Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Вақте мехостанд хурўсро бикушанд, хурўс ба зорӣ даромада, гуфт:
– Лутфан аз куштани ман сарфи назар кунед, чаро ки барои инсонҳо хеле муфид ҳастам. Чунончӣ субҳ онҳоро барои кору борашон бедор мекунам.
– Ҳоло куштани ту ҳатмӣ аст. Зеро вақте мардумро аз хоб бедор мекунӣ, он вақт ба кори мо хотима медиҳӣ!
ҚОТИЛ
Марде бегуноҳеро кушт. Бозмондагони мақтул қотилро, ки рў ба фирор буд, таъқиб намуданд. Вақте ки қотил наздики рўди Нил расид, дид шере болои пул истода буд. Қотил маҷбур шуд ба дарахте боло шавад. Дид мори бузурге аз шохаи дарахт ўро таҳдид мекунад. Қотил тарсида худро ба дарё андохт. Ба муҷарраде, ки дар дарё афтод, наҳанге ўро гирифт ва туъмаи худ сохт. Ба ин тартиб замин, ҳаво ва об ҳама қотилро роҳ надоданд.
Хуни ноҳақ даст аз домани қотил барнадошт.
МОКИЁН ВА ПАРАСТУ
Мокиёне тухмҳои морро ёфт ва онҳоро оҳиста – оҳиста зери боли худ гирифта, гарм ва зинда сохт. Парастуе ин ҳолро дида ба мокиён гуфт:
– Эй беақл, чаро ин тухмҳоро зинда сохтӣ? Оё медонӣ, ки агар ин морҳо бузург шуданд, ҳама касро мегазанд ва аввалтар аз ҳама туро хоҳанд газид.
ШОДӢ (МАЙМУН) ВА ШУТУР
Ҳайвоноти ҷангал маҷлисе доштанд ва шодӣ (маймун) дар он маҷлис ба раисӣ пардохт. Тамошочиён ҳама
ба ҳунармандии шодӣ таҳсин карданд. Аммо шутур аз
ин ҳама ифтихороти шодӣ (маймун) ҳасад бурду ба
маҷлис пешниҳод кард, ки ў ҳам метавонад онҳоро бо
рақси худ хушҳол созад. Аммо вақте барои рақс бархост, тамоми ҳаракати ў он қадар бемазмуну хандаовар буд, ки аҳли маҷлис ин вазъи ўро барои маҷлиси худ айб дониста, ўро аз маҷлис берун ронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё