Зеҳн
Бист гуфтор аз маънавият

Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Ин «Бист гуфтор аз маънавият»-и тоҷикон аст, ки дар таърихи адаби порсӣ ҳамеша гўшрас ва ҳушрас буду ҳаст. Агар чи гоҳ-гоҳ кўшиши нодидаву ношунида карданҳо рух медод, фарзандони боҳамияте буданд, ки садо баланд мекарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 235 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

вассофи ишқу муҳаББат ва ошЎБгари замон — мавлоно Бадриддин ҳилолӣ Мавлоно Ҳилолӣ яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои ширинкаломи мо, ки дар замони зиндагиаш чун умдаи шуарои замон ва афсаҳи булағои даврон шинохта шуда буд, бо фатвои иртиҷоиён ва фармони Шайбонихони ғоратгари кишвар ба дасти ҷаллоди ў ба тариқи ваҳшиёна сар аз танаш ҷудо карда шуд.
Мавлоно Бадриддин Ҳилолӣ, шоири маъруфи тоҷик солҳои 70 асри XV дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1529 аз тарафи Шайбонихон ба қатл расонида шудааст. Бадриддин Ҳилолӣ дар зодгоҳаш парвариш гардида, таҳсил кардааст.
Соли 1491 вай ба маркази илму ҳунари замонаш Ҳирот барои такмили дониш омадааст. Дар ин чо Бадриддин Ҳилолӣ ба ҷиҳати истеъдоди беназири адабӣ ба доираи адабии кишвар роҳ пайдо кард, ки он таҳти нуфузи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ фаъолият дошт. Он гоҳ Мир Алишер Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» (1491) дар бораи Бадриддин Ҳилолӣ навишта буд, ки «...қувваи ҳофизааш хеле хуб аст, табъаш ҳам монанди қувваи хофизааш мебошад. Майли хондан дорад, умед аст, ки тавфиқ ёбад».
Баъди чанде Бадриддин Ҳилолӣ дар улуми замонавӣ: дониши комиле фаро гирифта, ҳамзамононашро ба ҳайрат оварда тавонист. Солҳои бистуми асри XVI ў дар байни ому хос ҳамчун адиб ва суханвари мумтози замонаш маъруф гардида буд.
Бадриддин Ҳилолӣ, ки табъи равону ҳофизаи қавӣ дошта, ба қавли Заҳириддини Бобур сӣ-чиҳил ҳазор байтро аз ёд медонист, дар як фурсати кўтоҳ илова ба илмҳои расмии мадраса, арўз, қофия, санъатҳои шеърӣ ва ғайраро азхуд карда, дар қатори беҳтарин шоирони давр ҷой мегирад. Аз Бадриддин Ҳилолӣ як девон ва се маснавӣ – «Шоҳу Дарвеш», «Сифот-ул-ошиқин», «Лайлӣ ва Маҷнун» боқӣ мондааст. «Рисолаи қофия» ном асареро низ ба ў нисбат медиҳанд. Девони ашъори Бадриддин Ҳилолӣ (2700 байт), ки соли 1521 мураттаб сохтааст, асосан аз ғазалу рубоӣ ва муқаттаоту чанд манзумаи дигар фароҳам омада, нусхаҳои чопии он 360 ғазали аксар 6-7 байтӣ, 32 рубоӣ, 8 қитъа, шеъри ҷавобия ба «Қасидаи шутурҳуҷра»-и Мавлоно Котибӣ ва «Чистони шамъу фонус»-ро дар бар мегирад. Дар эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ ғазал мақоми калон дорад.
Шоир ғазалро навъи асосии маҳсули адабии худ шуморида, дар сарсухани достони «Шоҳу Дарвеш» гуфтааст:

Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст,
Шукри беҳад, ки шеъри ман ғазал аст!

Дар асри XVI дар жанри ғазал аз Бадриддин Ҳилолӣ муқаддамтар шоире нест. Мавзўи асосии ғазалиёти Бадриддин Ҳилолӣ ишқу муҳаббат мебошад.
Ишқи Бадриддин Ҳилолӣ ишқи инсонӣ, ишқи ҳақиқӣ буда, аз он ишқи илоҳие, ки шоирони мутасаввиф тараннум кардаанд, ба куллӣ фарқ дорад. Маъшуқа дар тасвири Бадриддин Ҳилолӣ одамест мисли дигарон як офаридаи дунявӣ, ки дар рўи замин, дар канори нозпарвари табиат, дар байни мардум хиромон аст ва ҳамон табиати мўъҷизаофарин ба вай ҳусну малоҳат ато кардааст.

пешина
аз 235
навбатӣ