Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бум, ки акнун дар байни парандагон ба ақлу тафаккури солим шуҳрат дорад, дар замонҳои қадим парандагонро тавсия кард:
– Донаи ҳабуботро бо ҳар қудрате ки доред, қабл аз сабз шудан аз замин берун кашед, зеро донаи онҳо сабаби гирифтории шумо хоҳад шуд. ҳамчунин аз тирандозон бипарҳезед, зеро тири онон, ки бо парҳои шумо музайян шудааст, ба маротиб аз парвози шумо сареътар аст.
Парандагон на танҳо ба насиҳати ў эътино накарданд, балки ўро девона тасаввур намуданд, баъдҳо гуфтаҳои бум собит шуд. Ба ҳамин иллат аст, ки акнун парандагон ба муҷарради дидани бум назди ў мераванд ва бо ў эҳтиром мегузоранд. Аммо бум дигар ба онҳо насиҳат намекунад, балки ба нооқибатандешӣ ва ҳамоқати онҳо таассуф менамояд.

ХАРИ ДЕҲҚОН

Деҳқоне аз деҳкадаи наздик хареро харидорӣ кард.
Соҳиби хар бо хоҳиши деҳқон мувофиқат кард, ки аввал харро ба хона оварда, чанд рўз имтиҳон кунад. Вақте деҳқон харро то хона овард, ўро дар тавила ҳамроҳи харҳои худ якҷо гузошт. Деҳқон дид, ки хари мазкур бо яке аз харҳои ў, ки дар пурхўрӣ ва бекорӣ назир надошт, бештар дўстӣ ва тамоил нишон дод. Ба дидани ин вазъ деҳқон харро гирифта, ба соҳибаш баргардонд. Вақте соҳиби хар пурсид, ки чӣ гуна ба ин зудӣ харро имтиҳон кардӣ, деҳқон ҷавоб дод:
– Ман медонам, ки ин хар айнан монанди ҳамон харе хоҳад буд, ки нисбат ба ҳам дўстии ў алоқаманд шуд.

ГУРГ ВА ШЕР

Гурге ҳангоми ғуруби офтоб дар домани кўҳе равон
буд. Дар ҳамин асно назараш ба сояаш афтод, ки бисёр бузург менамояд.

пешина
аз 231
навбатӣ