Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсади ҳисса (квота) аз нигоҳ доштани пули хориҷӣ, ҳимояи саноати маҳаллӣ ва ҳимояи шуғл иборат аст. Назорати пулӣ тавассути танзими миқдори пули нақд мусоидат намекунад.

Ба бозори хориҷӣ баромадан ба нақша гирифта, иқтисодиёти мамлакате, ки диққатҷалбкунанда мебошад бояд омўхта шавад.

Дар муҳити иқтисодиёт чор шакли сохтори хоҷагӣ дида мешавад.

  1. Мамлакатҳое, ки иқтисодиёти онҳо аз шакли хоҷагиҳои натуравӣ иборат аст. Дар миқёси ин шакли хоҷагидорӣ қисми зиёди аҳолӣ ба истеҳсоли оддии кишоварзӣ банданд (Бангладеш, Эфиопия).
  2. Мамлакатҳое, ки ба содироти ашёи кам машғуланд. Ин мамлакатҳои оид ба як ё якчанд намудҳои захираҳои табиӣ бой мебошанд.
  3. Мамлакатҳои аз нуқтаи назари саноатӣ, тараққӣ карда истода.
  4. Мамлакат аз нуқтаи назари саноати тараққикарда. Ин мамлакатҳо содироткунандагони асосии молҳои саноатӣ мебошад. Онҳо байни ҳамдигар бо молҳои саноатӣ савдо мекунанд. Ғайр аз ин хел молҳоро ба бозори дигар мамлакатҳо мебароранд.

Муҳити сиёсию ҳуқуқӣ. Мамлакатҳои гуногун бо муҳити сиёсию-ҳуқуқӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Дар вақти халли масъалаи муносибатҳои касбии ин ё он мамлакат бояд фирма 4 омили асосиро дар назар дошта бошад:

*муносибат ба харидории мол аз тарафи хориҷиён;

  • устувории сиёсӣ;

  • маҳдуддияти пулӣ;

  • мошинаи давлатӣ.

Муҳити маданӣ

Ҳар як мамлакат урфу одатҳои худ, қоидаҳои худ, чизҳои манъ кардаи худро доранд.

Ба фурўшанда лозим аст, ки то ба кор карда баромадани барномаи маркетингӣ
шурўъ намудан бояд муайян кунад, ки чи тавр истеъмолкунандагони хориҷӣ ин ё он молро қабул менамояд ва онро чи гуна истифода мебарад.

пешина
аз 91
навбатӣ