Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз сурохӣ берун шуд ва дубора говро газида, фавран пинҳон шуд. Гов аз ҷой бархост ва аз қаҳр намедонист чӣ кор кунад. Дар ҳамин вақт муш оҳиста садо кард:
«Соҳибони қувват ҳамеша ғолиб нестанд, гоҳе заифон ҳам метавонанд бузургонро шиканҷа кунанд».

ДУ БАҚҚА

Ҳавзе, ки дар он ду баққа зиндагӣ мекарданд, аз асари гармӣ хушкид ва баққаҳо маҷбур шуданд ҷои дигаре бираванд. Вақте наздики чоҳи амиқе ки оби кофӣ дошт, расиданд, яке аз онҳо гуфт: «Беҳтар аст дар ҳамин ҷо иқомат кунем, чӣ ин чоҳ ҳам, ба мо ғизо хоҳад дод ва ҳам паноҳгоҳ хоҳад буд».
Баққаи дувумӣ бо эҳтиёти бештар гуфт: «Дуруст аст, аммо агар фаразан ин чоҳ ин қадар дилхоҳ набуд, мо чӣ гуна хоҳем тавонист аз ин чоҳи амиқ бадар оем?»

ШУТУР ВА АЪРОБӢ

Аъробиеро гўянд, ки чанд шутуре дошт барои боркашӣ. Рўзе шутурҳои худро хуб бор карда ва баъд аз онҳо пурсид, ки ба кадом роҳҳо барои сафар роҳ пеш бигирад. Оё роҳи болои кўҳро таъқид кунанд ва ё роҳи домани кўҳро. Шутурҳои бечора маъқулона ҷавоб доданд:
– Чаро аз мо мепурсӣ? Оё роҳи саҳро баста шудааст?

МОҲИГИР ВА МОҲИИ КЎЧАК

Моҳигире ба дарё рафт ва бо вуҷуди заҳмати зиёд фақат як моҳии кўчакеро гирифту бас. Моҳӣ ба ғарази раҳоии худ гуфт:
– Ҷаноб, ман ҷуз луқмаи кўчаке беш нестам, лутфан маро вопас ба дарё бияндозед, зеро ман ба зудӣ моҳии бузурге мешавам, ки шоистаи дастархони шумо бошам.

пешина
аз 231
навбатӣ