Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Аммо олим агар хештанро холӣ кунад аз илми омӯхта ва дил бад-он машғул надорад, он илми гузашта вайро ҳиҷоб набошад ва мумкин бувад, ки ин фатҳ вайро барояд, ҳамчунон ки чун дил аз хаёлоту маҳсусот холӣ кунад, хаёлоти гузашта вайро ҳиҷоб накунад.
Ва сабаби ҳиҷоб он аст, ки чун касе эътиқоди аҳли суннат биёмӯхт ва далелҳои вай чунон ки андар ҷадал ва мунозира гӯянд, биёмӯхт ва ҳамагии хеш бад-он дод ва эътиқод кард, ки варои ин худ ҳеч илм нест ва агар чизе дигар дар дили вай ояд, гӯяд: «Ин хилофи он аст, ки ман шунидаам ва ҳар чи хилофи он аст, ботил бошад» мумкин нашавад, ки ин касро ҳаргиз ҳақиқати корҳо маълум шавад, ки:
Он эътиқод, ки авоми халқро биёмӯзанд, қолаби ҳақиқат бувад на айни ҳақиқат; маърифати тамом он бувад, ки ҳақоиқ аз он қолаб макшуф шавад, чунон ки мағзи аз пӯст.
Ва бидон, ки касе, ки тариқи ҷадал дар нусрати он эътиқод биёмӯзад, вайро ҳақиқате макшуф нашуда бошад; чун пиндорад ҳама он аст, ки вай дорад, ин пиндор ҳиҷоби вай гардад. Ва ба ҳукми он ки пиндор ғолиб шавад бар касе, ки чизе омӯхта бошад, ғолиб он бувад, ки ин қавм маҳҷуб бошанд аз ин дараҷа. Ва ин ҳоли ҷадалиён аст. Пас агар касе аз ин пиндор берун ояд, илм ҳиҷоби ӯ набошад ва он гоҳ чун ин фатҳ вайро барояд, дараҷаи вай ба ғояти камол расад ва роҳи вай эминтар бувад ва дурусттар бувад, ки касе, ки қадами вай дар илм росих нашуда бошад, бештар он бошад, ки муддате дароз дар банди хаёле ботил бимонад ва андак мояи шубҳате вайро ҳиҷоб кунад ва олим аз чунин хатар эмин бошад. Пас, маънии ин ки: «илм ҳиҷоб аст», бояд ки бидонӣ ва инкор накунӣ, чун аз касе шунида бошӣ, ки вай ба дараҷаи мукошифат расида бошад!
Аммо ин ибоҳатиён1 ва ин мабтуқони2 беҳосил, ки дар ин рӯзгор падид омадаанд ва ҳаргиз эшонро худ ин ҳол набудааст, валекин иборати чанд музайяф3 аз томоти4 сӯфиён бигирифтаанд ва шуғли эшон он бошад, ки хештанро ҳама рӯз мешӯянд ва ба фӯта (ҳулла, лунг) ва мураққаъ (либоси васладор) ва саҷҷода меороянд ва он гоҳ илмрову уламоро мазаммат мекунанд. Эшон куштанианд ва шайтони халқанд ва душмани Худову расуланд, ки Худову расул илмрову уламоро мадҳ гуфтаанд ва ҳама оламро ба илм даъват кардаанд, ин мудбари (нагунбахт) мутаввақи ибоҳатӣ, чун соҳиби ҳолате набошад ва илм ҳосил накарда бошад, вайро ин сухан кай раво бошад? Ва масали вай чун касе бошад, ки шунида бошад, ки кимиё аз зар беҳтар бувад, ки аз вай зар бениҳоят ояд, чун ганҷҳои зар пеши вай ниҳанд, даст ба вай набарад ва гӯяд: «Зар ба чӣ кор ояд ва вайро чӣқадр бошад; кимиё бояд, ки асл он аст», зар фаро наситонад ва кимиё худ ҳаргиз надониста бувад, мудбару муфлис ва гурусна бимонад; ва аз шодии ин сухан ки «ман худ бигуфтам, ки кимиё аз зар беҳтар бувад», тараб мекунад ва лоф мезанад.
Пас мисоли кашфи анбиёву авлиё чун кимиёст ва мисоли илми уламо чун зар аст ва соҳиби кимиёро бар ин соҳиби зар фазл аст бар ҷумла.
Валекин ин ҷо як дақиқаи дигар аст, ки агар касе чандон кимиё дорад, ки аз вай сад динор беш ҳосил наёяд, вайро фазл набошад бар касе, ки вай ҳазор динор зар дорад. Чунон ки кутуби кимиёву ҳадиси он ва толи-
1 Касоне, ки ба далоили ғайрисаҳеҳ ва номашрӯъ, мухолифати авомиру навоҳии шаръро ҷоиз ва мубоҳ медонанд.
2 Касоне, ки аз ҳавои нафс пайравӣ мекунанд.
3 Сохта, бофиреб.
4 Гуфторҳои парешон, ароҷиф.
би он бисёр аст ва ҳақиқати он дар рӯзгори дароз ба дасти ҳар касе наёяд ва бештар касоне, ки ба талаби он бархезанд, ҳосили эшон қаллобӣ бувад. Кори сӯфиён низ ҳамчунин бошад ва азиз (камёб) бувад ва он чи бувад, андак бувад ва нодир бувад, ки ба камол расад.
Пас, бояд ки бад-ин бишиносӣ, ки ҳар касро, ки аз ҳолати сӯфиён чизе падид меояд андак, вайро бар ҳама олам фазл набошад, ки бештари эшон он бошад, ки аз авоили кор бар эшон чизе пайдо ояд ва он гоҳ аз он бияфтад ва тамом нашавад. Ва баъзе бошад, ки савдоеву хаёле бар эшон ғолиб шавад ва онро ҳақиқате набошад ва эшон пиндоранд, ки он корест. Ва аз даҳ нӯҳ чунин бошад. Ва чунон ки дар хоб ҳақиқат аст ва азғоси аҳлом1 аст, дар он ҳол ҳамчунин бошад, балки фазли сирри уламо касеро бувад, ки андар он ҳол чунон комил шуда бошад, ки ҳар илм, ки бад-ин тааллуқ дорад, ки дигаронро ба тааллум бувад, вай худ бе тааллум бидонад ва ин сахт нодир бувад.
Пас бояд ки бо асли роҳи тасаввуф ва ба фазли эшон имон дорӣ ва ба сабаби ин мутаввиқони рӯзгор эътиқод дар эшон табоҳ накунӣ ва ҳар ки аз эшон дар илму уламо таън кунад, бидонӣ, ки аз беҳосилӣ кунад.
ФАСЛИ (ШОНЗДАҲУМ)
[Саодати одамӣ дар маърифати Худои таъоло аст] Ҳамоно гӯӣ: ба чӣ маълум шавад, ки саодати одамӣ дар маърифати Худои таъоло аст? Бидон, ки ин бад-он маълум шавад, ки бидонӣ, ки саодати ҳар чизе дар он аст, ки лаззату роҳати вай дар он бувад. Ва лаззати ҳар чизе дар он аст, ки муқтазои табъи вай бувад. Ва муқтазои табъи ҳар чизе он аст, ки вайро барои он офаридаанд; чунон ки лаззати шаҳват дар он аст, ки ба орзуи хеш расад ва лаззати ғазаб дар он аст, ки интиқом кашад аз душман ва лаззати чашм дар суратҳои некӯст ва лаззати гӯш дар овозҳову алҳони хуш аст. Ҳамчунин лаззати дил дар он аст, ки хосияти вай аст ва вайро барои он офаридаанд ва он маърифати ҳақиқати корҳост, ки хосияти дили одамист. Аммо шаҳвату ғазаб ва дарёфтани маҳсусот ба панҷҳавос, ин худ баҳоимрост.
Ва барои ин аст, ки одамӣҳар чи надонад, дар табъи вай тақозо ва таҷассуси он бувад, то бидонад; ва ҳар чиро донад, бад-он шод бошад ва табаҷҷӯҳ (шодӣ) кунад ва бад-он фахр оварад. Ва агар дар чизе хасис бувад – чун шатранҷ, масалан – агар касеро, ки донад, гӯянд, ки таълим ма-
1 Хобҳои парешон ва бемаънӣ.
кун, сабр душвор тавонад кардан ва аз шодии он ки бозии ғариб бидонист, хоҳад, ки он фахр изҳор кунад.
Ва чун бидонистӣ, ки лаззати дил дар маърифати корҳост, донӣ, ки маърифат ҳарчанд ба чизе бузургтар ва шарифтар бувад, лаззат бештар бувад, ки касе, ки вай аз асрори вазир хабар дорад, бад-он шод бувад; ва агар аз асрори малик хабар дорад ва андешаи вай дар тадбири мамлакат бидонад, бад-он шодтар бувад. Ва он кас ки ба илми ҳандаса шаклу миқдори осмонҳо бидонад, бад-он шодтар бувад аз он ки илми шатранҷ донад. Ва он кас ки донад, ки шатранҷ чун бояд ниҳод ва биниҳад, лаззат бештар аз он ёфт, ки он кас ки донад, ки чун бояд бозид (бозӣ кардан) ва ҳамчунин ҳарчанд маълум шарифтар, илми он шарифтар ва лаззати вай бештар.
Ва ҳеч мавҷуд шарифтар аз Он нест, ки шарафи ҳама мавҷудот ба Вай аст ва подшоҳу малики ҳама олам Ӯст ва ҳама аҷоиби олам осори сунъи Вай аст. Пас ҳеч маърифат аз ин маърифат шарифтар ва лазизтар нест ва ҳеч назора хуштар аз назораи ҳазрати Рубубият набошад. Ва муқтазои табъи дил он аст, барои он ки муқтазои табъи ҳар чиз хосияти вай бувад, ки вайро барои он офаридаанд; агар диле бошад, ки дар вай тақозои ин маърифат ботил шуда бошад, ҳамчун тане бошад бемор, ки дар вай тақозои ғизо ботил шуда бошад. Ва бошад, ки гул дӯсттар дорад аз нон ва агар вайро илоҷ накунанд, то шаҳвати табиӣ боз ҷои хеш ояд ва ин шаҳвати фосид аз вай бишавад, бадбахти ин ҷаҳон бошад ва ҳалок шавад. Ва он кас ки шаҳвати дигар чизҳо бар вай ғолибтар аз хоҳиши маърифати ҳазрати Илоҳият шудааст, бемор аст, агар илоҷ накунад, бадбахти он ҷаҳон бувад ва ҳалок шавад.
Ва ҳама шаҳватҳову лаззатҳои маҳсусот, ки ба тани банӣ Одам тааллуқ дорад, лоҷарам ба марг ботил шавад ва ранҷе, ки дар он бурда бошад, ботил шавад ба марг. Ва лаззати маърифат, ки ба дил тааллуқ дорад, ба марг азъофи он шавад, балки равшантар шавад ва лаззати азъофи он шавад, ки заҳмати дигар шаҳватҳо бархезад. Ва шарҳи он ба тамомӣ дар асли муҳаббат – дар охири китоб – пайдо карда шавад, ин шоаллоҳу таъоло.
ФАСЛИ (ҲАФДАҲУМ)
[Аҷоиби сунъи Худои таъоло дар тани одамӣ] Ин миқдор, ки гуфта омад аз аҳволи дили одамӣ, дар чунин китоб кифоят бувад; ва агар касе зиёдат шарҳе хоҳад, дар китоби «Аҷоиб-улқалб» гуфтаем. Ва бад-ин ҳар ду китоб ҳам одамӣ хештаншиноси тамом нагардад, ки ин ҳама шарҳи баъзе аз сифоти дил аст. Ва ин як рукн аст аз вай ва дигар рукни одамӣ тан аст. Ва андар офариниши тан низ аҷоиб бисёр аст ва андар ҳар узве аз зоҳиру ботини вай маонии аҷиб аст ва андар ҳар яке ҳикматҳои ғариб аст.
Ва андар тани одамӣ чанд ҳазор рагу пай ва устухон аст, ҳар яке бар шакле ва сифате дигар ва ҳар яке барои ғаразе дигар. Ва ту аз ҳама бехабар бошӣ, балки ин миқдор донӣ, ки: дасту пой барои гирифтан ва рафтан аст ва забон барои гуфтан аст. Аммо он ки чашм аз даҳ табақаи мухталиф таркиб кардаанд, ки агар аз даҳ яке кам шавад, дидор ба халал шавад, надонӣ ва надонӣ, ки он ҳар табақае барои чист ва ба чӣ ваҷҳ дар дидор бад-он ҳоҷат аст; ва миқдори чашм худ пайдост, ки чанд аст ва шарҳи илми вай дар муҷалладҳои бузург гуфтаанд! Балки агар ин надонӣ, аҷиб нест. Ва низ надонӣ, ки аҳшои ботин (аъзои дарунӣ) чун кабиду (ҷигар) тиҳолу (испурч) марора (талхадон) ва куля (гурда) ва ғайри он аз барои чист: кабид барои он аст, ки таомҳои мухталиф, ки аз меъда ба вай расад, ҳамаро як сифат гардонад, ба ранги хун, то шоистаи он шавад, ки ғизои ҳафт андом шавад ва чун хун дар ҷигар пухта шуд, пораи дурде аз вай бимонад ва он савдо бувад. Тиҳол барои он аст, то он савдо аз вай биситонад; ва бар сари вай кафе аз зардоб гардонад; ва он сафро бувад. Марорат барои он аст, то он сафро аз вай бикашад. Ва чун хун аз ҷигар берун ояд, тунуку рақиқ ва беқавом бувад, куля барои он аст, то об аз вай биситонад, то хун бесафрову бесавдо ва боқавом ба уруқ расад.
Агар мароратро офате расад, сафро бо хун бимонад; аз вай иллати ярақон хезад ва дигар иллатҳои сафроӣ дар вай падидор ояд. Ва агар тиҳолро офате расад, савдо бо хун бимонад; иллатҳои савдоӣ дар вай пайдо ояд. Ва агар куляро офате расад, об дар хун бимонад; истисқо падидор ояд.
Ва ҳамчунин ҳар ҷузверо аз аҷзои зоҳиру ботин барои коре офаридаанд, ки тан бе он ба халал бошад; балки тани одамӣ, бо мухтасарии вай, мисоле аст аз ҳама олам, ки аз ҳар чи дар олам офаридааст, андар вай намудгоре аст: устухон чун кӯҳ аст ва арақ чун борон аст ва мӯй чун дарахтон аст ва димоғ чун осмон аст ва ҳавос чун ситорагон аст. Ва тафсили ин низ дароз аст; балки ҳама аҷноси офаринишро дар вай мисоле аст:
чун хуку саг ва гургу сутур ва деву париву фаришта – чунон ки аз пеш гуфта омадааст. Балки аз ҳар пешаваре, ки дар олам аст, дар вай намудгоре дар аст: он қувват, ки дар меъда аст, чун таббох аст, ки таом ҳазм кунад; ва он, ки софии таомро ба ҷигар фиристад ва суфлро (таҳмонда) ба амъо (рӯдаҳо), чун ассор аст; ва он, ки таомро дар ҷигар хун кунад, рангрез аст; ва он, ки хунро дар сина шири сапед гардонад ва унсайайн (ду байза) нутфаи сафед гардонад, чун гозур (шӯянда) аст; ва он, ки дар ҳар ҷузве ғизо аз ҷигар ба хештан кашад, чун ҷаллоб (фурӯшандаи ғулом) аст; ва он, ки дар куля об аз ҷигар мекашад, то дар масона меравад, чун саққост; ва он, ки суфлро берун андозад, чун каннос аст; ва он ки сафрову савдо ангезад дар ботин, то танро табоҳ кунад, чун айёри (ҳарзагард, дузд) муфсид аст; ва он, ки сафрову иллатҳоро дафъ кунад, чун раиси одил аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё