Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа
.
Дере нагузашта, соҳиби хона аз дарвоза берун омада, меҳмононро ба ҳавлӣ дароварду як табақ тутро дар пешашон монд…
– Акаи Иноят, ин мард киву чикора аст? – пурсид яке аз ҳамроҳон, баъди он ки аз тут сер шуда, озими шаҳр гардиданд.
– Соҳиби хонаро мегўӣ? Вай муаллим, аз ҷўраҳои қадрдони ман. – Иноят каме сукут варзида, сипас нохост ба пурсанда рўй овард. – Чӣ буд? Ба ягон кас монанд кардӣ?
Пурсанда:
– Ҳа, ба масхарабоз. Вай оғўш кушода, хушҳолу хандон ба истиқболатон баромад, вале чун дид, ки танҳо нестед, якбора димоғаш сўхта, ба шумо дастакӣ вохўрӣ намуд…
03. 06. 1995.
ДАРОЗ ВА КЎТОҲ
Устод Мирсаид Миршакар ба Файзулло Ёдгор таваҷҷўҳи хосса дошт. Хулқу хўяшро меписандид, соатҳо бо вай дар кўчаву хиёбонҳо қадам зада, дар мавзўъҳои мухталиф суҳбат мекард.
Онҳоро бо ҳам дида, ба шавқ наомадан мумкин набуд. Миршакари чорпаҳлую қоматбаланд ҳамеша хам шуда, чизеро мепурсид. Файзуллои лўндаю пахшак гарданашро ёзондаву аз поин ба боло нигоҳ карда ҷавоб медод. Ва ин манзара дар воқеъ ҳам бисёр ҷолиб буду аз тамошояш кас сер намешуд.
1 Боре устод Миршакар Файзулло Ёдгорро (он вақт вай дар маҷаллаи «Хорпуштак» кор мекардааст) дар ташвишу тараддуд дида сабаб мепурсад.
– Фавран як сурати хандаовари ҳаҷвӣ ёфтан лозим, – мегўяд ў. – Агар не, котиби масъул девона мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё