Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва дар ҳар ҷузве аз аҷзои одамӣҳамчунин ҳикматҳост, ҳарчанд (ҳар андоза) касе ин ҳикматҳо бештар донад, тааҷҷуби вай аз азамати илми Худои таъоло бештар бувад. Ва чун одамӣ дар ҳоҷатҳои хеш нигарад, аввал ба аъзо, он гаҳ ба таому либос ва маскан ва ҳоҷати таом ба борон ва боду меғ (абр) ва сармову гармо ва ба санъатҳое, ки онро ба салоҳ орад ва ҳоҷатҳои санъатҳо ба олот аз оҳану чӯб ва мису биринҷ ва ғайри он ва ҳоҷати он олот ба ҳидоят ва маърифат, ки чун созанд ва он гоҳ нигоҳ кунад, ин ҳама офарида ва сохта бинад бар тамомтарин ва некӯтарин ваҷҳе ва аз ҳар яке чандон анвоъ, ки мумкин набудӣ, ки агар наёфаридӣ, дар хотири ҳеч кас даромадӣ ва ё дартавонистӣ хост, нохоста ва нодониста, ҳама ба лутф ва раҳмат сохта бинад. Аз ин ҷо вайро сифате дигар маълум гардад, ки ҳаёти авлиё бад-он аст ва он лутфу раҳмат ва иноят аст ба ҳама офаридагон, чунон ки гуфт: «сабақат раҳматӣғазабӣ»1 ва чунон ки расул алайҳиссалом, гуфт: «Шафқати Худои таъоло бар бандагон беш аст аз шафқати модар бар фарзанди ширхора».
Пас, аз падид омадани зоти хеш, зоти Ҳаққ субҳонаҳу ва таъоло бибинад ва дар бисёре тафосил ва аҷзову атрофи хеш камоли қудрати Ҳақ бинад ва дар аҷоиби ҳикматҳо ва манофеъи атрофи хеш камоли илми Ҳақ бинад ва дар иҷтимоъ он чи дар мебоист, ба зарурат ё ба ҳоҷат; ё барои некӯӣ ва зинат2, ки ҳама бо хеш офарида ёбад, лутфу раҳмати Худои таъоло бинад.
Пас бар ин ваҷҳ маърифати нафс оина ва калиди маърифати Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло бошад.
ФАСЛИ (ДУВВУМ)
[Шинохтани танзеҳ ва тақдиси Ҳақ таъоло] Чунон ки сифоти Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аз сифоти хеш бидонист ва зоти Вай аз зоти хеш бидонист, танзеҳ ва тақдиси Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло аз танзеҳ ва тақдиси хеш бидонад. Маънии танзеҳ ва тақдис дар Ҳақ таъоло он аст, ки пок ва муқаддас аст аз ҳар чи дар ваҳм ояд ва хаёл бандад ва муназзаҳ аст аз он ки Вайро бо ҷой изофат кунанд – агарчи ҳеч ҷой аз тасарруфи Вай холӣ нест. Ва одамӣ намудгори ин дар хештан мебинад, ки ҳақиқати ҷони вай, ки мо онро дил гуфтем, муназзаҳ аст аз он ки дар ваҳму хаёл ояд. Ва гуфтем, ки вайро миқдору каммият нест ва қисматпазир нест ва чун чунин бошад, вайро ранг набувад. Ва ҳар чи вайро ранг набувад ва миқдор набувад, ба ҳеч ҳол ба хаёл наёяд. Дар хаёл чизе ояд, ки чашм онро дида бувад, ё ҷинси онро дида бувад ва ҷуз алвон дар вилояти чашму хаёл нест. Ва ин, ки табъ тақозо кунад, ки чизе чӣ гуна аст? Маънӣ он бувад, ки чӣ шакл дорад, хурд аст ё бузург аст? Чизе, ки ин сифатро ба вай роҳ набувад, суоли чигунагиро дар вай ботил ояд. Хоҳӣ бидонӣ, ки чизе бошад, ки чигунагӣ ба вай роҳ набувад, дар ҳақиқати худ
1 Пешӣ гирифтааст бахшоиши Ман ба хашми Ман.
2 Ин қисмат дар фасли ҳаҷдаҳум, унвони аввал гузашт.
нигар, ки он ҳақиқати ту, ки маҳалли маърифат аст, қисматпазир нест ва миқдору каммият ва кайфиятро ба вай роҳ нест.
Агар касе пурсад, ки: «Рӯҳ чӣ гуна чиз аст?» Ҷавоб он бувад, ки: «Чигунагиро ба вай роҳ нест!»
Чун худро бад-ин сифот бидонистӣ, бидон, ки Ҳақ таъоло бад-ин тақдис ва танзеҳ авлотар аст ва мардумон аҷаб медоранд, ки мавҷуде бувад бе чуну бе чӣ гуна ва эшон худ чунонанд ва худро намешиносанд.
Балки одамӣ агар дар тани хештан талаб кунад, ҳазор чиз ёбад, ҳама бечуну бе чӣ гуна, ки онро худ чашм набинад, масалан, чун ишқ ва дард, ки чашм набинад ва агар хоҳад, ки чунӣ ва чигунагӣ талаб кунад, натавонад, ки чун ин чизҳо шаклу лавн надорад, ин суолро ваҷҳе набувад. Бал, агар касе ҳақиқати овоз талаб кунад, ё ҳақиқати бӯй ё ҳақиқати таъм, то чӣ гуна аст, оҷиз ояд. Ва сабаб он аст, ки «чун» ва «чӣ гуна» тақозои хаёл аст, ки аз ҳоссаи чашм ҳосил шудааст, он гоҳ аз ҳар чизе насиби чашм меҷӯяд ва он чи дар вилояти гӯш аст – чун овоз, масалан – чашмро дар вай ҳеч насиб нест, бал талаби вай чунӣ ва чигунагии овозро муҳол аст, ки овоз муназзаҳ аст аз насиби чашм, чунон ки лавну шакл муназзаҳ аст аз насиби гӯш. Ҳамчунин он ки ҳоҷат аст, дил дарёбад ва ба ақл бишиносад, муназзаҳ аст аз ҷумлаи насиби ҳавос. Ва чунӣ ва чигунагӣ дар маҳсусот бувад. Ва инро таҳқиқе ва ғаврест, ки дар кутуби маъқулот шарҳ кардаем ва дар ин китоб ин кифоят бувад. Ва мақсуд он аст, ки одамӣ аз бечуниву бечигунагии хеш, бечуниву бечигунагии Ҳақ таъоло битавонад шинохт ва бидонад, ки чунон ки ҷон мавҷуд аст ва подшоҳи тан аст ва ҳар чи аз тани вай вайро чуниву чигунагӣ аст, ҳама мамлакати вай аст ва вай бечуну бечигуна аст, ҳамчунин Подшоҳи олам бечуну бечигуна аст. Ва ҳар чи чуниву чигунагӣ дорад, чун маҳсусот, ҳама мамлакати Вай аст. Дигар навъ аз танзеҳ он аст, ки Вайро ба ҳеч ҷой изофат накунад, чунон ки ҷонро ба ҳеч чиз изофат натавон кард ва натавон гуфт, ки дар даст аст ё дар пой аст ё дар сар аст ва ё дар ҷои дигар, балки ҳама андомҳои тан қисматпазир аст ва вай қисматпазир нест. Ва қисматнопазир дар қисматпазир муҳол бошад, ки фурӯ ояд: он гоҳ вай низ қисматпазир шавад! Ва бо он ки ба ҳеч узв изофат напазирад, ҳеч узв аз тасарруфи вай холӣ нест, балки ҳама дар фармону тасарруфи вайанд ва вай подшоҳи ҳама аст, чунон ки ҳама олам дар тасарруфи Подшоҳи олам аст ва Вай муназзаҳ аст аз он ки Вайро бо ҷои хос изофат кунанд. Ва тамоми ин навъ аз тақдис бад-он ошкоро шавад, ки хосияту сирри рӯҳ ошкоро бигӯӣ ва андар он рухсат нест. Ва тамомии он ки: «Инналлоҳа халақа Одама ъало суратиҳи» бад-он ошкор шавад.
ФАСЛИ (САВВУМ)
[Маърифати подшоҳӣ рондани Ҳақ таъоло] Чун ҳастии зоти Ҳақ маълум шуд ва сифоти Вай ва покиву тақдиси Вай аз чуниву чигунагӣ маълум шуд ва танзеҳи Вай аз изофат бо макон маълум шуд ва калиди ҳама маърифати нафси одамӣ омад. Як боби дигар аз маърифат монд: ва он маърифати подшоҳӣ рондани Вай аст дар мамлакат, ки чӣ гуна аст ва бар чӣ ваҷҳ аст ва кор фармудани Вай малоикаро ва фармонбардории малоика Вайро ва рондани корҳо бар дасти малоика, фиристодани фармон аз осмон ба замин ва ҷунбонидани осмонҳову ситорагон ва дарбастани корҳои аҳли замин ба осмонҳо ва калиди арзоқ ба осмон ҳаволат кардан, ки ин ҷумла чӣ гуна аст?
Ва ин бобе азим аст дар маърифати Ҳақ таъоло ва инро «маърифати афъол» гӯянд, чунон ки он пештарро «маърифати зот» гӯянд ва «маърифати сифот» гӯянд. Ва калиди ин низ ҳам маърифати нафс аст. Ва чун надониста бошӣ, ки подшоҳии хеш дар мамлакати хеш чун меронӣ, чӣ гуна хоҳӣ донистан, ки Подшоҳи олам чун меронад!?
Аввало хештанро бишинос ва як феъли хеш бидон: масалан, чун хоҳӣ, ки «бисмиллоҳ» бар коғаз кашӣ, аввал рағбате ва иродате дар ту падид ояд, пас ҳаракате ва ҷунбише дар дили ту падид ояд – ин дили зоҳир, ки аз гӯшт аст ва дар ҷониби чап аст ва ҷисме латиф аз ӯҳаракат кунад ва ба димоғ шавад. Ва ин ҷисми латифро табибон «рӯҳ» гӯянд, ки ҳаммоли қувватҳои ҳисс ва ҳаракат аст. Ва ин рӯҳе дигар аст, ки баҳоимро бувад ва маргро бад-ин роҳ бувад ва он рӯҳи дигар, ки мо онро «дил» ном кардем
– баҳоимро набувад ва ҳаргиз бинамирад, ки он маҳалли маърифати Худой аст таъоло. Чун ин рӯҳ ба димоғ расад ва сурати «бисмиллоҳ» дар хизонаи аввали димоғ, ки ҷои қуввати хиёл аст, пайдо омада бошад, асаре аз димоғ ба аъсоб пайвандад, ки аз димоғ берун омадааст ва ба ҷумла атроф расида ва дар сарангуштҳо баста чун риштаҳо ва он бар соиди касе, ки наҳиф бувад, битавон дид. Пас аъсоб биҷунбад, пас сарангуштонро биҷунбонад, пас ангушт қаламро биҷунбонад, пас қалам ҳибрро биҷунбонад, пас сурати «бисмиллоҳ», бар вафқи он ки дар хизонаи хаёл аст, бар коғаз падидор ояд, ба муовинати ҳавос, хусусан чашм аз ҷумла, ки дар бештар ҳоҷат ба вай бошад.
Пас, чунон ки аввали ин кор рағбате буд, ки дар ту падидор омад, аввали ҳама корҳо сифате аст аз сифоти Ҳақ таъоло, ки иборат аз он «иродат» ояд.
Ва чунон ки аввал асари ин иродот дар дили ту падид ояд, он гаҳ ба воситаи ин ба дигар ҷойҳо расад, аввал асари иродати Ҳақ таъоло бар арш пайдо ояд, он гаҳ ба дигарон расад. Ва чунон ки ҷисме латиф чун бухоре, аз роҳи рагҳои дил ин асар ба димоғ расонад ва ин ҷисмро «рӯҳ»
гӯянд, ҷавҳаре латиф аст Ҳақ таъолоро, ки он асар ба Арш расонад ва аз Арш ба Курсӣ расонад; ва он ҷавҳарро «фаришта» хонанд ва «рӯҳ» хонанд ва «Рӯҳул-қудус» хонанд. Ва чунон ки асари дил ба димоғ расад ва димоғ зери дил аст дар ҳукми вилоят ва тасарруф, асари иродоти аввал аз Ҳақ таъоло ба Курсӣ расад ва Курсӣ зери Арш аст. Ва чунон ки сурати «бисмиллоҳ», ки феъли ту хонанд ва муроди туст, дар хизонаи аввал аз димоғ падид ояд ва феъл бар вафқи он падид ояд, сурати ҳар чи дар олам падид хоҳад омад. Аввало нақши он дар Лавҳи Маҳфуз падид ояд ва чунон ки қуввате, ки дар димоғ аст латиф, аъсобро биҷунбонад, то аъсоби дасту ангуштро биҷунбонад, то ангушт қаламро биҷунбонад, ҳамчунин ҷавоҳири латиф, ки бар Аршу Курсӣ муваккаланд, осмону ситораҳоро биҷунбонанд.
Ва чунон ки қуввати димоғ ба равобити автор1 ва аъсоб ангуштро биҷунбонад, он ҷавоҳири латиф, ки эшонро малоика гӯянд – ба воситаи кавокиб ва равобити шуооти эшон ба олами суфло, табоеъи уммаҳоти2 олами суфлиро биҷунбонанд, ки онро чаҳор табъ гӯянд ва он: ҳарорат ва рутубат ва бурудат ва юбусат аст. Ва чунон ки қалам мидодро пароканда кунад ва ҷамъ кунад, то сурати «бисмиллоҳ» падид ояд, ин ҳарорат ва бурудат обу хоку уммаҳоти ин мураккаботро биҷунбонад. Ва чунон ки коғаз қабул кунад мидодро, чунон ки бар вай бипароканад ё ҷамъ кунад, рутубат ин мураккаботро қобили шакл кунад ва юбусатро ҳофизи ин шакл гардонад, то нигоҳ дорад ва раҳо накунад, чи агар рутубат набуд, худ шакл напазирад ва агар юбусат набуд, шакл нигоҳ надорад. Ва чунон ки чун қалам кори хеш тамом бикард ва ҳаракати хеш ба сар бурд, сурати «бисмиллоҳ» бар вафқи он нақш, ки дар хизонаи хаёл будааст, падидор ояд, ба муовинати ҳоссаи чашм – ҳамчунин чун он ҳарорат ва бурудат ин уммаҳоти мураккаботро таҳрик кунад – ба муовинати малоика, сурати ҳайвон ва наботу ғайри он дар ин олам падидор ояд, бар вафқи он сурат, ки дар Лавҳ-ул-Маҳфуз аст. Ва чунон ки аввали кор дар ҷумлаи тан аз дил хезад, он гоҳ ба ҳама аъзо бипароканад, аввали корҳо дар
1 Ҷамъи «ватар», ба маънои «торҳо»; «мушакҳо».
2 Ҷамъи «ум» ба маънии «модар».
олами аҷсом дар Арш пайдо ояд ва аз Арш ба ҳама олами аҷсом расад.
Ва чунон ки он хосиятро аввал пазиранда дил аст ва дигар ҳама дуни вай, дилро изофате диҳад, то пиндоранд, ки ту сокини дилӣ, ҳамчунин чун истилои Ҳақ таъоло бар ҳама ба воситаи Арш аст, пиндоранд, ки Вай сокини Арш аст. Ва ҳамчунон ки чун ту бар дил муставлӣ шудӣ ва кори дил рост шуд, тадбири ҳама мамлакати тан битавонӣ кард, ҳамчунин чун Эзад – азза ва ало – ба офариниши Арш бар Арш муставлӣ шуд ва Арш рост биистод ва муставӣ шуд, тадбири мамлакат сохта шуд ва иборат чунин омад ки ки: «Иставо ъало-л-ъарши, йудаббиру-л-амра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё