Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва ин илмҳо ба ҳоли ҳар касе бигардад. Ва бар баззоз воҷиб набувад, ки илми пешаи ҳаҷҷом биёмӯзад ва на ҳаҷҷом воҷиб бувад, ки илми баззозӣ бидонад. Мисоли илми корҳои карданӣ ин аст.
Аммо нокарданӣ, илми он низ воҷиб аст, валекин ба ҳоли ҳар кас бигардад. Агар он бувад, ки он кас, ки дебо пӯшад ё ҷое бошад, ки хамр (шароб) хӯранд ё гӯшти хук хӯранд ё дар ҷое бошад, ки ба ғасб ситада бошанд, ё моле ҳаром дар даст дорад, воҷиб шавад бар уламо, ки вайро ин илм биёмӯзанд ва бигӯянд, ки ҳаром аз он чист, то даст бидорад. Ва агар ҷое бошад, масалан, ки бо занон мухолатат (омезиш) дорад, бар вай воҷиб шавад, ки бидонад, ки маҳрам кист ва номаҳрам кист ва назар ба кӣ раво набошад.
Ва ин низ ба ҳоли ҳар кас бигардад, ки ҳар касе дар маърази коре дигар бошад, бар вай воҷиб нашавад, ки илми кори дигарон биёмӯзад, ки бар занон воҷиб нашавад, ки биёмӯзанд, ки дар ҳоли ҳайз талоқ додан раво набувад ва ҳар марде, ки талоқ хоҳад дод, воҷиб шавад, ки биёмӯзад.
Аммо он ки ба дил тааллуқ дорад, ду ҷинс аст: яке ба аҳволи дил тааллуқ дорад, яке ба эътиқодот.
Аммо он чи ба аҳволи дил тааллуқ дорад, мисоли он ин бувад, ки воҷиб бувад, ки бидонад, ки кибру ҳасад ҳаром аст ва гумони бад бурдан ва амсоли ин. Ва ин фарзи айн аст бар ҳама халқ, ки ҳеч кас аз чунин
1 Кори ҳаҷҷом дар қадим хатна кардан ва раг задан ва ғайри он будааст.
маонӣ холӣ набошад. Пас, илми он ва илми илоҷи он воҷиб бувад, ки ин навъи бемории ом аст ва илоҷи он бе илм рост наёяд. Ва аммо илми байъ ва салам (пешхарид) ва раҳну иҷорат ва ин аҷнос, ки дар фиқҳ гӯянд, фарзи кифоят аст; фарзи айн бар касе шавад, ки он ба муомилат бихоҳад кард. Ва бештари халқ аз он холӣ тавонад буд, аммо аз ин аҳвол дил холӣ натавонад буд.
Аммо ҷинси дигар, ки ба эътиқод тааллуқ дорад, он бувад, ки агар дар эътиқод вайро шакке падид ояд, бар вай воҷиб бувад, ки он шак аз дил бибарад: ҳар гоҳ ки он шак дар эътиқоде бошад, ки воҷиб бувад дар асли хеш, ё дар эътиқоде, ки шак дар он раво набувад.
Пас, аз ин ҷумла маълум шуд, ки илм бар ҳама мусалмонон фариза аст, ки ҳеч мусалмон аз ҷустани илм мустағнӣ нест. Валекин он илм якҷинс нест ва дар ҳаққи ҳар касе баробар нест, балки ба аҳвол ва авқот бигардад. Аммо ҳеч кас аз навъе ҳоҷат бад-ин маънӣ холӣ набошад. Пас, аз ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Ҳеч мусалмон нест, ки на талаби илм бар вай фариза аст», яъне талаби илме, ки ба амал ба он ҳоҷатманд бувад.
– ФАСЛ –
[Узри беилмӣ дар дин пазируфта нест] Чун маълум шуд, ки бар ҳар касе омӯхтани он илм воҷиб аст, ки дар роҳи муомилати вай аст, бидонистӣ ки оммӣ пайваста дар хатар бошад, ки вайро коре дар пеш ояд ва ба нодонӣ бикунад, ки надонад, ки андар он ҳикмате ҳаст ва бад-ин маъзур набошад: ҳар гаҳ ки ҳоҷат бад-он ғолиб бувад ва нодир набошад. Масалан, касе дар ҳоли ҳайз мубошират кунад ё пас аз ҳайз пеш аз сар шустан ва гӯяд, ки ин илм надонистам: маъзур набошад.
Ва аз зане, ки пеш аз субҳ пок шавад ва намози шом ва намози хуфтан қазо накунад, ки наёмӯхта бошад, ё марде, ки занро дар ҳоли ҳайз талоқ диҳад ва наёмӯхта бошад, ки ҳаром аст: маъзур набошад. Ва бо вай гӯянд: «Туро гуфта будем, ки талаби илм фариза аст, аз ин фариза чаро даст бидоштӣ, то дар ҳаром афтодӣ?» Магар ки воқеаи нодир бошад, ки афтодани он мутаваққеъ набувад: он гоҳ маъзур бошад.
– ФАСЛ –
[Ҳеч коре бузургвортар аз илм нест] Чун донистӣ, ки оммӣ ба ҳеҷ вақт аз хатар холӣ набошад, аз ин ҷо маълум шавад, ки ҳеч коре, ки одамӣ бад-он машғул хоҳад шуд, фозилтар ва бузургвортар аз илм нахоҳад буд. Ва ҳар пешае, ки бад-он машғул хоҳад шуд, барои талаби дунё хоҳад буд. Ва илм бештари халқро дар дунё низ беҳтар аз пешаҳо, чи мутааллим аз чаҳор ҳол холӣ набувад:
Ё кифояти хеш дорад аз дунё ба меросе ё ба ҷиҳате дигар: илм ҳиросати (нигоҳдории) моли вай бувад ва сабаби иззи вай бувад дар дунё ва сабаби саодати охират бувад. Яке ин бувад.
Дигар, касе бошад, ки кифояти хеш надорад, валекин дар вай қаноат бошад, ки бад-он чи бошад кифоят тавонад кард ва қадри дарвешӣ бидонад дар мусалмонӣ, ки дарвешон пеш аз тавонгарон ба понсад сол дар биҳишт хоҳанд шуд: илм дар ҳаққи ин кас сабаби осоиши дунё ва саодати охират бувад.
Се дигар, касе бувад, ки илм биёмӯзад ва ҳаққи вай аз ҳалол бувад, аз байтулмол ё аз дасти мусалмонон ба вай расад, чандон ки кифояти вай бошад, бе он ки вайро талаби ҳароме бояд кард, ё аз султони золим чизе талаб бояд кард. Пас ин ҳар се касро талаби илм дар дин ва дунё аз ҳама корҳо беҳ бошад.
