Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бар илова ман мурғобӣ нестам, балки як парандаи беозоре ҳастам, ки ҳамеша ба амри падару модари хеш гўш додам. Бубинед, ҳатто болҳои ман аз болҳои мурғобӣ фарқ доранд. Бар ман раҳм кунед ва маро ин маротиба бубахшед!
Деҳқон хандаи баланде карду гуфт:
– Шояд тамоми чизҳое ки мегўӣ, дуруст бошад, аммо ман туро ҳамроҳи ҳамин дастаи дуздон, яъне мурғобиҳо асир кардам!

ОҲУБАРРА ВА МОДАРАШ

Оҳубаррае, ки бо модари хеш дар марғзори сарсабзе чаро мекард, аз модари худ пурсид:
– Модари азиз, ту аз баъзе сагҳо калонтар ҳам ҳастӣ, дар давидан ҳам аз онҳо чолоктарӣ, бар илова, ду шохи қавӣ ҳам дорӣ, пас чаро аз сагҳо ин қадар метарсӣ?
Оҳу табассуме кард ва ба фарзанди худ гуфт:
– Ман медонам, ки гуфтори ту содиқ аст ва тамоми сифатҳое, ки баён кардӣ ман доро ҳастам, аммо танҳо аз овози саги кўча, ки маро он қадар метарсонаду меларзонад, наздик ба заъф мешавам ва аз ҳамин сабаб, бо суръати ҳар чӣ тамомтар рў ба гурез мениҳам.
Истидлол ба ашхос чобукӣ ва шуҷоат намедиҳад!

ХАРГЎШ ВА САНГПУШТ

Харгўше дар яке аз марғзорҳо гашту гузор дошт.
Ногоҳ назараш ба сангпуште афтод. Харгўш аз мушоҳида бо поҳои кўтоҳу рафтори оҳистаи сангпушт тааҷҷуб карда, ўро бо нигоҳи истеҳзоомез менигарист.
Сангпушт мавзўъро ба фаросат дарёфт ва бо фаросат гуфт:
– Харгўши азиз, рафтори оҳистаи маро бо тамасхур мабин, зеро ҳарчанд ту монанди бод ҳам тез бошӣ, ман дар мусобиқаи давидан аз ту сабқат хоҳам бурд.
Харгўш аз шунидани ин ҳарфҳои сангпушт хандаи баланд ва истеҳзоомезро сар дода, гуфт:

пешина
аз 231
навбатӣ