Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Он кӣ дўстони хешро меозорад, эътимодро нашояд.

ЧАРОFИ КАРАСИНӢ

Гўянд, ки як чароғи карасинӣ, ки дар он карасин зиёд афтода буд, бисёр равшан месўхт. Чароғи карасинӣ аз равшании худ мағрур шуда, гуфт:
– Равшании ман аз равшании офтоб зиёдтар аст.
Дар ин вақт шамоли тунд вазид ва чароғи карасиниро хомўш сохт. Соҳибаш чароғи карасиниро дубора равшан карду гуфт:
– Бисёр лоф назан, зеро заифтарин ситораро ҳам шамол хомўш карда наметавонад.

ШЕР, ХИРС ВА РЎБОҲ

Шеру хирсе дар яке аз биёбонҳо бузғоларо танҳо ёфтанд. Ҳарду барои гирифтани бузғола бо ҳам он қадар ҷангиданд, ки бо ҳоли заиф даромада ва дар сояи дарахте бо камоли нотавонӣ орамиданд. Рўбоҳе, ки онҳоро таъқиб мекард, аз тарс наздик шуда наметавонист. Дид, ки шеру хирс ба ҳоли заиф афтодаанду бузғола ҳам дар он ҷо истода ва аз хавфи зиёд ҳаракат карда наметавонад. Рўбоҳ аз мавқеъ истифода карду бузғоларо, дар ҳоле ки шеру хирс медиданд, даррабуду рафт. Шеру хирс аз дидани ин манзара оҳ кашида гуфтанд:
– Вой ба ҳоли мо, ки ин қадар ҷангидем, вале тамоми заҳмати мо ба фоидаи рўбоҳ анҷом ёфт.

МУСОФИР ВА БАХТ

Мусофиреро ҳикоят кунанд, ки бисёр хаста шуда, аз
ғояти ташнагӣ ба суръат роҳ мепаймуд, то ки обе пайдо
кунад. Вақте обро намеёфт ҳар лаҳза бахти худро маломат
мекард. Билохира, чоҳе аз дур намоён шуд, мусофир наздик рафт.

пешина
аз 231
навбатӣ