Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

кори охират мутаҳаййир бошанд ва шак бар эшон ғолиб бувад. Ва бошад, ки чун шаҳват ғалабат гирад ва мувофиқи табъи эшон он намояд, ки охиратро инкор кунанд, дар ботини эшон он инкор падидор ояд ва шайтон онро тарбият кунад ва пиндоранд, ки ҳар чи омадааст, дар сифати дӯзах, барои ҳарос додан омадааст ва ҳар чи дар биҳишт гуфтаанд, ҳама ишва (ба кори нопайдое пардохтан) аст. Бад-ин сабаб ба мутобиати шаҳват машғул шаванд ва аз варзидани шариат бозистанд ва дар касоне, ки шариат варзанд, ба чашми ҳақорат нигаранд ва гӯянд, ки эшон дар ҷуволанд ва фирефтаанд. Ва чунин аҳмақро куҷо қуввати ин бошад, ки чунин асрор ба бурҳон маълум тавонад кард? Пас вайро даъват бояд кард, то дар як сухани зоҳир нек тааммул кунад ва бо вай гӯянд: «Агарчи ғолиби занни ту он аст, ки ин саду бисту чаҳор ҳазор пайғомбар ва ҳама авлиё ва уламову ҳукамо ғалат карданд ва мағрур буданд ва ту ба аҳмақии хеш чандин ҳол бидонистӣ. Охир мумкин нест, ки ин ғалат туро афтода бошад ва мағрур будӣ, ки ҳақиқати охират надонистаӣ ва азоби рӯҳонӣ фаҳм накардаӣ ва ваҷҳу мисоли рӯҳониёт аз олами маҳсусот надонистаӣ?». Агар чунон аст, ки ғалати хеш раво дорад ва гӯяд: «Чунон ки донам, ки ду аз яке бештар бувад ва ҳамчунин донам, ки рӯҳро ҳақиқате нест ва вайро бақое натавонад буд ва вайро ҳеч роҳате ва ранҷе натавонад буд пас аз марг, на рӯҳонӣ ва на ҷисмонӣ», он касро мизоҷ табоҳ шуда бошад ва аз вай навмед бояд шуд, ки вай аз он қавм аст, ки Худои таъоло гуфт: «Ин тадъуҳум ила-л-ҳудо, фа лан йаҳтаду изан абадо»1. Ва агар гӯяд: «Муҳол будани ин маро зарурӣ нест, чи ин мумкин аст, валекин баид аст. Ва чун ин ҳол маро ба ҳақиқат маълум нест ва ба занни ғолиб маълум нест, ба гумоне заиф чаро хештан ҳама умр дар ҳиҷри (манъи) тақво кунам ва аз лаззот бозистам», бо вай гӯем, ки акнун, ки бад-ин миқдор иқрор додӣ, бар ту воҷиб шуд ба ҳукми ақл, ки роҳи шаръ фаропеш гирӣ, ки хатар чун азим бошад, ба гумони заиф аз вай бигурезанд, чи агар ту қасди таоме кунӣ, ки бихӯрӣ ва касе гӯяд: «море даҳон дар ин таом кардааст», ту даст бозкашӣ, агарчи гумони он бувад, ки вай дурӯғ мегӯяд ва барои он мегӯяд, то вай бихӯрад. Валекин чун мумкин бувад, ки рост мегӯяд, бо хештан гӯӣ: «Агар нахӯрам, ранҷи ин гуруснагӣ саҳл аст ва агар бихӯрам, набояд (мабодо), ки ӯ рост гуфта бошад ва ман ҳалок шавам». Ва ҳамчунин, агар бемор шавӣ ва дар хатар бошӣ, таъвизшиносе (дуонавис, тӯморсоз) гӯяд: «Як дирам сим бидеҳ, то туро таъвиз кунам бар коғазе ва нақше бар он кунам, ки беҳтар шавӣ».
Ҳарчанд, ки занни ғолиби ту он бувад, ки он нақш бо тандурустӣҳеч му-
1 Ва агар онро ба роҳи рост бихонӣ, ҳаргиз ҳидоят нахоҳанд шуд.
носибат надорад, валекин гӯӣ: «Бошад, ки рост мегӯяд ва тарки он як дирам гуфтан саҳл аст». Ва агар мунаҷҷим гӯяд: «Чун моҳ ба фалон ҷой расад, фалон доруи талх бихӯр, то беҳтар шавӣ», он ранҷ бикашӣ ба қавли вай, гӯӣ: «Бошад, ки рост мегӯяд ва агар дурӯғ мегӯяд, он ранҷ саҳл аст».
Пас наздики ҳеч оқил, қавли саду бисту чаҳор ҳазор пайғамбар ва иттифоқи ҷумлаи бузургони олам чун авлиё ва ҳукамо камтар аз қавли мунаҷҷиме ва таъвизнависе ва табибе тарсо (насронӣ) набошад, ки ба қавли вай ранҷи андак бар худ ниҳад, то аз ранҷи он, ки азимтар аст, бошад, ки халосӣ ёбад. Ва ранҷу зиён андак гардад, ба изофат андак гардад, чун касе, ки ҳисоб баргирад, ки умри дунё чанд аст ва аз абад, ки онро аввал нест ба нисбат бо азал, ки онро охир нест, чандяк аст, донад, ки ранҷ кашидан андак бошад дар ҷанби он хатари азим, ки бо хештан гӯяд, ки:
«Агар эшон рост мегӯянд ва ман андар чунон азобе бимонам, чӣ кунам ва маро ин роҳати дунё, ки рӯзе чанд бигузоштаам, чӣ суд кунад? Ва мумкин бошад, ки рост мегӯянд!»
Ва абадро маънӣ он бошад, ки агар ҳама олам пур аз говрас1 кунанд ва мурғеро бифармоянд, то ҳар ҳазор сол яке донаи говрас бармегирад, он говрас бирасад ва аз абад ҳеч кам нашавад. Пас чандин муддати азоб, агар рӯҳонӣ бувад ва агар ҷисмонӣ бувад ва агар хаёлӣ бувад, чӣ гуна тавон кашид ва умри дунёро дар ҷанби он чӣқадр бошад? Ва ҳеч оқиле набошад, ки андар ин андешаи тамом накунад, ки роҳи эҳтиёт рафтан ва ҳазар кардан аз чунин хатар воҷиб бувад, агарчи бо ранҷ бувад ва агарчи бо гумон бувад, ки халқ барои бозаргонӣ дар дарё нишинанд ва сафарҳои дароз мекунанд ва ранҷҳои бисёр мекашанд: ҳама ба гумон мекунанд. Агар ин мардро яқин нест, охир гумоне заиф ҳаст? Пас агар бар хештан шафқат дорад, ба эҳтимол ин фаро гирад.
Ва барои ин буд, ки амирулмӯъминин Алӣ разийаллоҳу анҳу бо мулҳиде (бедине) мунозира мекард, гуфт: «Агар чунон аст, ки ту мегӯӣ, ҳам ту растӣ ва ҳам мо. Ва агар чунон аст, ки мо мегӯем, мо растем ва ту афтодӣ ва дар азоби абадӣ мондӣ». Ва ин сухан, ки амирулмӯъминин Алӣ – разийаллоҳу анҳу гуфтааст, ба миқдори заъфи ақли он мулҳид гуфтааст, на бад-он, ки вай дар гуфта ва эътиқоди хеш дар шак буд, лекин донист, ки он чи роҳи яқин аст, фаҳми он мулҳид эҳтимол накунад.
Пас бидон, ки ҳар ки дар олам ҷуз ба зоди охират машғул аст, ба ғоят аҳмақ аст; ва сабаби он ғафлат аст ва андеша нокардан, ки шаҳавоти дунё эшонро худ чандон мефурӯ нагузорад, ки андар ин андеша кунанд. Ва-
1 Навъе дона, ки ба мурғ диҳанд ва коврас ва горсак низ гӯянд, арзан.
гарна он кас, ки яқин медонад; ва он кас, ки ба гумони ғолиб медонад; ва он кас, ки гумони заиф мебарад, бар ҳама воҷиб бошад – ба ҳукми ақл, ки аз он хатари азим ҳазар кунанд ва роҳи эминӣ ва эҳтиёт гиранд, то саломат ёбанд, иншоаллоҳ.
Тамом шуд сухан дар унвони мусалмонӣ, аз: маърифати нафс – маърифати Ҳақ – ҷалла ҷалолуҳу ва ъазума шаънуҳу ва ъазза кибрийоуҳу, ло илоҳа ғайруҳу; – ва маърифати дунё ва маърифати охират. Пас аз ин аркони муомилати мусалмонӣ оғоз кунем, иншоаллоҳу-лъазизу ваҳдуҳу.
КИТОБИ
АРКОНИ МУСАЛМОНҲ
аз ҷумлаи
КИМИЁИ САОДАТ
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Чун аз маърифати унвони мусалмонӣ фориғ шудӣ ва худро бидонистӣ ва Ҳақ таъолоро бишинохтӣ ва дунёву охиратро бидонистӣ, бо аркони муомилати мусалмонӣ машғул бояд шуд: чи аз он ҷумла маълум шуд, ки саодати одамӣ дар шинохти Ҳақ таъоло аст ва дар бандагии Вай.
Ва асли шинохту маърифат аз чаҳор унвон ҳосил шуд ва бандагӣ бадин чаҳор рубъ ҳосил шавад:
– яке он, ки хештанро ба ибодот ороста дорӣ ва ин рукни ибодот аст;
– дуввум он, ки зиндагониву ҳаракату сукуни хеш ба адаб дорӣ ва ин рукни муомилот аст;
– саввум он, ки хешро аз ахлоқи нописандида пок дорӣ ва ин рукни мӯҳликот аст;
– чаҳорум он, ки дили хеш ба сифоти писандида ороста дорӣ ва ин рукни мунҷиёт аст.
РУКНИ АВВАЛ
Дар ибодот аст
Ва он даҳ асл аст
Асли аввал – Дар дуруст кардани эътиқоди аҳли суннат.
Асли дуввум – Дар талаби илм.
Асли саввум – Дар таҳорат.
Асли чаҳорум – Дар намоз.
Асли панҷум – Дар закот.
Асли шашум – Дар рӯза.
Асли ҳафтум – Дар ҳаҷ.
Асли ҳаштум – Дар Қуръон хондан.
Асли нуҳум – Дар зикру тасбеҳ.
Асли даҳум – Дар вирдҳо ва вақтҳо, ки иборатрост.
АСЛИ АВВАЛ
Дар эътиқоди аҳли суннат ҳосил кардан Бидон, ки ҳар ки мусалмон шавад, аввал воҷиб бар вай он аст, ки маънии калимаи «Ло илоҳа иллаллоҳу – Муҳаммадун расулуллоҳ»-ро, ки ба забон гуфт, ба дил бидонад ва бовар кунад, чунон ки ҳеч шакро ба вай роҳ набувад. Ва чун бовар кард ва дили вай бар он қарор гирифт, чунон ки шакро бад-он роҳ набувад, ин кифоят бувад дар асли мусалмонӣ.
Ва донистан ба далелу бурҳон фарзи айн1 нест бар ҳар мусалмоне, ки расул алайҳиссалом арабро ба талаби далел ва хондани калом2 ва ҷустани шубҳатҳову ҷавоби он нафармуд, балки тасдиқу бовар доштан кифоят кард. Ва дараҷаи умуми халқ беш аз ин набошад.
Аммо лобуд аст, ки фирақе3 бошад, ки эшонро сухан гуфтан бидонанд ва агар касе шубҳате афканад, то оммиро аз он бияфканад, эшонро забони он бошад, ки он шубҳатро дафъ кунанд. Ва ин санъатро «калом»
гӯянд. Ва ин фарзи кифоят бувад, ки дар ҳар шаҳре як-ду тан бад-ин сифат бошанд, бас бувад. Ва оммӣ соҳиби эътиқод бошад ва мутакаллими4 шаҳна ва бадрақаи5 эътиқоди вай бошад.
Аммо ҳақиқати маърифат худ роҳе дигар аст – варои ин ҳар ду мақом.
Ва муқаддимаи он муҷоҳидат аст, то касе роҳи муҷоҳидат ва риёзат наравад, тамоми вай бад-он дараҷа нарасад ва мусаллам набошад вайро бад-он даъво кард, ки зиёни он беш аз суди вай бошад. Ва мисоли вай чун касе бувад, ки пеш аз парҳез кардан дору хӯрад: бими он бувад, ки ҳалок шавад, чи он дору ба сифати ахлоти меъдаи вай гардад ва аз ӯ шифо ҳосил наёяд ва дар беморӣ зиёдат кунад.
Ва он чи дар унвони мусалмонӣ гуфтем, намудор (намуна) ва нишоне аст аз ҳақиқати маърифат, то касе, ки аҳли он бошад, талаб кунад ва натавонад кард талаби ҳақиқати он, илло касе, ки вайро дар дунё ҳеч алоқат набошад, ки машғул кунад. Ва ҳама умр ба ҳеч машғул нахоҳад буд, магар ба талаби Ҳақ таъоло ва он коре душвору дароз аст. Пас бадон чи ғизои ҷумлаи халқ аст, ишорат кунем ва он эътиқоди аҳли суннат аст, то ҳар касе ин эътиқод дар дили худ қарор диҳад, ки ин эътиқод
1 Фарзи айн воҷибе аст чун намозу рӯза, ки бар ҳама воҷиб аст ва дар муқобили он фарзи кифоят аст, чун шустани мурда, ки агар касе анҷом дод, аз ӯҳдаи дигарон соқит мешавад.
2 Мақсуд илми калом аст.
3 Дастаҳое.
4 Олими илми калом.
5 Касе, ки ҳамроҳ ва пешопеши корвон мерафтааст, ки онро аз ҳаводис нигоҳдорӣ намояд.
тухми саодати вай хоҳад буд.
Пайдо кардани эътиқод. Бидон, ки ту офаридаӣ ва туро Офаридгорест, ки Офаридгори ҳама олам ва ҳар чи дар олам аст, Ӯст; ва яке аст, ки Вайро шарик ва анбоз нест ва ягона аст, Вайро ҳамто нест. Ва ҳамеша будааст, ки ҳастии Ӯро ибтидо нест ва ҳамеша бошад, ки вуҷуди Вайро охир нест. Ва ҳастии Вай дар азалу абад, ки воҷиб аст, нестиро ба Вай роҳ нест. Ҳастии Вай ба зоти худ аст, ки Вайро ба ҳеҷ чиз аз вай бениёз нест, балки қиёми Вай ба зоти худ аст ва қиёми ҳама чизҳо ба Вай аст.
Танзеҳ. Вай дар зоти худ ҷавҳар нест ва араз нест. Ва Вайро дар ҳеч колбад фуруд омадан нест. Ва ба ҳеч чиз монанд нест ва ҳеч чиз монанди Вай нест ва Ӯро сурат нест. Ва чандиву чунӣ ва чигуниро ба Вай роҳ нест.
Ва ҳар чи дар хиёл ояд ва дар хотир ояд – аз каммияту кайфият – Вай аз он пок аст, ки он ҳама сифоти офаридагони Вай аст. Ва Вай ба сифати ҳеч офарида нест, балки ҳар чи ваҳму хаёл сурат кунад, Вай Офаридгори он аст. Ва хурдиву бузургии миқдорро ба Вай роҳ нест, ки ин низ сифати аҷсоми олам аст ва Вай ҷисм нест. Ва Вайро бо ҳеч ҷисм пайванд нест. Ва бар ҷой нест ва дар ҷой нест, балки Худ аслан ҷойгир ва ҷойпазир нест.

пешина
аз 176
навбатӣ