Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва аз ин буд, ки расулро алайҳиссалом ҷомаи некӯ оварда буданд – ба ҳадя ва аламе2 некӯ дошт, чашми вай бар он алам афтод дар намоз, чун намоз бигузорд, он ҷома ба худованд дод ва ҷомаи куҳан дарпӯшид. Ва бар наълайни вай даволе нав баста буданд. Чашми вай дар намоз бар он афтод ва некӯ буд, бифармуд, то берун карданд ва он даволи3 куҳан бозоварданд. Ва як бор наълайни нав сохтанд, ӯро ба чашм некӯ омад, саҷда карду гуфт: «Тавозӯъ кардам Худойро, то маро душман нагирад бад-ин назар, ки кардам» ва берун омад ва аввал соилро, ки дид, ба вай дод. Талҳа разийаллоҳу анҳу дар хурмостони хеш намоз мекард, мурғе дид некӯ, дар миёни он дарахтон мепарид ва роҳ намеёфт; дилаш бад-он
1 Решакан кардан.
2 Нақшу нигор.
3 Тасма ва банди кафш.
машғул шуд ва надонист, ки чанд ракъат кард. Пас ба назди расул омад алайҳисслом ва аз дили хеш гила кард ва каффорати онро хурмостон садақа кард. Ва салаф чунин бисёр кардаанд ва илоҷи ҳозир кардани дил ин донистанд.
Ва дар ҷумла, чун пеш аз намоз зикри Ҳақ таъоло бар дил ғолиб набувад, дар намоз ҳозир наёяд ва андеша, ки роҳ ёфт, бад-он ки дар намоз шавад, дил холӣ нашавад. Ҳар ки намоз хоҳад бо ҳузури дил, бояд ки беруни намоз дилро илоҷ карда бошад ва холӣ карда. Ва ин бад-он бувад, ки машғалаҳои дунё аз худ дур карда бошад; ва ба қадри ҳоҷат аз дунё қаноат карда бошад; ва мақсуди вай низ аз он қадар фароғат ибодат бувад. Чун чунин набувад, дил ҳозир набувад, илло дар баъзе аз намоз, бояд ки дар навофил1 меафзояд ва дил ҳозир мекунад, то ба қадри чаҳор ракъат, масалан, дил ҳозир шавад, ки навофил ҷабри2 он фароиз аст.
Пайдо кардани суннати ҷамоат
Расул гуфт алайҳиссалом: «Як намоз ба ҷамоат чун бисту ҳафт аст – танҳо». Ва гуфт: «Ҳар ки намози хуфтан ба ҷамоат кунад, чунон бувад, ки як нимаи шаб эҳё3 карда бувад ва ҳар ки намози бомдод ба ҷамоат кунад, чунон бувад, ки ҷумлаи шаб эҳё карда бошад». Ва фармуд, ки: «Ҳар ки чиҳил рӯз намоз ба ҷамоат кунад – бардавом, ки такбири аввалаш фавт нашавад, ду бароат4 нависанд вайро: яке аз дӯзах ва яке аз нифоқ». Ва аз ин сабаб буд, ки ҳар киро аз салаф такбири аввал фавт шудӣ, се рӯз худро таъзият мекардӣ ва агар ҷамоат фавт шудӣ, ҳафт рӯз. Ва Саид ибни ал-Мусаййиб мегӯяд: «Бист сол аст, то бонги намоз нашунидам, илло аз пеш ба масҷид омада будам».
Ва бисёре аз уламо гуфтаанд: «Касеро, ки узре набошад ва намоз танҳо кунад, дуруст набувад». Пас ҷамоат муҳим бояд дошт ва одоби имомат ва иқтидо нигоҳ бояд дошт.
Аввал он аст, ки имомӣ накунад, илло ба дилхушии5қавм; чун вайро кореҳ бошанд, ҳазар кунад ва чун аз вай хоҳанд, бе узре дафъ накунад, ки фазли имомӣ бузург аст ва аз муаззинӣ беш аст.
Ва бояд ки дар таҳорат ҷома эҳтиёт кунад ва барои интизори ҷамоат таъхир накунад, ки фазилати аввали вақт аз он беш бошад. Ва саҳоба,
1 Намозҳои мустаҳаб.
2 Ҷуброн, иваз.
3 Шабзиндадорӣ.
4 Дурӣ.
5 Майл, ризоият.
чун ду тан ҳозир шудандӣ, интизори сеюм накардандӣ. Ва бар ҷаноза, чун ҳозир шудандӣ, интизор накардандӣ. Ва расул алайҳиссалом як рӯз дертар омад, интизори вай накардандӣ ва Абдурраҳмон ибни Авф дар пеш шуд. Чун расул алайҳиссаалом даррасид, як ракъат фавт шуда буд, чун намоз тамом кард, эшон бипурсиданд аз он, расул алайҳиссом гуфт:
«Некӯ кардед, ҳар боре ҳамчунин кунед».
Ва бояд ки имомӣ барои Ҳақ таъоло кунад – бо ихлос – ва ҳеч музд наситонад. Ва то саф рост нашавад, такбир накунад ва дар такбирот овоз бардорад ва нияти имомӣ кунад, то савоб ёбад ва агар накунад, ҷамоат дуруст набувад ва савоби ҷамоат набувад.
Ва қироат дар намози ҷаҳрӣ1 ба овоз хонад ва се сакта ба ҷой орад: яке чун такбир кунад, «ваҷҷаҳту» мехонад ва маъмумон ба «Фотиҳа» хондан машғул шаванд. Дуввум чун фотиҳа бархонад, сура таъхир кунад, чандон ки касе фотиҳа нахонда бувад ё тамом накарда бувад, тамом кунад. Саввум чун сура бархонад, чандон ором гирад, ки такбир аз охири сура гусаста шавад. Ва маъмум ҷуз «Фотиҳа» ҳеч чиз нахонад аз паси имом, магар дур биистад ва овози имом нашунавад.
Ва рукӯъу суҷуд сабук кунад ва се бор беш тасбеҳ накунад. Ва Анас гӯяд разийаллоҳу анҳу, ки ҳеч кас сабукнамозтар ва тамомнамозтар аз расул алайҳиссалом набуд. Ва сабаб он аст, ки аз ҷамоатиён кас бошад, ки заиф бувад ё шуғле дорад. Ва бояд ки маъмум сипаси имом равад, на бо вай; то пешонии имом бар замин нарасад, вай ба суҷуд нашавад ва то имом ба ҳадди рукӯъ нарасад, вай қасди рукӯъ накунад, ки мутобиат ин бувад, аммо агар ба амд дар пеш шавад, намоз ботил гардад.
Ва чун салом боз диҳад, чандон беш нанишанад, ки гӯяд: «Аллоҳумма анта-с-салому ва минка-с-салому таборакта Раббано ё зо-л-ҷалоли ва-ликроми»2. Он гоҳ сабук бархезад ва рӯй ба қавм кунад ва дуо гӯяд ва қавм пеш аз ин бознагарданд, ки макрӯҳ аст.
Пайдо кардани намози одина ва фазилати он Бидон, ки рӯзи одина рӯзи бузург аст ва фазли вай азим аст ва иди мӯъминон аст. Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки се ҷумъа бе узре даст бидорад, исломро аз паси пушт андохт ва дили вай зангор гирифт».
Ва дар хабар аст, ки: «Худойро таъоло дар ҳар одинае шашсад ҳазор озод
1 Баланд хондан аст чун дар намози бомдоду шом.
2 Худоё, салом Туӣ ва саломатӣ аз Туст, Ту бобаракат ҳастӣ, эй Парвардигори мо, ки дорои бузургӣ ва бахшиш мебошӣ.
кардааст аз оташи дӯзах» ва расул алайҳиссалом гуфт: «Дӯзахро ҳар рӯз ба наздики заволи офтоб битобонанд, намоз макунед дар ин вақт, магар рӯзи одина, ки дӯзах дар ин рӯз натобонанд». Ва гуфт: «Ҳар ки рӯзи одина фармон ёбад, вайро музди шаҳидӣ нависанд ва аз азоби гӯраш нигоҳ доранд».
Шароити ҷумъа
Бидон, ки ҳар чи дар намозҳои дигар шарт бошад, дар ин намоз шарт аст ва буруни он шаш шарти дигар аст хос.
Шарти аввал – вақт аст: агар имом, масалан, салом пас аз вақти намози дигар1 диҳад, ҷумъа фавт шавад ва намози пешин2 тамом бояд кардан.
Шарти дуввум – ҷойгоҳ аст, ки ин намоз дар саҳро набандад ва дар миёни хаймаҳо набандад, балки бояд ки дар шаҳре бошад ё дар деҳе, ки андар вай чиҳил марди озод ва болиғ муқим бошад ва агар дар масҷид набошад дуруст бувад.
Шарти саввум – адад аст, ки то чиҳил марди озоди мукаллафи муқим ҳозир наёяд, дуруст набошад. Агар аз ин адад камтар шавад – дар хутба ё дар намоз – зоҳир он аст, ки дуруст набошад.
Шарти чаҳорум – ҷамоат аст. Агар ин қавм танҳо ҳар яке намоз кунанд, дуруст наёяд, лекин касе, ки ракъати бозпасин дарёфт, намози вай дуруст бувад, агарчи дар ракъати дуввум танҳо бувад ва агар рукӯъи дуввум дарнаёбад, иқтидо кунад бар нияти намози пешин.
Шарти панҷум – он ки бояд ки пеш аз он ҷумъаи дигар накарда бошад, ки дар як шаҳр як ҷумъа беш нашояд кардан, магар чунон бувад, ки дар як масҷид нагунҷанд ва душвор бувад ва агар натавонанд ва ду ҷумъа кунанд. Дуруст он бувад, ки такбири аввал аз пеш карда бошанд.
Шарти шашум – ду хутба аст пеш аз намоз ва ҳар ду фариза аст ва нишастан миёни ду хутба фариза аст ва бар пой будан дар хутба фариза аст. Ва дар хутбаи аввал чаҳор чиз фариза аст: таҳмид3 ва «ал-ҳамду лиллоҳ» кифоят бувад; ва салавот додан ба расул алайҳиссалом ва васият ба тақво: «увсийкум би тақволлоҳи»4 кифоят бувад; ва як оят аз Қуръон; ва дар хутбаи дуввум ҳамин фариза аст, лекин бадали оят аз Қуръон дуо
1 Намози аср.
2 Намози зӯҳр.
3 Ҳамди Худо гуфтан.
4 Васият мекунам шуморо ба парҳезкории Худо.
фариза аст.
Ва бидон, ки ин намоз бар кӯдакон ва занон ва бандагону мусофирон воҷиб нест. Ва раво бошад даст боздоштан1 ба узри гилу борон ва бемордорӣ – чун беморро дорандаи дигар набувад, лекин авлотар он бувад, ки намози пешин пас аз он кунад, ки мардумон аз ҷумъа фориғ шаванд.
Одоби ҷумъа
Бояд ки дар даҳ чиз суннату одоб нигоҳ дорад.
Адаби аввал – он ки рӯзи панҷшанбе ҷумъаро истиқбол кунад ба дил ва ба сохтани кор, чун ҷомаи сапед рост кардан ва шуғле, ки бошад аз пеш баргирифтан, то бомдоди пагоҳ2 ба намоз тавонад шудан ва намози дигар рӯзи панҷшанбе холӣ нишастан ва ба тасбеҳ ва истиғфор машғул будан, ки фазли ин соат азим аст ва дар муқобалаи он соат азиз аст, ки дар рӯзи одина аст. Ва гуфтаанд, ки дар ин шаб бо аҳл сӯҳбат кардан суннат аст, то он низ тақозои ғусл бошад ҳар дуро рӯзи одина.
Адаби дуввум – он аст, ки бомдод ба ғусл машғул шавад – агар зуд ба масҷид хоҳад шуд – ва агар на, таъхир авлотар; ва расул алайҳиссалом ба ғусли ҷумъа фармудааст, фармонҳои муаккад, то гурӯҳе аз уламо пиндоштаанд, ки ин ғусл фариза аст. Ва аҳли Мадина касеро, ки сухани дурушт хостандӣ гуфт, гуфтандӣ: «Ту батарӣ аз касе, ки рӯзи одина ғусл накунад». Ва агар касе дар ин рӯз ҷунуб бошад, чун ғусли ҷинобат бикунад, авлотар он бувад, ки бар нияти ғусли ҷумъа дигар бора об бар хештан резад, пас агар ба як ғусл ҳар ду ният кунад, кифоят бувад ва фазли ғусли ҷумъа низ ҳосил шавад.
Адаби саввум – он аст, ки ороста ва покиза бо некӯҳайат ба масҷид ояд. Ва покизагӣ бад-он бувад, ки мӯй бисутурад ва нохун бозканад ва мӯйлаб рост кунад ва агар нахуст ба гармоба шуда бувад ва ин ба ҷой оварда, кифоят бувад. Ва оростагӣ бад-он бувад, ки ҷомаи сапед пӯшад, ки Худои таъоло аз ҷомаҳо ҷомаи сапед дӯсттар дорад. Ва бӯи хуш ба кор дорад – бар нияти таъзими масҷиду намоз, то аз вай бӯи нохуш наёяд, ки касе ранҷур шавад ё дар ғайбат афтад.
Адабичаҳорум – пагоҳ рафтан аст ба ҷомеъ, ки фазли ин бузург аст.
Ва дар рӯзгори аввал ба вақти субҳ ба чароғ шудандӣ ва роҳҳо аз заҳмат чунон будӣ, ки душвор тавонистандӣ рафт. Ва Ибни Масъуд як бор ба
1 Худдорӣ кардан.
2 Субҳи зуд.
масҷид шуд, се тан пеш аз вай омада буданд, бо хештан итоб мекард ва мегуфт: «Ту дар дараҷаи чаҳорум бошӣ, кори ту чун бувад?» Ва чунин гуфтандӣ, ки аввал бидъат, ки дар ислом падид омад, ин буд, ки ин суннатро даст бидоштанд. Ва чун ҷуҳудон ва тарсоён рӯзи шанбе ва якшанбе пагоҳ ба калисо ва куништ шаванд ва мусалмонон рӯзи одина, ки рӯзи эшон бошад, тақсир кунанд, чӣ гуна бошад?! Ва расул гуфт алайҳиссалом: «Ҳар ки дар соати аввал аз ин рӯз ба ҷомеъ шавад, чунон бошад, ки шутуре қурбон карда бошад; ва агар дуввум соат равад, гове қурбон карда бошад; ва дар соати саввум – гӯсфанде: ва дар чаҳорум – мокиёне ва дар панҷум – хояи мурғе. Ва чун хатиб бар минбар ояд, фариштагоне, ки ин фармон менависанд. Саҳоиф дарнаварданд1 ва ба самоъи хутба машғул шаванд. Ва ҳар ки дар ин вақт ояд, ҷуз фазли намоз чизе дигар наёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё