Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Дили одамӣ дар ибтидои офариниш чун оҳан аст, ки аз вай оинаи равшан биёяд, ки ҳама олам дар вай биёяд – агар вайро чунон ки бояд, нигоҳ доранд – вагарна ҷумла зангор бихӯрад ва чунон шавад, ки низ аз вай оина наёяд, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Калло бал рона ъало қулубиҳим мо кону йаксибуна»5
.
ФАСЛИ (НӯҲУМ) [Чӣ гуна асли одамӣ гавҳари фариштагон аст]
1 Бузургӣ фурӯхтан.
2 Макру ҳила ва ҷангҷӯӣ.
3 Истеҳзо кардан.
4 Пас, наҷот нахоҳад ёфт, магар касе, ки биёяд пеши Худо бо диле салим.
5 Не не! Балки занг бастааст бар дили эшон, он чи мекарданд.
Ҳамоно гӯӣ, ки чун дар одамӣ сифати сибоъу баҳоим ва шаётину малоика дар аст, ба чӣ донем, ки асли вай гавҳари фариштагӣ аст ва дигарон ғарибанду ориз? Ва чӣ донем, ки вайро барои ахлоқи фариштагон офаридаанд, то он ҳосил кунад, на барои дигар сифот?
Бидон, ки ин бад-он шиносӣ, ки донӣ, ки одамӣ шарифтар ва комилтар аст аз баҳоиму сибоъ ва ҳар чизеро, ки камоле дода бошанд, ки он ниҳояти дараҷаи вай бувад вайро барои он офарида бошанд; мисоли он ки: асб аз хар шарифтар аст, ки харро барои бор кашидан офаридаанд ва асб барои давидан дар ҷангу ҷиҳод, то дар зери савор чунон ки мебояд, медавад ва мепӯяд ва вайро қуввати бор кашидан низ додаанд – ҳамчун хар; ва камоли зиёдат низ вайро додаанд, ки харро надодаанд.
Агар вай аз камоли хеш оҷиз ояд, аз вай полоне созанд ва бо дараҷаи хар афтад: ва ин ҳалок ва нуқсони вай бошад.
Ҳамчунин гурӯҳе пиндоштаанд, ки одамиро барои хӯрдану хуфтан ва ҷимоъ кардану таматтӯъ кардан офаридаанд: ҳама рӯзгор дар ин баранд!
Ва гурӯҳе пиндоранд, ки вайро барои ғалаба ва истилову мақҳур кардани дигар чизҳо офаридаанд, чун: арабу курду турк. Ва ин ҳар ду хатост, ки хӯрдану ҷимоъ кардан, рондани шаҳват бошад ва ин худ сутуронро додаанд ва хӯрдани шутур бештар аз хӯрдани мард аст ва ҷимоъи бунҷишк (гунҷишк) беш аз ҷимоъи одамӣ аст, пас, чаро одамӣ аз эшон шарифтар бошад? Ва ғалабаву истило ба ғазаб бошад ва ин сибоъро додаанд.
Пас, одамиро он чи сибоъро ва баҳоимро додаанд, ҳаст ва зиёдат аз он вайро камоле додаанд – ва он ақл аст, ки Худойро таъоло, бад-он бишиносад ва ҷумла сунъи вай бидонад ва бад-он хештанро аз дасти шаҳвату ғазаб бираҳонад. Ва ин сифати фариштагон аст ва бад-ин сифат вай бар баҳоиму сибоъ муставлӣ аст ва ҳама мусаххари вайанд, бо ҳар чи бар рӯи замин аст, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва саххара лакум мо... фӣ-ларзи ҷамиъан»1
.
