Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Баъд аз шиносоӣ бо ин мавзўъ донишҷў бояд донад:

  1. Мақсади асосии эълон (реклама) аз чӣ иборат аст.
  2. Нақшаи эълон нишондиҳиро (рекламавиро) чӣ тавр тартиб медиҳанд.
  3. Аз рўи кадом принсипҳо воситаҳои асосии паҳнкунии маълумотҳоро интихоб мекунанд.

МАРКЕТИНГИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

  1. Омўхтани муҳити маркетинги байналхалқӣ
  2. Мақсади баромадан ба бозорҳои берунӣ
  3. Усулҳои ба бозорҳои берунӣ баромадан
  4. Мукаммалгардонии таркиби комплекси маркетингӣ

Омўхтани муҳити маркетинги байналхалқӣ

Пеш аз дар бозорҳои хориҷӣ ташкил кардани фурўш фирмаро лозим меояд, ки чизҳои зиёдеро донад. Бояд ў хусусиятҳои муҳити маркетинги байналхалқиро дониста гирад. Вақтҳои охир ин муҳит ба тағйирёбии бузург дучор шуд. Дар байни онҳо чунин дигаргуниҳо дида мешуд:

*интернатсионализатсиякунонии иқтисодиёти ҷаҳон, яъне афзоиши беҳади савдои
байналхалқӣ ва маблағгузорӣ дар хориҷа;

*оҳиста –оҳиста аз тарафи ШМА бой додани мавқеи пешсафии худ ва суст шудани баланси савдо, инчунин тағйирёбии арзиши доллар дар бозори ҷаҳонӣ;

*афзоиши қудрати иқтисодии Япония дар бозори ҷаҳонӣ;

*ташаккулёбии системаи молияи байналхалқӣ, қурби умумиҷаҳонии озодро
таъмин мекунад;

*афзоиши шумораи маҳдудияти савдо барои ҳимояи бозори дохилӣ дар рақобати
хориҷӣ;

*оҳиста-оҳиста кушодани бозорҳои калони нав ба монанди бозорҳои РХК, СССР
ва мамлакатҳои араб. Фирмаҳои америкоӣ дар вақти ташкили фурўши мол дар
мамлакатҳои дигар ба маҳдудиятҳои гуногуни савдо дучор мешавад. Маҳдудияти аз
ҳама паҳншуда тарифи гумрукӣ, ифодакунандаи андозе, ки ҳукуматҳои хориҷӣ ба баъзе
молҳои ба мамлакатҳои онҳо воридшаванда андохта мешаванд. Тарифи гумрукӣ ба мақсади зиёд кардани даромад (тарифи хизмати давлатӣ) ё худ ҳимояи манфиати фирмаҳои ватанӣ (тарифи тарафгирӣ) истифода бурда мешавад.Ғайр аз ин, содироткунанда ба ҳисса (квота) дучор шуда метавонад, яъне миқдори молҳои муайяне, ки барои ба мамлакат ворид кардан мумкин аст.

пешина
аз 91
навбатӣ