Зеҳн
АСОСҲОИ МАРКЕТИНГ

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 91 саҳифа

Тиҷорат
Аз аввал хондан

Ҳамаи онҳое, ки ба қадри имкон як миқдор моли фирмаро харидорӣ менамоянд мизоҷон (клиентура) номида мешаванд. Дар замони ҳозира фирма бояд дар натиҷаи гузаронидани тадкиқоти доимӣ донад, ки харидорони моли ў киҳоянд. Надонистани харидорони хеш ба натиҷаи дилхоҳ оварда наметавонад.

Ҳар як фирма (корхона) метавонад дар панҷ шакли бозори харидорон иштирок намояд:

  1. Бозори истеъмолкунандагон: шахсони алоҳида молҳои гуногунро барои истеъмол ва истифодабарии шахсӣ ё худ оилавӣ хардорӣ мекунанд.

  2. Бозори истеҳсолкунандагон: ташкилотҳо ё корхонаҳо молро барои истеҳсоли моли дигар (нав) харидорӣ мекунанд.

  3. Бозори фурўшандагони мобайнӣ: шахсони алоҳида ё ташкилотҳо молҳоро барои дар оянда бо нархи баланд ба фоидаи хеш фурўхтан харидорӣ мекунанд.

  4. Бозори муассисаҳои давлатӣ: истеҳсолкунандаи молҳо корхонаҳои давлатӣ буда, истифодабарандагони онҳо муассисаҳои давлатӣ мебошанд. Мисол: Яроқ барои қисмҳои ҳарбӣ, сару либоси низомӣ ва ғайраҳо.

  5. Бозори байналхалқӣ: молҳои истеҳсоли фирмаи (корхонаи) шумо дар бозорҳои мамлакатҳои хориҷӣ фурўхта мешаванд.

Савол: Аз кадом шакли бозор барои истифодабарии хеш автомобили сабукрав харидан гирифтан мумкин аст?

Ҳар як гурўҳҳое, ки мароқи ҳақиқӣ ё худ потенсиалӣ ба ташкил, ё ки таъсир кардан ба имкониятҳое, ки ба мақсадҳои пешгузошта ноил шаванд пайдо мекунанд мусоҳиба (алоқа) ба гурўҳи харидорони молҳои фирма номида мешавад.

Гурўҳҳои алоқавии фирма (корхона) дар ҳаёти реалӣ ба кўшишҳои ў қуввати иловагӣ зам карда, дар баъзе ҳолатҳо бар зидди ин кўшишҳо амал карда метавонад, ки онҳо аз гурўҳҳои зерин иборатанд:

-гурўҳи алоқавии доираи молиявӣ;

-гурўҳи алоқавии воистаҳои ахбор;

-гурўҳи алоқавии муассисаҳои давлатӣ;

-амалиёти гурўҳи шахсҳо;

пешина
аз 91
навбатӣ