Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа
Бино ба гуфтаи муаллифи рисолаи «Роҳат-ус-сурур» Дарвеш Алии Чангӣ, ки китоби худро дар нимаи аввали қарни XVII ба итмом расонидааст, «Ҳилолӣ... ҳазл ва мазоҳи шадид дошт ва аксари акобир ва ашрофро тақлид кардӣ». Чанд нафар аз аҳли замонаш – Шамсиддини Қахатонӣ, ба қавли Дарвеш Алӣ, «донишманд ва аълам-ул-уламои он замон», Гулчеҳра – раиси вилояти Ҳирот ва умуман мўҳ тасибони вилоятро шоир ниҳоят тақлид ва мазаммат мекардааст ва яке аз «аламзадагон» Мавлоно Шамсиддин баъдтар ҳатто фатвои қатли шоирро иншо карда будааст. Нуқтаи назари Бадриддин Ҳилолӣ ба ин гуна рафтори рақиб ва бадхоҳон бар он маъно асос ёфта буд, ки ба ақидаи вай «ҳақиқат аз ҳазорон дар яке нест, – Бадӣ бисёру некӣ андаке нест».
Вазъияти зиндагии Бадриддин Ҳилолӣ сахт гардидан гирифт. Душманон ва бадхоҳони соҳибмансаб ва дар мақомоти расмии давлатӣ бонуфуз роҳи адоватро пеш гирифтанд, мавриди муносиберо ҷўё буданд ва ба ҳуҷуми ҳалокатовар омода мегардиданд. Ниҳоят, чунин шароит фаро расид.
Соли 1507 давлати Темуриён комилан шикаст ёфта, ба майдони мубориза сулолаи Шайбониёни ўзбек дар Мовароуннаҳр ва Сафавиёни эронӣ дар Эронзамин арзи вуҷуд ва даъвои мамлакатдорӣ карданд. Бадриддин Ҳилолӣ ва ҳамзамононаш шоҳиди кушторҳо ва муборизаи шадиди байни он ду су- !
лола барои истилои мулки Хуросон гардид. Соли 1527-1528 дар натиҷаи муҳорибаи шадид Убайдуллохони Шайбонӣ шаҳри Ҳиротро истило карда, ба ҳукми давлати худаш даровард ва ба ин муносибат куштор ва қатли мардум ба вуҷуд омад. Муаллифи китоби «Аҳсан-ут-таворих» Ҳасани Румлу зимни баёни воқеоти солҳои 1528-1529 (935 ҳиҷрӣ) дар бораи «Гуфтор дар гирифтани Убайдхон Ҳиротро» шароити даҳшатноки қатлу кушторҳоро ба қалам овардааст.
Ҳасани Румлу инчунин дар қисми «Мутаваффиёт»-и асараш дар бораи Бадриддин Ҳилолӣ маълумоти муфассалтаре оварда, ўро «умдаи замон ва афсаҳи булағои даврон» меномад ва бо ишорае ба аҳли ҳасад, ҷосусҳо ва ғаммозон, ки Убайдуллохон ба онҳо такя мекард, ба қатли бераҳмонаи ҳокими золими ғоратгар гирифтор шудани шоирро нисбатан батафсил нақл кардааст.
Ин нақл чунин аст:
мутаваффиёт Мавлоно Ҳилолӣ умдаи шуарои замон ва афсаҳи булағои даврон буд.
Қасоид ва ғазалиёт ва маснавиро дар камоли салосат ва балоғат назм мефармуд. Дар ин сол зумрае аз аҳли ҳасад...ба Убайдхон гуфтанд, Мавлоно рубоие дар ҳаҷв гуфта, ки байти охиринаш ин аст: Назм:
Ғорат кунию моли мусулмон бубарӣ,
Қофир бошам, агар мусулмон бошӣ.
Ва маа-золика ўро ҷиҳот бисёр аст ва ба воситаи бисёрии ҷиҳот хони қабеҳҳаракат ба ҳабси вай ҳукм кард. Пас аз изои бисёр ва озори берун аз шумор он нодираи рўзгорро дар Чаҳорсуқи Ҳирот ба қатл оварданд ва бо вуҷуди он ки ин абёт дар мадҳи Убайдхон гуфта буд...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё