Зеҳн
Зинда будан кам аст

Инсони дарёдил, адиби хушқалам Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳро ҳаводорони каломи бадеъ хуб мешиносанду нек дар ёд доранд. Ў бо навиштаҳои ҳаҷвии худ миёни хонандагон шуҳратёр гардида буд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 231 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Латифаҳои намакин гуфта, худаш аз ҳама баланд механдид. Гузашта аз ин, хоҳиши тамокукашҳоро рад намекард. Ҳатто як қуттӣ «Полёт»– ро бо гўгирд болои миз монда буд ва аз беномусиву беинсофии феқакашҳои ғоратгар ба танг намеомад.
Ҳамаи ин, албатта, ҳайратовар буд. Бо вуҷуди ин, мо аз ў чизе намепурсидем, душвор бошад ҳам, дандон ба дандон монда, тоқат мекардем. Аммо сонитар, вақте Ҳоҷӣ Мурод ба чанд кас чои қоқ доду дафъатан аз онҳо хоҳиш намуд, ки агар боз чой лозим шавад, бе андешаву истиҳола ба наздаш оянд, тоқати мо тоқ гардида, бидуни ихтиёр изҳори тааҷҷуб намудем.
Ҳоҷӣ Мурод ба суханҳои мо бодиққат гўш дод.
– Мушоҳидаатон беасос нест, – гуфт ў. – Дар ҳақиқат, табъам болида асту нашъаи хушҳолӣ мебарам. Ин ҳолат ба ман дар ошхона даст дод, баъди дидани воқиае…
Воқиан, шумо сигаретаву чои қоқ мегўеду аз чизи дигар бехабаред. Ман тасмим гирифтаам, ки аз музди корам низ як миқдор ба гадоён садақа намоям…
Аз ғояти ҳайронӣ маҷоли миҷазанӣ надоштем мо.
– Дар ошхона ягон воқиаи аҷиб рўй дод?
– Ҳо, – лаб ширин кард Ҳоҷӣ Мурод. – Шояд он воқиа аз аҷиб ҳам аҷибтар бошад. Яъне Раҷаб Мардон таоми дуюмро бо ҷумча неву бо панчшоха (вилка) хўрд…

14– 15. 05. 1995.

ЧАНДОН МАРД НЕСТЕМ

Арафаи иди занон– 8 март Ҳайрат гуфт:
– Фаҳмидӣ, ба занҳо даҳҳазорсўмӣ идона медодаанд.
– Наход?– бовари ман наомад. Зеро медонистам: дар он шабу рўз нашриёт ба чунин «ҳиммат» қодир набуд.
– Ҳа… Инро аз манбаи боэътимод фаҳмидам.
Чашмони Ҳайрат барқ мезаданду аз умқи онҳо осори хушҳолӣ намоён буд.

пешина
аз 231
навбатӣ