Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Стратегияи кор карда баромадани моли нав
6. Муносибат ба марҳилаҳои ҳаёти мол (этапы полноценного цикла товара)

Намудҳои асосии таснифи молҳо
Мақсади асосии стратегияи мракетинг оид ба фаъолияти бозор аз кор карда баромадани (мувофиқаи характеристикаи молҳо) тасниф молҳо иборат аст. Аз рўи муддати истифодабарии молҳо ба 3 гурўҳ тақсим мешаванд:
-молҳои дурудароз истифодашаванда (яхдон, сару либос…);
-молҳои муддати кўтоҳ истифодашаванда (намак, картошка, пиёз, равған …);
-хизмати маишӣ (тарошидани мўйи сар, таъмири радио, телевизор ва дигар асобобҳои рўзғор).
Таснифи молҳоро дар мисоли молҳои сермасраф дида мебароем.
Молҳои сермасраф аз рўи урфу одат, феъл ва рафтори харидорон ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:

  1. Молҳои талаботи рўзафзун (ҳаррўза);
    -молҳои асосии талаботи доимӣ (нон, равған ….);
    -молҳои бо сабабҳои шавқовар буданашон харидорӣ кардан (асари бадеӣ, маҷаллаи мўд, шоколади махсус тайёркарда;
    -молҳое, ки барои ҳодисаҳои таъҷилӣ харидорӣ карда мешаванд.

  2. Молҳои интихоби пешакӣ
    -молҳои монанд (аз нуқтаи назари мақсади истифодабарӣ (радио, телевизор…);
    -молҳои монанднабуда.

  3. молҳои интихоби махсус 4. молҳои интихоби ғайрифаъол Молҳои талаботи ҳаррўза-молҳое, ки истеъмолкунандагон бе фикру мулоҳиза бе кўшиши зиёдатӣ харида мегиранд.
    Молҳои интихоби пешакӣ: молҳое, ки пеш аз харидорӣ кардан, истеъмолкунандагон онҳоро байни ҳамдигар муқоиса намуда аз рўи нишондиҳандаҳои даркорӣ - сифат, нарх ва ороиш ( мебел, сару либос, автомобилҳои истифодашуда, асбобҳои асосии электрикии рўзғор) интихоб мекунанд.
    Молҳои интихоби пешакиро ба гурўҳи молҳои монанд ва монанднабуда тақсим кардан мумкин аст. Ба молҳои монанд, харидорон ҳамчун ба молҳои сифатан якхела, бо нарх фарқкунанда нигоҳ мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо вақти харидорӣ кардани молҳои монанднабуда ба харидор хосиятҳои онҳо назар ба нарх ниҳоят муҳим мебошад. Мисол, барои истеъмолкунанда костюми рахдор аҳамияти калон дорад.

пешина
аз 91
навбатӣ