Пас ҳақиқати одамӣ он аст, ки камоли вай ва шарафи вай бад-ӯст ва дигар сифатҳо ғариб ва ориятӣ аст ва эшонро ба муздуриву чокарии вай фиристодаанд ва барои ин аст, ки чун бимирад, на ғазаб монад ва на шаҳват монад. Ва вай монаду бас: иммо ҷавҳаре равшан ва нуронӣ, ороста ба маърифати Ҳақ таъоло, бар сурати малоика, то лоҷарам, рафиқи эшон бошад ва рафиқи «ал-малау-л-аъло» ин бошад. Ва эшон ҳамеша дар ҳазрати Илоҳият бошанд: «Фӣ мақъади сидқин ъинда Маликин
1 Мусаххар кард барои шумо тамоми он чиро дар замин аст.
муқтадирин»1. Ва иммо (ё, хоҳ) торику музлим ва нагунсор: торикӣ бадон ки зангор гирифта бошад аз зулмати маъсият; ва нагунсорӣ бад-он ки ором гирифта бошад бо ахлоқи шаҳвату ғазаб. Ва ҳар чи шаҳвати вай бувад, дар ин ҷаҳон бигузошта бошад. Ва рӯи дили вай аз сӯи ин ҷаҳон бошад, ки шаҳавот ва муроди вай инҷаҳонӣ бошад ва ин ҷаҳон зери он ҷаҳон аст: пас сари вай зер бувад ва нагунсор бошад. Ва маънии он ки гуфт: «Ва лав таро изи-л-муҷримуна нокису руусиҳим ъинда Раббиҳим»2 ин бошад. Ва касе, ки чунин бошад, бо шаётин ба ҳам дар сиҷҷин3 бошанд. Ва маънии «сиҷҷин» ҳар касе надонад: ва барои ин гуфт: «Ва мо адрока мо сиҷҷин»4
.
ФАСЛИ (ДАҲУМ)
[Аҷоиби олами дил] Аҷоиби оламҳои дилро ниҳоят нест ва шарафи вай бад-он аст, ки аҷибтар аз ҳама аст ва бештари халқ аз он ғофил бошанд. Ва шарафи вай аз ду дараҷа аст. Яке аз рӯи илм, дуввум аз рӯи қудрат. Аммо шарафи вай аз рӯи илм бар ду табақа аст: яке он аст, ки ҷумлаи халқӯро тавонад донистан ва дигар он аст, ки пӯшидатар аст ва ҳар кас нашиносад ва он азизтар аст. Аммо он чи зоҳир аст, он аст, ки вайро қуввати маърифати ҷумлаи илмҳо ва саноатҳост, то бад-он ҷумла саноатҳо бидонад ва ҳар чи дар китобҳост бархонад ва бидонад, чун илми ҳандасаву ҳисоб ва тиббу нуҷум ва улуми шариат. Ва бо он ки вай як чиз аст, ки қисмат напазирад, ин ҳама илмҳо дар вай гунҷад, балки ҳама олам дар вай чун заррае бошад дар биёбоне. Ва дар як лаҳза дар фикрат ва ҳаракати хеш аз саро (хок) ба ало шавад ва аз машриқ ба мағриб шавад; бо он ки дар олами хок боздошта аст, ҳама осмонро масоҳат кунад ва миқдори ҳар ситорае бишиносад ва масоҳат бигӯяд, ки чанд газ аст ва моҳиро ба ҳилат аз қаъри дарё барорад ва мурғро аз ҳаво ба замин оварад; ва ҳайвоноти боқувватро, чун пилу уштур ва асб, мусаххари хеш кунад. Ва ҳар чи дар олами аҷоибҳову илмҳост, пешаи вай аст. Ва ин ҷумла илмҳост, ки вайро аз роҳи панҷҳавос ҳосил шавад, бад-ин сабаб, ки зоҳир аст ва ҳамгинон роҳ ба вай донанд.
1 Дар нишастангоҳи ростин назди Подшоҳи муқтадир.
2 Ва агар бинӣ, ҳангоме ки гуноҳкорон сар ба зер бошанд назди Парвардигори хеш?
3 Ҷое дар дӯзах.
4 Ва надонӣ, ки «сиҷҷин» чист?
Ва аҷибтар он аст, ки андаруни дил равзане кушода аст ба олами маҳсусот, ки онро олами ҷисмонӣ гӯянд; ва олами малакутро рӯҳонӣ гӯянд. Ва бештари халқ олами ҷисмонии маҳсусро донанд ва ин худ мухтасар аст. Ва далел бар он ки андаруни дил равзане дигар аст улумро, ду чиз аст: яке хоб аст, ки дар хоб чун роҳи ҳавос баста гардад, он дари дарунӣ кушода шавад ва аз олами малакут ва аз Лавҳи Маҳфуз ғайб намудан гирад, то он чи дар мустақбал хоҳад будан бишиносад ва бибинад, иммо равшан, ҳамчунон ки хоҳад буд ва иммо ба мисоле ки ба таъбир ҳоҷат афтад. Ва аз он ҷо ки зоҳир аст, мардумон пиндоранд, ки касе бедор бувад, ба маърифат авлотар бувад ва ҳамебинад, ки дар бедорӣғайб набинад ва дар хоб бинад, на аз роҳи ҳавос. Ва шарҳи ҳақиқати хоб дар ин китоб мумкин нест.
Аммо ин қадар бибояд донист, ки масали дил чун оина аст ва масали Лавҳи Маҳфуз чун оина, ки сурати ҳама мавҷудот дар вай аст: чунон ки суратҳо аз як оина дар дигар афтад – чун дар муқобилаи он бидорӣ – ҳамчунин суратҳо аз Лавҳи Маҳфуз дар дил пайдо ояд; чун софӣ шавад, аз маҳсусот фориғ шавад ва бо вай муносибат гирад ва то ба маҳсусот машғул бувад, аз муносибат бо олами малакут маҳҷуб бувад. Ва дар хоб аз маҳсусот фориғ шавад, лоҷарам он чи дар гавҳари вай аст, аз мутолиаи малакут пайдо шудан гирад. Лекин агарчи ҳавос ба ҷиҳати хоб фурӯ истад, хаёл бар ҷои хеш бошад, бад-он сабаб бувад, ки он чи бинад дар кисвати мисол, хаёле бинад, сареҳу макшуф набошад ва аз ғитову пӯшиш холӣ набувад. Ва чун бимирад, на хаёл монад ва на ҳавос, он гоҳ корҳо беғитову бехаёл бинад ва бо вай гӯянд: «Фа кашафно ъанка ғитоака фа басарука-л-йавма ҳадидун»1 ва гӯяд «Раббано, абсарно ва самиъно фарҷиъно, наъмал солеҳан»2
.
Далели дигар он аст, ки ҳеч кас набошад, ки вайро фиросатҳо ва хотирҳои рост бар сабили илҳом дар дил наёмада бошад, он на аз роҳи ҳавос бошад, балки дар дил пайдо ояд ва надонанд, ки аз куҷо омад.
Ва бад-ин миқдор бишиносад, ки илмҳо ҳама аз роҳи маҳсусот нест, балки аз олами малакут аст ва ҳавос, ки вайро барои ин олам офаридаанд, лоҷарам ҳиҷоби вай бувад аз мутолиаи он олами малакут, то аз вай фориғ нашавад, бад-он олам роҳ наёбад, ба ҳеч ҳол.
ФАСЛИ (ЁЗДАҲУМ)
1 Пас баркушодем аз ту пардаи туро, пас чашми ту имрӯз тезбин аст.
2 Эй Парвардигори мо! Дидем ва шунидем, пас моро бозгардон, то кори нек кунем.
[Равзани дил дар бедорӣ низ ба олами малакут кушода гардад] Гумон мабар, ки равзани дил ба малакут бе хоб ва бе марг кушода нагардад, ки ин чунин нест! Балки агар дар бедорӣ касе хештанро риёзат кунад ва дилро аз дасти ғазабу шаҳват ва ахлоқи бад ва боисти (дархури) ин ҷаҳон берун кунад ва ҷои холӣ бинишинад ва чашм фароз кунад ва ҳавосро муаттал кунад ва дилро бо олами малакут муносибат диҳад, бадон ки «Аллоҳ-Аллоҳ» бардавом мегӯяд – ба дил, на ба забон, то чунон шавад, ки аз хештан бехабар шавад ва аз ҳама олам бехабар шавад ва аз ҳеч чиз хабар надорад, магар аз Худои азза ва ҷалла. Чун чунин шавад, агарчи бедор бувад, он равзан кушода шавад ва он чи дар хоб бинанд дигарон, вай дар бедорӣ бинад ва арвоҳи фариштагон дар суратҳои некӯ вайро падидор ояд ва паямбаронро дидан гирад ва аз эшон фоидаҳо ёбад ва мададҳо гирад ва малакути замину осмон ба вай намоянд.
Ва касеро, ки ин роҳ кушода шавад, коре азим бинад, ки дар ҳадди васф наёяд. Ва он ки расул алайҳиссалом гуфт: «Зуввият лийа-л-арзу фа урийту машориқаҳо ва мағорибаҳо»1 ва он ки Ҳақ таъоло гуфт: «Ва ка золика нурий Иброҳима малакута-с-самовоти ва–л-арзи ва ли йакуна мина-лмуқинина»2ҳам дар ин ҳол будаст. Балки улуми ҳама анбиё аз ин роҳ бувад, на аз роҳи ҳавосу таълим; ва бидояти ҳама муҷоҳида будааст, чунон ки Ҳақ субҳона ва таъоло гуфт: «Ва-зкури-сма Раббика ва табаттал илайҳи табтилан» яъне: «аз ҳама чизҳо пок гардад ва гусаста ва ҳамагии худ ба Вай деҳ ва ба тадбири дунё машғул магард, ки Ӯ худ кори ту рост кунад». «Раббу-л-машриқи ва-л-мағриби ло илоҳа илло Ҳува фа-ттахизҳу вакилан»3 ва чун вайро вакил кардӣ, ту фориғ гард ва бо халқ маёмез ва дар эшон маёвез. «Ва-сбир ъало мо йақулуна ва-ҳҷурҳум ҳаҷран ҷамилан»4
.
Ин ҳама таълими риёзат ва муҷоҳидат аст, то дил софӣ шавад аз адовати халқ ва аз шаҳвати дунёву аз машғалаи маҳсусот. Ва роҳи сӯфиён ин аст ва ин роҳи нубувват аст. Аммо илм ҳосил кардан ба тариқи тааллум роҳи уламост ва ин низ бузург аст, лекин мухтасар аст ба изофат бо роҳи нубувват ва илми анбиёву авлиё, ки бе воситаи таълими одамиён, аз ҳазрати ҳақ бар дилҳои эшон мерезад. Ва дурустии ин роҳҳам ба таҷрибат маълум
1 Печида ва тумор шуд барои ман замин, пас нишон дод ба ман машриқҳо ва мағрибҳои онро.
2 Ва ҳамчунин менамоем бо Иброҳим малакути осмонҳо ва заминро, барои он ки бошад аз яқинкунандагон.
3 Парвардигори ховару бохтар, нест Худое ҷуз Ӯ, пас Ӯро вакил қарор деҳ.
4 Ва шикебоӣ кун бар он чи мегӯянд ва дурӣ кун аз эшон – дурӣ кардане некӯ.
шудааст халқи бисёрро ва ҳам ба бурҳони ақлӣ. Агар туро ба завқ ин ҳосил нашудааст ва ба таълим низ ҳосил нашудааст ва ба бурҳони ақлӣ маълум нагаштааст, боре камтар аз ин набувад, ки бад-ин имон дорӣ ва тасдиқ кунӣ, то аз ҳар се дараҷа маҳрум набошӣ ва кофир нагардӣ. Ва ин аз аҷоиби аломатҳои дил аст ва бад-ин шарафи дили одамӣ маълум шавад.

пешина
аз 176
навбатӣ