Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Талош барои тақсими номумкинот бефоида аст!

УҚОБ ВА ЗОF

Уқобе аз ҳаво поин шуда, барраеро бо худ ба ҳаво бурд. Зоғе, ки шоҳиди ин ҳол буд, фикр кард, ки ў ҳам метавонад ба чунин коре иқдом кунад. ҳамон буд, ки зоғ бо шиддати зиёд поин омад ва болои гўсфанди бузурге нишаста, чанголҳои худро дар мўҳои ў фурў бурд. Зоғ бисёр кўшид, аммо на танҳо гўсфандро ҳаракат дода натавонист, балки чанголҳои худро ҳам аз мўҳои гўсфанд натавонист берун бикашад. Вақте назари шубон ба ў афтод, давида омада ўро асир гирифту болҳои ўро қайчӣ карда, ба хона бурд, то атфол бо ў бозӣ кунанд.

РЎБОҲ ВА ШЕР

Шере дар қафас асир буд ва рўбоҳеро бар ў гузар афтод. Рўбоҳ наздики қафаси шер рафт ва ўро бо калимоти таънаомез ва носазо мухотаб сохт. Шер ба рўбоҳ гуфт:
– Ин ту нестӣ, ки маро таҳқир мекунӣ, балки бадқисматӣ ва асорати ман аст, ки туро чунин ҷуръат медиҳад.

ҲАЙВОНОТ ВА ШАБПАРАК

Гўянд, як силсила ҷангҳо байни парандагон ва мушҳо шурўъ шуд, ки гоҳе мушҳо ва гоҳе парандагон ғолиб мешуданд. Шабпараке намедонист, ки ба тарафдори кадом даста биҷангад, ҳамеша аз дастаи ғолибу фаттоҳ тарфдорӣ мекард. Ин вазъи мунофиқатомези шабпарак билохира назди ҳар дастаи муттаҳосил (хасмшудагон) равшан шуд.
Ҳар ду даста ўро накўҳиш нмуда, мардуд (дур) сохтанд. Ба ҳамин иллат аст, ки шабпарак аз хиҷолат дар равшании рўз берун намешавад, балки дар ҷоҳои торик ва дур аз назар худро пинҳон мекунад.

пешина
аз 231
навбатӣ