Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

2 Ин каломи Парвардигори ман аст, ин каломи Парвардигори ман аст.
ка Анта-л-ъазизу-л-ҳакиму»1 ва «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» бист бор иодат кард. Ва Саид ибни Ҷубайр шабе дар ин оят кард, ки: «Ва-мтозу-лйавма аййуҳа-л-муҷримуна»2. Ва агар ояте мехонад ва маънии ояте дигар меандешад, ҳаққи он оят нагузорда бошад.
Омир ибни Қайс аз васвос гила мекард, гуфтанд: «Он ҳадиси дунё бошад». Гуфт: «Агар корд дар синаи ман кунанд, бар ман осонтар аз он ки дар намоз ҳадиси дунё андешам, валекин дил машғул ояд, ки пеши Ҳақ таъоло чун истам ва чун боз гардам?». Ин аз ҷумлаи васвос медонист, ба ҳукми он ки ҳар калима, ки дар намоз мехонад, бояд ки ҷуз он маънӣ дар он вақт ҳеч чиз наяндешад; ва чун андешаи дигар бувад, агар чи ҳам аз дин бувад, васвос бувад, балки бояд ки дар ҳар ояте ҷуз аз маонии вай наяндешад. Ва чун оёти сифоти Ҳақ таъоло хонад дар асрори сифот тааммул кунад, то маънии «қуддус» ва «азиз» ва «ҷаббор» ва «ҳаким» ва амсоли ин чист? Ва чун оёти афъол хонад, чун «Халақа-с-самовоти ва–ларза»3, аз аҷоиби халқ, азамати Холиқ фаҳм кунад ва камоли илм ва қудрати Вай бишиносад, то чунон шавад, ки дар ҳар чи нигарад Ҳақро бинад ва аз Вай бинад ва ҳама ба Вай бинад. Ва чун ин оят хонад, ки:
«Инно халқно-л-инсона мин нутфатин»4 ва дар аҷоиби нутфа андешад, ки як қатра оби яксифат; аз вай чӣ гуна чизҳои мухталиф падид ояд, чун гӯшту пӯст ва рагу устухон ва ғайри он; ва он гоҳ аз вай аъзо, чун сару дасту пой ва чашму забон ва ғайри он, чун офарида шуд; ва он гоҳ аҷоиби ҷавоҳири маонӣ, чун самъу басар ва ҳаёт ва ғайри он чун офарида шуд ва чун падид омад?
Ва маънии Қуръон ҳама шарҳ кардан душвор бувад ва мақсуд аз ин танбеҳ бар ҷинси тафаккур дар Қуръон ва маонии Қуръон се танро зоҳир нашавад: яке он ки аввал тафсири Қуръони зоҳир нахонда бошад ва арабият нашинохта бошад; дигар он ки аз гуноҳе бузург аз кабоир мусирр (исрор ва майли шадид дошта) бошад, яъне бидъате эътиқод карда бошад ва дили вай торикшуда бувад ба зулмати бидъат5 ва маъсият; ва дигар он ки дар калом эътиқоде хонда бошад ва ба зоҳир истода ва ҳар чи ба хилофи он ба дили вай бигузарад, аз он нафрат гирад ва мумкин нагардад, ки ин кас ҳаргиз аз он зоҳир фаротар шавад.
Адабипанҷум
1 Агар ононро ранҷ диҳӣ, бандагони Туанд ва агар ононро биёмурзӣ, Ту азизу доноӣ.
2 Ва ҷудо шавед имрӯз, эй гуноҳкорон.
3 Осмонҳо ва заминро офарид.
4 Ба дурустӣ ки офаридем одамиро аз нутфа.
5 Ниҳодани қоидаҳое дар дин, ки дар шаръ набудааст.
Он ки дили вай ба сифатҳои мухталиф мегардад – чунон ки маонии оят мегардад: чун ба оёти хавф расад, ҳама дили вай бим ва зорӣ гардад ва чун ба оёти раҳмат расад, кушодагӣ ва хуррамӣ дар вай падид ояд; ва чун сифоти Ҳақ таъоло шунавад, айни тавозӯъ ва шикастагӣ гардад; ва чун муҳолоти куффор шунавад, ки дар ҳаққи Худои таъоло гуфтаанд – чун шарик ва фарзанд, овоз нармтар кунад ва бо шарму хиҷолат хонад.
Ва ҳамчунин ҳар оятеро маъние аст. Ва он маъниро муққтазое аст; бояд ки бад-он сифат мегардад, то ҳаққи оят гузорда бошад.
Адабишашум
Он ки Қуръон чунон шунавад, ки аз Ҳақ таъоло шунавад; ва тақдир кунад, ки аз Вай мешунавад дар ҳол. Ва яке аз бузургон мегӯяд: «Ман Қуръон мехондам ва ҳаловати он менаёфтам, то тақдир кардам, ки аз расул мешунавам, пас, аз он фаротар шудам: тақдир кардам, ки аз Ҷабраил мешунавам ва ҳаловати зиёдат ёфтам, пас, фаротар шудам ва ба манзалати меҳин расидам: ва акнун чунон мехонам, ки аз Ҳақ таъоло мешунавам – бевосита – ва акнун лаззате меёбам, ки ҳаргиз наёфта будам».
АСЛИ НУҲУМ
Зикри Ҳақ таъоло аст
Бидон, ки лубоб ва мақсуди ибодот ёдкарди Ҳақ таъоло аст, ки имоди мусалмонӣ намоз аст ва мақсуди вай зикри Ҳақ таъоло аст, чунон ки гуфт: «Инна-с-салота танҳо ъани-л-фаҳшои ва-л-мункари ва ла зикруллоҳи акбару1». Ва Қуръон хондан фозилтарин ибодот аст, ба сабаби он ки сухани Ҳақ таъоло аст ва музаккир (ёдоваранда) аст. Ва ҳар чи дар вай аст, ҳама сабаби тоза гардонидани зикри Ҳақ таъоло аст. Ва мақсуд аз рӯза касри шаҳавот аст; то чун дил аз заҳмати шаҳват халос ёбад, софӣгардад ва қароргоҳи зикр шавад, ки чун дил ба шаҳавот оганда (пур) бошад, зикр аз вай мумкин нашавад ва дар вай асар накунад. Ва мақсуд аз ҳаҷ, ки зиёрати Хонаи Худой аст ҷалла ҷалолуҳу зикр аст Худованди Хонаро ва таҳйиҷи шавқ ба лиқои Ӯ.
Пас, сирр ва лубоби ҳама ибодот зикр аст. Пас, асли мусалмонӣ калимаи «ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун расулуллоҳи» аст; ва вай айни
1 Ба дурустӣ ки намоз бозмедорад аз зиштию адӣ; ва хароина ёди Худо бузургтар аст.
зикр аст. Ва ҳама ибодоти дигар таъкиди зикр аст. Ва ёдкарди Ҳақ таъоло туро самараи зикри ту аст. Ва барои ин гуфт Ҳақ таъоло: «Фа-зкурунӣ азкуркум» – «Маро ёд кунед, то Ман шуморо ёд кунам». Ва ин ёдкард бардавом мебояд; ва агар бардавом набувад, дар бештари аҳвол мебояд, ки фалоҳ (растагорӣ) дар вай баста аст ва барои ин гуфт: «Ва-зкуруллоҳа касиран, лаъаллакум туфлиҳуна», мегӯяд: «Агар умеди фалоҳ медоред, калиди вай зикри бисёр аст на андак ва дар бештари аҳвол, на дар камтарӣ». Ва барои ин гуфт: «Ал–лазина йазкуруналлоҳа қийоман ва қуъудан ва ъало ҷунубиҳим»: сано бар ин қавм кард, ки эшон барпой ва нишаста ва хуфта дар ҳеч ҳол ғофил набошанд. Ва гуфт: «Ва-зкур Раббака фӣ нафсика тазарруъан ва хийфатан ва дуна-л-ҷаҳри мина-л-қавли би-л-ғудувви ва-л-осоли ва ло такун мина-л-ғофилина». Гуфт: «Варо ёд кун ба зорӣ ва ба биму ба тарс, бомдоду шабонгоҳ ва ба ҳеч вақт ғофил мабош».
Ва расулро алайҳиссалом пурсиданд, ки: «Аз корҳо чӣ фозилтар?».
Гуфт: «Он ки бимирӣ ва забони ту тар бувад ба зикри Ҳақ таъоло». Ва гуфт: «Огоҳ накунам шуморо аз беҳтарин аъмоли шумо ва пазируфтатарин наздики Подшоҳҷалла ҷалолуҳу ва бузургтарин дараҷоти шумо; ва он чи баҳтар аст аз зару сим ба садақа додан; ва беҳтар аз ҷиҳод кардан ба душманони Худой, агарчи гарданҳои шумо бизананд ва шумо гарданҳои эшон бизанед?». Гуфтанд: «Он чист, ё расулуллоҳ?». Гуфт:
«Зикри Аллоҳ», яъне ёд кардани Ҳақ таъоло. Ва гуфт: «Ҳақ таъоло мегӯяд: «Ҳар ки зикри Ман вайро аз дуо машғул кунад, атои вай наздики Ман бузургтар ва фозилтар аз атои соилон бошад». Ва гуфт: «Зикри Худои таъоло дар миёни ғофилон чун зинда аст миёни мурдагон ва чун дарахти сабз аст дар миёни гиёҳҳои хушк; ва чун ғозӣ аст, ки ба ҷанг биистад миёни гурехтагон». Ва Муоз ибни Ҷабал разийаллоҳу анҳу мегӯяд, ки: «Аҳли биҳишт бар ҳеч чиз ҳасрат нахӯранд, магар бар як соат, ки дар дунё бар эшон гузашта бошад, ки зикри Ҳақ таъоло накарда бошад».
Ҳақиқати зикр
Бидон, ки зикрро чаҳор дараҷа аст.
Аввал – он ки ба забон бошад ва дил ғофил ва асари ин заиф бувад, валекин ҳам аз асар холӣ набошад. Чи забонеро, ки ба хидмат машғул бошад, фазл бувад бар забоне, ки ба беҳуда машғул гардад, ё муаттал бигузорад.
Дуввум – он ки дар дил бувад, валекин мутамаккин набувад ва қарор нагирифта бошад ва чунин бувад, ки дилро ба такаллуф бар он бояд дошт, то агар он ҷаҳд ва такаллуф набувад, дил ба табъи хеш шавад аз ғафлату ҳадиси нафс.
Сеюм дараҷа – он ки зикр қарор гирифта бошад дар дил ва муставлӣ шуда ва мутамаккин гашта, чунон ки ба такаллуф вайро ба кори дигар бояд кард: ва ин азим бувад.
Чаҳорум дараҷа – он бувад, ки муставлӣ бар дил мазкур буваду бас:
ва он Ҳақ таъоло аст на зикр, ки фарқ бувад миёни он ки ҳамагии дил дӯст дорад ва миёни он ки зикр дӯст дорад, балки камол он аст, ки зикру огоҳӣ аз дил бишавад ва мазкур монаду бас, ки зикр тозӣ бувад ё порсӣ.
Ва ин ҳар ду аз ҳадиси нафс холӣ набошад, балки айни ҳадис бувад. Ва асл он аст, ки дил аз ҳадиси порсӣ ва тозӣҳар чи ҳаст, холӣ шавад ва ҳама Вай гардад, ки ҳеч чизи дигарро бар вай гунҷ намонад. Ва ин натиҷаи муҳаббати муфрит бувад, ки онро ишқ гӯянд ва ошиқи гарм рӯҳамагӣ ба маъшуқ дорад ва бошад, ки аз машғулӣ, ки бо вай бошад, номи вай фаромӯш кунад. Ва чун чунин мустағрақ шавад ва худро аз ҳар чиро, ки ҳаст – ҷуз Ҳақ таъоло – фаромӯш кунад, ба аввали роҳи тасаввуф расад.
Ва ин ҳолатро сӯфиён «фано» гӯянд ва «нестӣ» гӯянд, яъне ки ҳар чи ҳаст, аз зикри Вай нест гашт ва он ҳам нест гашт, ки худро низ фаромӯш кард. Ва чунон ки Худойро таъоло оламҳост, ки моро ҳеч аз он хабар нест ва он дар ҳаққи мо нест аст, ҳасти мо он аст, ки моро аз он огоҳӣ аст ва аз он хабар аст. Чун ин оламҳо, ки ҳасти халқ аст, касеро фаромӯш шуд, вай нест гашт. Ва чун худии худро фаромӯш кард, вай низ дар ҳаққи худ нест гашт. Ва чун бо вай ҳеч чиз намонд, магар Ҳақ таъоло, ҳасти вай Ҳақ бошаду бас. Ва чунон ки ту нигоҳ кунӣ ва осмону замин ва он чи дар вай аст, беш набинӣ, гӯӣ, олам беш аз ин нест ва ҳама ин аст, ин кас низ ҳеч чизро набинад, ҷуз Ҳақ таъоло ва гӯяд: ҳама Ӯст ва ҷуз Вай худ нест. Ва бад-ин ҷойгоҳҷудоӣ аз миёни вай ва Ҳақ бархезад ва ягонагӣҳосил ояд. Ва ин аввали олами тавҳид ва ваҳдоният бошад, яъне ки хабари ҷудоӣ бархезад, ки вайро аз Худои таъоло дурӣ ва огоҳӣ набошад, ки ҷудоӣ касе донад, ки ду чизро бидонад: худро ва Худоро; ва ин кас дар ин ҳол аз худ бехабар аст ва ҷуз як намешиносад, ҷудоӣ чун донад? Ва чун бад-ин дараҷа расид, сурати малакут бар вай кашф шудан гирад ва арвоҳи малоикаву анбиё ба суратҳои некӯ варо намудан гирад ва он чи хости ҳазрати Илоҳият аст, пайдо омадан гирад. Ва аҳволи азим пайдо ояд, ки аз он иборат натавон кард. Ва чун ба худ ояд ва гоҳе корҳо падид ояд, асари он бо вай бимонад; ва шавқи он ҳолат бар вай ғолиб шавад; ва дунё ва ҳар чи дар дунёст ва ҳар чи халқ дар онанд, дар дили вай нохуш ояд; ва ба тан дар миёни мардумон бошад ва ба дил ғоиб. Ва аҷаб медорад аз мардумон, ки ба корҳои дунё машғуланд ва ба назари раҳмат бад-эшон менигарад, ки медонад, ки аз чӣ кор маҳрум мондаанд.
Ва мардумон бар вай механданд, ки чаро вай низ ба кори дунё машғул нест ва гумон мебаранд, ки магар вайро ҷунуне ва савдое падид хоҳад омаду бас. Агар касе ба дараҷаи фано ва нестӣ нарасад ва ин аҳвол ва мукошифот вайро пайдо наёяд, лекин зикр бар вай ғолиб ва муставлӣ гардад, ин низ кимиёи саодат бошад, ки чун зикр ғолиб шуд, оташи муҳаббат муставлӣ шуд, то чунон шавад, ки Ҳақ таъолоро аз ҳама дунё ва он чи дар вай аст дӯсттар дорад.
Ва асли саодат ин аст, ки чун марҷаъ ва масир ба Ҳақ хоҳад буд, ба марг камоли лаззати мушоҳидаи Вай бар қадри муҳаббат бувад. Ва он касро, ки маҳбуб дунё бошад, ранҷу дарде дар фироқи дунё дархури ишқи вай бувад дунёро, чунон ки дар унвони мусалмонӣ гуфтаем.

пешина
аз 176
навбатӣ