Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Деҳқон бо ханда гуфт:
– Ту ҳатман бояд кушта шавӣ, зеро бадӣ кўчак бошад ё бузург қобили авф нест.
НИҲОЛИ ГУЛОБ ВА МУРПОН

Ниҳоли мурпоне аз дидани гулҳои гулоб ва зебоиҳои он дар ҳайрат шуда, назди буттаи гулобе арз кард:
– Гулоб чӣ гули қимат аст! Табиату инсон ҳар ду аз зебоҳиои он лаззат мегиранд. Ман ба зебоию адли ту ғусса мехўрам.
Гулоб ҷавоб дод:
– Дуруст аст, эй мурпони азиз, ман зебо ҳастам, вале барои муддати бисёр кам, ҳатто агар касе гулҳои маро начинад ҳам, умри ман он қадар давом намекунад, аммо ту ҳамешабаҳор ҳастӣ ва зебоии ту ҷовидон аст!

РЎБОҲ ВА САРИ МАСНЎЪӢ

Рўбоҳе дар хонаи актуре дохил шуд ва дар ҳоле ки тамоми хонаи ўро ҷустуҷў мекард, назараш ба як сари маснўъи инсон афтод. Рўбоҳ поҳои худро бар он сар гузошт ва гуфт:
– Чӣ сари мақбуле аст, аммо ҳеҷ арзише надорад, зеро бемағз аст.

ФАЙЛАСУФ, МЎРЧАҲО ВА МУШТАРӢ

Файласуфе дар соҳили дарё қадам мезад. Ногоҳ назараш бар як киштӣ афтод, ки дар ҳолати ғарқ шудан буд.
Файласуф дид, ки мусофирини киштӣ дар баҳр фурў рафт. Аз мушоҳидаи ин манзара файласуф ба фикр дарафтод, ки шояд яке аз мусофирони киштӣ гуноҳе карда бошад, ки сабаби ғарқ гардидани ў шуда битавонад. Вале дигар мусофирин ки гуноҳе надоштанд, возеҳан ин вазъ нишон медиҳад, ки дар дунё адолат мавҷуд нест.
Файласуф дар ҳамин афкор ғарқ буд, ки иддае аз мўрчагон истода буд. Яке аз ин мўрчаҳо ба пои ў боло рафт ва пои ўро сахт газид.

пешина
аз 231
навбатӣ