Чаҳорум, касе бошад, ки кифояти худ надорад ва мақсуди вай аз илм талаби дунё бошад ва рӯзгор чунон бувад, ки талаб натавонад кардан кифояти хеш, илло аз идрори (моҳонаи) султон, ки аз вуҷуҳи хироҷу зулм бошад, ё аз мардумон бе риёву мазаллат талаб натавонад кард: ин касро ва ҳар киро мақсуд аз талаби илм молу ҷоҳ бошад ва ба илм ба даст хоҳад овардан, он авлотар, ки ба касб машғул шавад. Чун аз илме, ки фарзи айн аст, бипардохт, ки инчунин кас шайтоне шавад аз шаётини инс ва халқе бисёр бв вай табоҳ шавад ва ҳар оммие, ки дар вай нигарад, ки вай ҳаром меситонад ва ҳама ҳилатҳо мекунад дар талаби дунё, ба вай иқтидо (пайравӣ) кунад ва фасоди вай дар миёни халқ беш аз салоҳ бошад. Пас, чунин донишманд ҳарчанд камтар – беҳтар. Пас он беҳтар, ки дунё аз корҳои дунёӣ талаб кунад, на аз корҳои динӣ. Агар касе гӯяд, ки:
«Илм вайро аз роҳи дунё бозхонад, чунон ки гурӯҳе гуфтаанд: «Таъалламно-л-ъилма ли ғайриллоҳи, фа або-л-ъилму ан йакуна илло лиллоҳи» – «Илм на барои Худо омӯхтем, валекин илм худ моро ба роҳи Худо бурд». Ҷавоб он аст, ки он илми Китоб ва суннат ва асрори роҳи охират ва ҳақоиқи шариат бувад, ки эшонро боз роҳи охират ва боз роҳи Худой барад ва он гоҳ боисти он дар ботини эшон бувад, ки кореҳ (безор) буданд шараҳи (ҳирси) хешро ба дунё ва бузургони динро медиданд, ки аз дунё дур буданд ва эшон орзуманд буданд, ки ба эшон иқтидо кунанд. Чун илм он бувад ва ҳоли рӯзгор чунон бувад, умедвор бувад, ки эшон ба сифати он илм гарданд ва илм табаъи эшон нагардад.
Аммо ин илмҳо, ки дар ин рӯзгор мехонанд, чун: хилофи мазҳаб ва калому қисас ва томот ва ин муаллимон, ки дар рӯзгоранд, ки аз илмҳои хеш доми дунё сохтаанд: мухолатат бо эшон ва таҳсили илм аз эшон мардро аз роҳи дунё бинагардонад. Ва лайса-л-хабару ка-л-муъойанати1, нигоҳ кун, то бештари ин қавм аз уламои дунёанд ё аз уламои охират ва халқро аз мушоҳидаи аҳволи эшон суд аст ё зиён?
Аммо агар ҷое касе бувад, ки ба тақво ороста бувад ва роҳи уламои салаф дорад ва ба таълими илме машғул бошад, ки андар он тахвиф ва таҳзир (тарсондан) бошад аз ғурури дунё, сӯҳбат ва мушоҳидаи ин кас ҳамаро нофеъ бувад, то ба таълим чӣ расад. Ва чун илме омӯзад, ки судманд бошад, аз ҳама корҳо авлотар бошад. Ва илми судманд он бувад, ки вайро ҳақорати дунё маълум кунад ва хатари кори охират ба вай намояд ва ҷаҳлу ҳамоқати касоне, ки эшон рӯй ба дунё овардаанд ва аз охират эъроз кардаанд, ошкоро кунад ва офати кибру ҳасад ва риёву бухл ва уҷб (худбинӣ) ва ҳирсу шараҳ ва ҳубби дунё бишиносад ва илоҷи он бидонад:
ин илм касеро, ки бар дунё ҳарис бувад, ҳамчун об бувад ташнаро ва чун дору бувад беморро.
Аммо машғул будани ин кас ба фиқҳу хилоф2 ва калому адаб ҳамчун бемор бошад, ки чизе хӯрад, ки дар иллати вай зиёдат кунад, ки бештар аз ин илмҳо тухми ҳасад ва риё ва мубоҳот (худнамоӣ) ва муодот (душманӣ) ва руунат (зоҳиророӣ) ва тасаввуқ (худороӣ ва бозоргармӣ) ва такаббур ва талаби ҷоҳ дар дил афканад ва ҳарчанд, ки бештар хонад, он дар дил мӯҳкамтар мешавад; чун мухолатат бо қавме дорад аз мутафаққиҳа3, ки бад-он машғул медорад ва чунон шавад, ки агар вақте хоҳад, ки аз он роҳ тавба кунад, бар вай душвор ояд ва натавонад.
АСЛИ СЕЮМ
Дар таҳорат аст
1 Ва нест хабар монанди дидан.
2 Илми хилоф – илми баҳс дар ихтилофи фатво ва раъйи мазоҳиб ва тариқаҳои мухталифи дини ислом аст.
3 Касоне, ки бо илми фиқҳ машғул мебошанд ё чунин менамоянд.
Бидон, ки Худой субҳонаҳу ва таъоло мегӯяд: «Инналлоҳа йуҳиббу-ттаввобина ва йуҳиббу-л-мутатаҳҳирина» – «Худой поконро дӯст дорад».
Ва расул саллаллоҳу алайҳи гуфт: «Ат-туҳуру шатру-л-имони» – «Покӣ як нимаи мусалмонӣ аст»; ва низ мегӯяд: «Бунийа-д-дину ъала-нназофати» – «Бинои мусалмонӣ бар покӣ аст». Пас гумон мабар, ки ин ҳама фазлу бузургӣ покирост, ки дар тану ҷома бошад, ба истеъмоли об, балки покӣ бар чаҳор табақа аст:
Табақаи аввал покии сирри дил аст аз ҳар чи ҷуз Ҳақ таъоло аст, чунон ки Ҳақ таъоло мегӯяд: «Қулиллоҳу сумма зарҳум»1. Ва мақсуд аз ин он аст: то чун аз ғайри Ҳақ таъоло холӣ бошад, ба Ҳақ таъоло машғул ва мустағриқ шавад. Ва ин таҳқиқи калимаи «ло илоҳа иллаллоҳ» бувад ва ин дараҷаи имони сиддиқон аст. Ва покӣ аз ғайри Ҳақ як нимаи имон аст: то аз ғайри Ҳақ таъоло пок нашавад, ба зикри Ҳақ таъоло ороста нагардад.
Табақаи дуввум покии зоҳири дил аст аз ахлоқи нописандида, чун ҳасаду кибру риё ва ҳирсу адоват ва руунат ва ғайри он, то ороста шавад ба ахлоқи поку писандида, чун тавозӯъ ва қаноату тавба ва сабру хавфу раҷо ва муҳаббат ва ғайри он. Ва ин дараҷаи имони муттақиён аст. Ва покӣ аз ахлоқи мазмум як нима аз имон аст.
Табақаи саввум покии ҷавориҳ аст ва андомҳои тан аз маъсиятҳо, чун ғайбат ва дурӯғ ва ҳаром хӯрдан ва хиёнат кардан ва дар номаҳрам нигаристан ва ғайри он, то ороста шавад ба адаб ва фармонбардорӣ дар корҳо. Ва ин дараҷаи имони порсоён аст. Ва пок доштани андомҳо аз ҷумлаи ҳаромҳо як нимаи имон аст.
Табақаи чаҳорум пок доштани тану ҷома аст аз наҷосатҳо, то ҷумлаи тан ороста шавад ба рукӯъу суҷуд ва аркони намоз; ва ин дараҷаи покии мусалмонӣ аст, ки фарқ миёни мусалмону кофир дар муомилат бад-ин намоз аст. Ва ин покӣ низ як нима аз имон аст.
Пас бад-ин ваҷҳ маълум шавад, ки дар ҳама табақаҳои имон покӣ як нимаи имон аст ва ба ҳукми он ки нимаи пешин аст, гуфт: «Бунийа-ддину ъала-н-назофати» – «Бинои дин бар вай аст».
Пас ин таҳорати тану ҷома, ки ҳамгинон рӯй бад-он овардаанд ва ҷаҳд ҳама дар он кунанд, дараҷаи бозпасини таҳоратҳост. Валекин аз он ки осонтар аст ва нафсро низ дар вай насиб аст, ки покизагӣ хуш бошад ва нафс ба роҳат бувад андар он ва ҳар касе низ онро бибинад ва порсоии вай бад-он бидонад, бад-ин сабаб бар мардумон осонтар бувад.
Аммо покии дил аз ҳасад ва кибру риё ва дӯстии дунё ва покӣ аз
1 Бигӯ: Худо, пас вогузор эшонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё