаи
«Тоҷикистони советӣ» мақолаи калони Раҷаб Мардон ба табъ мерасад, ки «Достони асп» ном дошту ба мавзўи доғи рўз– муаммои асп ва асппарварӣ дар ҷумҳурӣ бахшида шуда буд.

пешина
аз 231
навбатӣ