АЗ ҲАФТ ДАФТАР

Дар ин маҷмўа гулчини ашъори ҳафт тан шоири муосири тоҷик фароҳам омадааст, ки эшон дар зовияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он зиндагиву эҷод мекунанд, ки ҳар яке бо табъу салиқаи худ аз ҳамдигар фарқ доранд. Мутмаинем, ки ин гулчин мавриди пазироии гарми хонандагони соҳибзавқ қарор хоҳад гирифт.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 73 саҳифа
Чу кўру карру нофаҳмон бепарво шудан беҳтар.
Мароми зиндагӣ якранг агар мехоҳӣ, эй Наққош,
Дар ин гаҳвора чун тифлон бепарво шудан беҳтар.
Кўлбори ишқро ҷинси вафо бошад зарур,
Хонаи ойинаро нури сафо бошад зарур.
Оқибат ғамхонаро кохи тарабангез кард,
Ишқро осори хоси бериё бошад зарур.
Куфри неъмат мебарад аз каф наиму роҳаташ,
Рўзии ҳаррўзаро шукри Худо бошад зарур.
Субҳи тифлӣ ибтидои рўзи маҳшаргоҳи туст,
Шоми пириро ҳамин ҳукми қазо бошад зарур.
Омаданҳои ту бар дунё далели рафтан аст,
Бар маризи иллати ҳастӣ даво бошад зарур.
Номаи аъмолро аз ҷинси исён кун тиҳӣ,
Зикру истиғфору тасбеҳу дуо бошад зарур.
Миси мо, Наққош, умре эътибори худ наёфт,
Баҳри ин иксири меҳри Мустафо бошад зарур.
Умри дароз дорӣ, бар навҷавон дуо кун,
Ризқи фароз дорӣ, бар нотавон дуо кун.
Ин кофару мусалмон чун одамисириштанд,
Ҳаввосифат чу модар бар ину он дуо кун.
Расми ҷафои нодон аз даври Нўҳ монда,
Бо расми хуби Қуръон баҳри ҷаҳон дуо кун.
Имрўз хуш нишастӣ бар маснади Фаредун,
Шукри нишоту айшат баҳри замон дуо кун.
Дар гардиш аст ҷомат чун маҷлиси Ҷаму Кай,
Баҳри ятими зору муштоқи нон дуо кун.
Гар марди зўрчангӣ чун Рустами диловар,
Баҳри ҳаёти ширин, баҳри занон дуо кун.
Аҳлу аёлу хешат яксар ҳама ба пешат,
Ёд ор аз ғарибон, бар бекасон дуо кун.
Осори рафтагонро нақши қадам гувоҳ аст,
Эй Хизри зиндагонӣ, бар рафтагон дуо кун.
Махмури бодаи ишқ шўри Масеҳ дорад,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё