Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки сифати марктеинг дар ин шароит назар ба сифати маҳсулоти содиротӣ, сатҳи техникии вай роли муҳим (агар зиёд набошад) бозӣ мекунад.

Истеъмолкунанда ва маркетинги озуқаворӣ
Дар иқтисодиёт ҳокими олитарин ва мутобиқкунандаи фаъолияти маркетингӣ, ки дар миқёси корхонаҳои шахсӣ асоснок карда шудааст- ин истеъмолкунанда мебошад.
Мақсади комплекси озукаворӣ таъмин намудани истеъмолкунандагон мебошад.
Ақидае, ки соҳибкорӣ ва фаъолияти маркетингӣ барои қонеъ гардонидани мўҳтоҷии истеъмолкунандагон равона карда шудааст, ҳамчун доктринаи истеъмолкунандаи мустақим баромад мекунад. Ин доктринаро ибораи зерин «истеъмолкунанда ҳама вақт шоҳ» ниҳоят хуб тасвир мекунад. Сектори (соҳаи) озуқаворӣ мустақилии худро ба воситаи пул ифода мекунад, яъне фирма ва соҳаҳое, ки хоҳиши ўро баҷо меоранд мукофот медиҳад.
Мустақилии истеъмолкунанда кафолат намедиҳад, ки ў ҳама вақт ба манфиати ҷамъият ё худ ба манфиати хеш кор кунад. Бисёр вақт он чизеро, ки истеъмолкунанда мехоҳад истеҳсолот ва маркетинг ба паст шудани ғизонокии қиммати ратсион оварда мерасонад. Якум, барои ў бояд интихоби алтернативаи ҳақиқӣ (реалӣ) дода шавад. Дуюм, истеъмолкунанда бояд маълумоти аниқу дилпур дошта бошад, то ки интихоби аниқи ў ба майли вай муносиб бошад. Сеюм, нархи маҳсулотҳои озуқаворӣ бояд хароҷоти соҳибкорон ва ҷамъиятро барои истеҳсоли онҳо ва маркетинг инъикос намояд.
Фирмаи маркетингӣ хўрокворӣ барои истеъмолкунандагон ҳиссаи худро мегузорад, агар аз рўи консепсияи маркетинг амал кунад. Маънӣ ва максади он ҳамчун вазифаи муҳими соҳаи иқтисодиёт ё худ фирмаҳо аз қонеъ гардонидани талабот ба даст даровардани фоида ва ғайраҳо иборат аст.
Консепсияи маркетинг ин фалсафаи (философияи) замонавӣ, яъне тиҷорати сеюм мебошад. Якум ва аз ҳама барвақтии вай ба истеҳсолот нигаронида шудааст. «Мо чи кор карда метавонем? Мо чизе, ки истеҳсол намудем онро чи тавр мефўрўшем? Чиро истеъмолкунанда мехоҳад ва чи тавр мо он хоҳишҳоро қонеъ мекунем?»
Аз рўи мавзўъ донишҷў бояд ба саволҳои зерин ҷавоб дод тавонад:

  1. Функсияҳои мубодила дар зист 2. Вазифаҳои асосии миёнаравҳо аз чӣ борат аст.
  2. Намудҳои бозори кишоварзиро номбар кунед.
пешина
аз 91
навбатӣ