Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МУСОФИР ВА САГАШ

Мусофире барои сафар омодагӣ мегирифт. Пас аз он, ки аз борбандӣ ва ҷамъ кардани сомон фориғ шуда, мехост ба сўи сафар раҳсипор гардад, дид ки сагаш дар назди дарвоза истода, гардани худро бо чанголҳои худ мехорад.
Мусофир саги худро бо лаҳҷаи нисбатан тунде мухотаб сохта, гуфт:
– Чаро ин тавр ором нишастаӣ, оё намедонӣ мавқеъи сафар бояд комилан омода бошӣ. Ман ҳама чизро омода сохтам ба ҷуз ту, зуд бош ва биё бо ман.
Саг дар ҳоле ки думи худро ҳаракат медод, ба соҳиби худ гуфт:
– Ман аз ту пештар омодагӣ доштам. Фақат интизории ту маро ба ин ҷо нишондаасту бас.
Маломатеро ба думи ононе, боиси маломат нестанд, набояд гузошт!

ПАРАСТУ ВА ЗОF

Парсту ва зоғе болои шохчаи дарахте нишаста, бо ҳам мусоҳиба доштанд ва ҳар як мехост собит кунад болу пари ў нисбат ба дигараш беҳтар аст. Наздик буд ин мубоҳиса шакли душманиро ба худ гирад. Дар ҳамин вақт зоғи доно бо ин ҷумлаи кўтоҳ мубоҳисаро қатъ кард: «Болу пари шумо дар баҳор бисёр хуб аст, аммо болу пари ман маро аз сардии зимистон ҳимоят мекунад».
Эй басо руфақое, ки ба вақти зарурат ба дард намехўранд!

ШУБОН ВА ГОВИ ГУМШУДАИ Ў

Шубоне назди яке аз ҷангалҳои анбўҳ, ки алафи фаровон дошт, гову гўсфандони худро ба чаро мебурд. Рўзе
яке аз говҳои худро гум кард. Бечора сарсону ҳайрон ин тарафу он тараф медавид, то магар аз гумшудаи худ нишоне пайдо кунад.

пешина
аз 231
навбатӣ