Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

1 Шохи гӯсфанду гов ва ҷуз он.
2 Баччаи гов, гӯсфанд ва шутур.
Шарти сеюм – он ки бад-он мол тавонгар бошад ва дар тасарруфи вай бувад, аммо агар гум шуда бошад ё золиме аз вай ситада бошад, бар вай закот набошад, магар ки ҷумлаи ҳар фоида, ки аз вай ҳосил омада бошад, бар вай расад; он гоҳ закоти гузашта воҷиб ояд. Ва агар касе чандон, ки мол дорад, вом (қарз) дорад: дуруст он аст, ки бар вай закот набувад, ки вай ба ҳақиқат дарвеш бувад.
Шарти чаҳорум – он ки нисобе1 бошад, ки бад-он миқдор тавонгар бошад, ки аз миқдори андак тавонгарӣҳосил нашавад.
Аммо шутур, то панҷ нашавад, закот воҷиб наёяд; ва дар панҷ як гӯсфанд воҷиб ояд ва дар даҳ шутур ду гӯсфанд воҷиб ояд ва дар понздаҳ шутур – се гӯсфанд ва дар бист – чаҳор. Ва ин гӯсфанд яксола кам нашояд ва агар буз бувад, дусола кам нашояд. Чун бисту панҷ шутур шавад, шутури яксолаи мода воҷиб ояд, агар надорад, дусолаи нар ба ҷои вай биистад. Ва то сиву шаш нашавад ҳеч чиз воҷиб наёяд ва дар сиву шаш модаи дусола воҷиб ояд ва дар чиҳилу шаш – модаи сесола ва дар шасту як – модаи чаҳорсола ва дар ҳафтоду шаш – ду модаи дусола ва дар наваду як – ду модаи сесола ва дар саду бисту як – се модаи дусола. Ва пас аз ин ҳисоб қарор гирад: дар ҳар панҷоҳе – сесолаи мода ва дар ҳар чиҳиле – модаи дусола.
Аммо гов; дар вай ҳеч чиз воҷиб нашавад, то сӣ нашавад; он гаҳ дар вай яксолае воҷиб шавад; ва дар чиҳил – дусолае; ва дар шаст – ду яксола; ва пас аз ин ҳисоб қарор гирад: дар ҳар чиҳил – дусолае; ва дар сӣ – яксолае.
Аммо гӯсфанд: дар чиҳил – яке; ва дар саду бисту як – ду; ва дар дувисту як – се; ва дар чаҳорсад – чаҳор; ва пас аз ин ҳисоб кунад ва дар ҳар саде – яке; ва яксола кам нашояд. Ва чун ду кас гӯсфанд дар ҳам омехта доранд ва ҳар ду аз аҳли закот бошанд, ки яке кофир ё мукотиб2 набошад, ҳар ду чун як мол бошанд: то агар ҳар ду чиҳил беш надоранд, бар ҳар як ним гӯсфанд воҷиб ояд ва агар саду бист доранд, ҳар ду ба ҳам як гӯсфанд кифоят бувад.
Навъи дуввум
Закоти муашшарот бувад
Ҳар киро ҳаштсад ман гандум бувад, ё ҷав, ё мавиз, ё хурмо, ё чизе, ки қути (ғизо) қавме бошад, ки бад-он кифоят тавонанд кард: чун мулк (донае
1 Ҳадде, ки чун бад-он ҳадд расад, закот воҷиб ояд.
2 Бандае, ки бо молики худ қарор гузордааст, пас аз пардохти баҳои худ озод шавад.
аз ҷинси мош) ва биринҷ ва нахӯд ва боқиливу ғайри он, ушр (даҳяк) бар вай воҷиб ояд. Ва ҳар чи қут набувад: чун пунбаву ҷавз (чормағз) ва катону меваҳои дигар, дар вай ушр набувад. Ва агар чаҳорсад ман гандум ва чаҳорсад ман ҷав бувад, лозим наёяд, ки нисоб аз як ҷинс бояд ки бувад; ва агар оби ҷӯй ва корез набошад, балки оби бадбӯ диҳад, ними даҳяк беш воҷиб наёяд. Ва нашояд, ки ангур ва рутаб (хурмои тоза) диҳад, балки мавизу хурмо диҳад, магар чунон бувад, ки аз ӯ мавиз наёяд, он гоҳ раво бувад. Ва бояд ки чун ангур ранг гирифт ва донаи гандум ва ҷав сахт шуд, дар он ҳеч тасарруф накунад, то нахуст ҳазр кунад1 ва бидонад, ки насиби дарвешон чанд аст. Он гоҳ чун он миқдор дарпазируфт ва бидонист, агар тасарруф кунад, дар ҷумла раво бошад.
Навъи сеюм
Закоти зару сим аст
Дар дувист дирам нуқра панҷ дирам воҷиб ояд – ба охири сол; ва дар бист динор зари холис – ним динор; ва он чаҳоряки даҳяк бошад ва чандон ки меафзояд, ҳам бад-ин ҳисоб бувад. Ва дар нуқраву ханури (зарф) заррину симин ва сохти (асбобу афзори асб) зар ва он зар, ки бар шамшер бошад ва давол ва ҳар чи раво набошад доштан, дар ҳама воҷиб ояд.
Аммо пирояе, ки раво бошад доштан марду занро, дар вай закот воҷиб наёяд.
Навъи чаҳорум
Закоти тиҷорат аст
Чун миқдори бист динор чизе ба нияти тиҷорат харад ва сол тамом шавад, ҳамон закоти нақд воҷиб ояд ва ҳар чи суд карда бошад дар миёни сол, дар ҳисоб ояд. Ва охири ҳар соле бояд ки қимати мол маълум кунад: он гоҳ агар сармоя дар асл зар будааст ё сим, ҳам аз он бидиҳад ва агар ба нақд нахарида бошад, аз он нақд, ки дар шаҳр ғолибтар бошад, бидиҳад. Ва чун матоъе дорад ва нияти тиҷорат кунад ё бад-он чизе бихарад, аввали сол дарнаёяд, закот воҷиб нашавад; аммо агар нақд бувад ва нисобе бувад аввали сол, он вақт мулк нисоб бувад; ва ҳар гоҳ дар миёни сол азми тиҷорат ботил кунад, закот воҷиб нашавад.
Навъи панҷум
1 Тахмин кардан ва ба ҳадс миқдор ва вазнро муайян кардан.
Закоти фитр аст
Ҳар мусалмоне, ки шаби иди фитр беш аз қути хеш ва қути иёли хеш ки дар рӯзи ид ба кор барад, чизе зиёдат дорад – берун аз (ғайр аз, ба ҷуз) сарой ва ҷома ва он чи лобуд бувад – бар вай соғе тамом аз он ҷинс, ки мехӯрдааст, воҷиб ояд: ва он се ман бошад, кам сеяки мане. Ва агар гандум хӯрда бошад, ҷав нашояд ва агар ҷав хӯрда бошад, гандум шояд.
Ва агар аз ҳар ҷинсе хӯрда бошад, беҳтарин бидиҳад; ва бадали гандум орад ва ғайри он нашояд ба наздики Шофеӣ разийаллоҳу анҳу. Ва ҳар ки нафақаи вай бар вай воҷиб ояд, садақаи фитри вай воҷиб ояд: чун падару модару фарзанд ва банда; ва закоти бандаи муштарак бар ҳар ду шарик бувад; ва закоти бандаи кофир воҷиб набувад; ва агар зан закоти хеш диҳад, шояд; ва агар шавҳар бе дастурии (иҷоза) ӯ бидиҳад, раво бувад.
Ин қадар аз аҳкоми закот лобуд донистанӣ аст, то агар берун аз ин воқеае афтад, бидонад, ки бибояд пурсид.
Кайфият ба додани закот
Бояд ки панҷ чиз нигоҳ дорад дар закот додан:
Яке он ки нияти закот фариза бикунад; ва агар вакиле фаро дорад, дар вақти тавкил (вакил кардан) ният кунад, ё вакилро дастурӣ диҳад, то ба вақти додан ният кунад. Ва чун валӣ закоти моли тифл диҳад, ният кунад.
Дуввум он ки чун соле тамом шуд, шитоб кунад, ки таъхир бе узре нашояд. Ва закоти фитр аз рӯзи ид нашояд таъхир кардан ва таъҷили он дар рамазон раво бувад ва пеш аз рамазон нашояд. Ва таъҷили закоти мол дар ҷумлаи сол шояд, ба шарти он, ки ситонанда то охири сол дарвеш бимонад. Агар пеш аз сол бимирад, ё тавонгар шавад, ё муртад (аз дин баргашта) шавад, закот дигарбора бибояд дод.
Саввум он ки закоти ҳар ҷинсе аз он ҷинс диҳад: агар зар бадали сим диҳад ва гандум бадали ҷав ё моле дигар ба миқдори қимат, ба мазҳаби шофеӣ раво набошад.
Чаҳорум он ки садақа ҷое диҳад, ки мол он ҷо бошад, ки дарвешон чашм дар моли ӯ доранд ва агар ба шаҳре дигар диҳад, дуруст он аст, ки закот аз ӯ бияфтад.
Панҷум он ки закот бар ҳашт қавм қисмат кунад, он миқдор, ки бувад: чунон ки аз ҳар қавме се тан кам набошад, ҷумла бисту чаҳор бишавад. Агар як дирам закот бувад, ба мазҳаби шофеӣ, воҷиб бувад, ки бадин ҳама расонад. Ва ба ҳашт қисми баробар бикунад. Он гоҳҳар як қисм миёни се тан қисмат кунад, ё зиёдат, чунон ки хоҳад, агарчи баробар набувад. Ва дар ин рӯзгор се қавм камтар бояд: ғозӣ ва муаллафа ва омили закот; аммо фақиру мискин ва мукотиб ва ибну-с-сабил ва вомдор бояд.
Пас ҳар касеро закот ба понздаҳ кас кам набояд дод – ба наздики Шофеӣ
– разийаллоҳу анҳу. Ва мазҳаби шофеӣ дар ин ду масъала душвор аст:
он, ки бадал нашояд ва он, ки ба ҳама бояд расонид. Ва бештари мардумон ба мазҳаби Абӯҳанифа мегиранд дар ин ду масъала; ва мо умедворем, ки бад-ин маъхуз (масъул) набошанд, ин шоаллоҳу таъоло.
Пайдо кардани синфи ин ҳашт гурӯҳ
Синфи аввал – фақир аст. Ва ин касе бувад, ки ҳеч чиз надорад ва ҳеч касб натавонад кард. Агар қути рӯз тамом дорад ва ҷомаи тан тамом дорад, фақир набувад ва агар қути як рӯз ва як нима беш надорад, вале пироҳан дорад, бе дастор (салла, рӯмол, миёнбанд) ё дастор дорад, бе пироҳан, дарвеш бувад. Ва агар касб ба олат тавонад кард ва ҳеч олат надорад, дарвеш бувад. Ва агар толиби илм аст ва агар ба касб машғул шавад, аз он боз монад, дарвеш бувад ва бад-ин дарвешӣ камтар ёбад, магар атфолро. Тадбир он бувад, ки дарвеши муъил талаб кунанд ва ҳиссаи (саҳм, қисмат) фақир аз ҷиҳати атфол бад-ӯ таслим кунад.
Синфи дуввум – мискин аст. Ва ҳар киро харҷи муҳим аз дахл беш бувад, ӯ мискин бошад ва агарчи сарой ва ҷома дорад, валекин кифояти яксола надорад ва касби ӯ бад-он вафо накунад, раво бувад, ки чандоне бад-ӯ диҳанд, ки кифояти соле тамом шавад; фарш ва ханури хонаву кутуб дорад, чун бад-он мӯҳтоҷ бувад, мискин бувад ва агар зиёдат аз ҳоҷат дорад, мискин набувад.
Синфи саввум – касоне бошанд, ки закот ҷамъ кунанд ва ба дарвеш расонанд: музди эшонро аз закот бидиҳанд.
Синфи чаҳорум – муаллафа бошанд. Ва ин мӯҳташаме1 бошад, ки мусалмон шавад, агар моле ба вай диҳанд ва дигаронро рағбат афтад, ки ба сабаби он мусалмон шаванд.
Синфи панҷум – мукотиб бувад. Ва ин бандагон бошанд, ки хештан боз харанд ва баҳои худ ба хоҷаи (соҳиб) хеш расонанд.
Синфи шашум – касе бувад, ки вом дорад, ки на ба маъсияте ба кор бурда бошад ва дарвеш бувад, ё тавонгар бувад, валекин вом барои
1 Шахси бузург ва маъруф ва соҳиби исму расм.
маслиҳате карда бошад, ки бад-он фитнае бинишинад.
Синфи ҳафтум – ғозиёне бошанд, ки эшонро аз девон ҷомагӣ (моҳона) набувад: агарчи тавонгар бошанд, сози роҳ (харҷи сафар) аз закот бад-эшон бидиҳанд.
Синфи ҳаштум – мусофир, ки зоди роҳ надорад – роҳгузаре бошад ё аз шаҳри хеш ба сафаре равад, ба қадри зоду киро (кироя) бад-ӯ диҳанд. Ва ҳар ки гӯяд: «ман дарвешам ё мискинам», раво бувад, ки ба қавли ӯ фаро гиранд, чун маълум набошад, ки дурӯғ мегӯяд; аммо мусофиру ғозӣ агар ба сафару ғазв (ҷанг, ҷиҳод) наравад, закот аз эшон бозбояд ситад; аммо дигар синфҳо аз қавли мӯътамадон (ашхоси дуруст ва тарафи эътимод) маълум шавад.
Асрори закот додан
Бидон, ки ҳамчунон ки намозро суратест ва ҳақиқате, ки он рӯҳи сурат аст, закот ҳамчунин аст. Ва чун касе сирру ҳақиқати закот надонад, закот сурате бувад берӯҳ. Ва сирри ӯ се аст:
Яке он ки халқ маъмуранд ба муҳаббату дӯстии Ҳақ таъоло ва ҳеч мӯъмин нест, ки на ин даъво кунад, балки маъмуранд бад-он ки ҳеч чизро дӯсттар аз Худой надоранд, чунон ки дар Қуръон ҳамегӯяд: «Қул: ин кона обоукум ва абноукум ва ихвонукум ва азвоҷукум ва ъаширатукум ва амволун-иқтарафтумуҳо ва тиҷоратун тахшавна касодаҳо ва масокину тарзавнаҳо аҳабба илайкум миналлоҳи ва расулиҳи ва ҷиҳодин фӣ сабилиҳи, фа тараббасу, ҳатто йаътийаллоҳу ва амриҳи валлоҳу ло йаҳдӣ-л-қавма-л-фосиқин»1. Ва ҳеч мӯъмин нест, ки на даъво мекунад, ки Худойро аз ҳама чиз дӯсттар дорам. Ва пиндоранд, ки чунон аст. Пас ба нишоне ва бурҳоне ҳоҷат бувад, то ҳар касе ба даъвои беҳосил мағрур нашавад. Пас, мол якест аз маҳбуботи одамӣ, ӯро бад-ин биёзмуданд ва гуфтанд: «Агар содиқӣ дар даъвои худ ин як маъшуқаи худро фидо кун, то дараҷаи худ дар дӯстии мо бидонӣ». Пас касоне, ки он бишинохтанд ба се табақа шуданд:
Табақаи аввал сиддиқиён буданд, ки ҳар чи доштанд, фидо карданд ва гуфтанд: «Аз дувист дирам панҷ дирам додан кори бахилон бошад, бар мо воҷиб он бувад, ки ҳама бидиҳем дар дӯстии дӯст», чунон ки Абӯбакр
1 Бигӯ: агар падарони шумо ва писарони шумо ва бародарони шумо ва занони шумо ва хешовандони шумо ва дороие, ки ба чанг овардаед ва бозоргоние, ки аз норавоии он метарсед ва хонаҳое, ки бад– он хушнуд ҳастед, аз Худо ва паямбараш ва ҷиҳод дар роҳаш пеши шумо азизтаранд, пас чашм ба роҳ бошед, то амри Худо бирасад ва Худованд касонеро, ки аз ҳадд хориҷ шудаанд, роҳнамоӣ нахоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё