Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
Гург наздик омад ва аз ў иллати лангиро пурсид. Хар гуфт, ки дар яке аз кишзорҳо хори бузурге ба пояш фурў рафтааст. Ва баъд аз гург хоҳиш кард, то хорро аз пояш берун кашад , вагарна мабодо дар вақти хўрдан хар ба гулўи гург банд бимонад. Гург қабул кард. Хар пои худро баланд бардошт ва гург тамоми ҳаваси худро мутаваҷҷеҳи ин сохта буд, то хорро пайдо кунад. Дар ҳамин вақт хар мавқеъро ғанимат шумурда, чунон лагади маҳкаме бар даҳони гург зад, ки дандонҳои ў фурў рехтанд ва худаш аз он ҷо фирор кард. Гург бо даҳони хунолуд ба худ гуфт:
– Сазои худро ёфтам. Ман чаро вазифаи муолиҷа ва табобатро ба ўҳда бигирам, дар ҳоле ки падарам ба ман қассобӣ ва куштор дарс додаст.
ПАРАНДАИ МОҲИХЎР ВА КАБЎТАР
Парандаи моҳихўреро гўянд, моҳии бисёр бузургеро гирифта, мехост онро бибалъад. Моҳӣ ки бисёр бузург буд, ар гулўи моҳигир банд шуда, роҳи нафасро ба ў баст. Моҳихўр бар лаби дарё мушарраф ба марг буд, ки кабўтаре ўро дида фарёд кард:
– Бисёр хуб шуд, ки сазои худро ёфтӣ. Маро як парандаи ҳаво ғизои худро аз дарё тақозо кунад!
ДЕҲҚОН ВА РЎБОҲ
Деҳқон, ки чўҷаи мурғҳои ўро рўбоҳе ҳамеша медуздид, дар паи интиқом шуд. Рўзе рўбоҳро ба дом андохт
ва барои он ки аз ў интиқом кашида бошад, думи
рўбоҳро бо равған чарб карда, онро оташ зад. Рўбоҳ фарёдкунон гурехт ва тасодуфан ба киштзоре, ки деҳқон
хўшаҳои худро хирман карда буд, дохил шуд. Хирмани
деҳқон оташ гирифт ва деҳқон натавонист дар он сол ҳосил бардорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё