Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Чунки хоҳиши қаноатмандии ҳар як шахс доимо тағйир меёбад, яъне дар бисёр ҳолатҳо ба ў вақт таъсир мерасонад, аз ин лиҳоз хоҳиши қаноатмандӣ аз рўи ҳамаи намуди молҳо ба тариқи мутлақ таъмин карда намешавад.
Мақсади сеюм аз он иборат аст, ки барои бисёртар ва тезтар фурўхтани мол фирма (корхона) ассортименти молҳои (намудҳои) барои истифодабарии якхеларо зиёд мекунад, зеро ки харидорон ҳама вақт як намуд молро истифода набурда кўшиш мекунанд, ки намудҳои дигари онҳоро низ санҷида бинанд. Мисол: ангури хусайнии сафед, тоифии гулобӣ ва ғайра, ё худ моддаҳои ҷомашўӣ.
Мақсади чорум ниҳоят муҳим аст, чунки ў ба ҳаёти реалии инсон вобаста аст. Бояд қайд кард, ки сифати ҳаёт аз 3 элементи асосӣ вобаста аст:
-сифат, миқдор, намудҳо, дастрасӣ ва арзиши молҳо;
-сифати муҳити физикӣ;
-сифати муҳити маданӣ.
Фақат дар ҳолати баробар таъмин будани инсон бо ин 3 гурўҳ элементҳо оиди сифати баланди ҳаёт сухан рондан дуруст аст.
Дар дарсҳои лексионӣ таъсири ҳар як элементро нисбат ба сифати ҳаёт муфассал фаҳмонида додан зарур аст.
Баъд аз мутолиаи ин мавзўъ донишҷў бояд тайёр бошад, ки:

  1. таърифи маркетинг ва роли ўро гуфта тавонад; 2. таърифи элементҳои маркетингро азхуд кунад; 3. принсипҳои асосии маркетингро маънидод карда тавонад.
пешина
аз 91
навбатӣ