Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

БАРРА ВА ГУРГ

Гурге барраеро таъқиб мекард. Барра аз тарси гург ба як хонаи деҳотӣ боло шуд. Гург ўро садо зад:
– Ту беҳтар пеши ман биё, зеро деҳотӣ туро қурбонӣ хоҳад кард.
Барра дар ҷавоб гуфт:
– Беҳтар аст бо дасти деҳотӣ қурбонӣ шавам, то ин ки тўъмаи ту нагардам.

ДУ ҚОТИР (ХАЧИР) ВА ДУЗДҲО

Ду қотирро соҳибашон бар сафар баромад. Яке аз ин қотирҳо тилло бор шуда буд, бо ғурури хосе роҳ мерафт, медонист бори ў қиматбаҳост. Аммо қотири дигар ба ҳоли оддӣ дар ҳаракат буд. ҳанўз бисёр роҳ нарафта буд, ки дастае аз дуздон бар онҳо ҳамла оварданд. Соҳибашон мехост, ки қотиреро ки дар он тилло буд, ҳимоя кунанд. Бо дуздон дастугиребон шуд. Дуздон дар вақти ҳарб қотири тиллодорро гирифтанд. Қотири тиллодор, ки бар замин афтода буд, аз бадқисматии худ шикоят мекард. Қотири гандумдор гуфт:
– Ман хуш ҳастам, зеро ҳаракати ту таҳқиромез буд. Ман, ки мағрур набудам, на чизе аз даст додааму на захмӣ шудам.

ШУТУР ВА ҶУПИТЕР

Гўянд, ки дар замонҳои қадим шутур бо андозаи
ҷисми қавиву бузурги худ гўшҳои бузург ҳам дошт. Рўзе
шутур гавазнеро дид, ки дорои шохҳои қавиву мақбул
аст. Шутур аз надоштани шохҳо шикоят кард. Ҷупитер
аз носипосии шутур мутаассир шуд, ки чаро шутур, бо вуҷуде, ки андоми қавӣ ва бузург дорад, шикоят мекунад.

пешина
аз 231
навбатӣ