Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Вазифаи шўъбаи маркетинги корхона (фирма) иборат аз таҳлили муфассали сабабҳои нахаридани мол ва дигар шудани муносибати харидорон ба ин намуд молҳо.
Дар ин ҷо шўъбаи маркетинг асосан 3 роҳро истифода бурда метавонад:

  1. Дигаргунсозии мол;

  2. Арзон кардани як воҳиди мол;

  3. Ҳавасмандкунии зиёди фурўш.

  4. Набудани талабот. Дар ин ҳолат харидорони мақсаднок барои харидани баъзе молҳо ҳавасманд нестанд ва бемасъулиятона рафтор мекунанд. Мисол: Деҳқон барои ҷорӣ кардани технология нави парвариши зироат ҳавасманд нест ва донишҷўёни донишгоҳ низ барои омўхтани забони хориҷӣ. Вазифаи асосии шўъбаи маркетинг ин иборат аз ҷўстуҷўи усулҳои алоқамандии манфиати хоси мол ба талаботи табии ва манфиати ҳар як одам аст.

  5. Талаботи рустӣ (пинҳонӣ).

Бисёри аз истеъмолкунандагон ба молҳои дар бозор мавҷудбуда қонеъ нашудани талаботи худро ҳис мекунанд.

Вазифаи шўъбаи маркетинг иборат аз муайян кардани ҳаҷми бозори потенсиалӣ (истеҳсолӣ) ва тайёр кардани молҳои самараноке, ки талаботро қонеъ карда метавонад.
Мисол овардан зарур аст.

  1. Талаботи пастрафтаистода, фурўши молҳои баъзе корхонаҳо (фирмаҳо) ба вақт, давра вобастагӣ дорад. Мисол; талабот ба нақлиёти ҷамъиятӣ дар давоми рўз, ба пойафзолҳои тобистонаю зимистона ва ғайраҳо. Шўъбаи маркетинг бояд дар ин ҳолат пастравии талаботро пешгирӣ намуда бо роҳҳои эҷодӣ оиди пешниҳоди молҳо.

  2. Талаботи номунтазам

Дар ин ҳолат талабот ба баъзе молҳо номунтазаманд. Мисол, дар рўзҳои корӣ рафтани одамон ба музей, театр ва ғайра.

Вазифаи шўъбаи маркетинг аз тақсимоти дурусти талабот дар рўзҳои ҳафта ва вобастакунии онҳо бо нархи фурўш, усулҳои ҳавасмандкунӣ ва дигар роҳҳои бедоркунӣ иборат аст.

  1. Талаботи пурбаҳо. Ин ҷо корхона (фирма) Рўи ҳаҷми гардиши моли хеш қаноатманд аст.
пешина
аз 91
навбатӣ