Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва илоҷи беҳтарин он бувад, ки дар ақрони хеш нигарад, ки мурдаанд ва аз сурати эшон ёд оварад, ки дар дунё ҳар яке дар мансаб ва кори хеш чӣ гуна буданд ва андӯҳу шодии эшон дар дунё ба чӣ маблағ бувад ва ғафлати эшон аз марг чӣ гуна бувад, пас ногоҳ ва носохта ашхоси марг биёмад ва эшонро бирабуд ва акнун дар гӯр андеша кун, ки сурати эшон чӣ гуна аст. Ва аъзои эшон чӣ гуна аз ҳам фурӯ шудааст ва кирм дар гӯшту пӯст ва чашму забони эшон чӣ тасарруф кардааст, эшон бад-ин ҳол шуданд ва вориси эшон мол қисмат карда ва хуш мехӯранд ва зани эшон бо шавҳари дигар тамошо мекунад, вайро фаромӯш кард, пас аз як як ӣқрони хеш биандешад ва аз тамошову ханда ва ғафлату машғулии эшон ба тадбир коре, ки бист сол бад-он нахостанд, расид ва аз он ранҷи бисёр мекашиданд ва кафани эшон дар дӯкони гозур шуста ва эшон аз он бехабар, пас бо хештан гӯяд, ки: ту низ ҳамчун эшонӣ ва ғафлату ҳирсу ҳамоқати ту ҳамчун ғафлати эшон аст, туро ин давлат баромад, ки эшон аз пеш шуданд, то ибрат гирӣ «Фа инна-с-саъида ман вуъизза биғайриҳи»
некбахт он аст, ки вайро ба дигаре панд диҳанд, пас дар дасту пой ва ангуштони хеш ва дар чашму забони хеш андеша кунад, ки ҳама аз якдигар ҷудо хоҳад шуд, ҳар чӣ зудтар ва алафи кирму ҳашароти замин хоҳад буд ва сурати хеш дар гӯр, дар хаёли хеш оварад: мурдоре ганда ва табоҳ шуда ва аз ҳам фурӯ шуда; ин ва амсоли ин ҳар рӯз як соат бо хештан мегӯяд, то бошад, ки ботини вай аз марг огоҳӣ ёбад, ки ёдкарди ба зоҳир дар дил асаре надорад ва одамӣҳамеша медидааст, ки ҷаноза мебаранд, ҳамеша хештанро назорагии марг дидааст, пиндорад, ки ҳамеша назораи марг хоҳад кард ва хештанро ҳаргиз мурда надидаст ва ҳар чӣ надида бошад, дар ваҳми вай наёяд. Ва расул салавотуллоҳу
1 Бон: долон, даҳлез.
алайҳи аз ин гуфт, дар хутба, ки: «Рост гӯи ин марг на бар мо набиштаанд ва ин ҷанозаҳо, ки ҳамебаранд, рост гӯӣ мусофиронанд, ки зуд бозхоҳанд омад, эшонро дар хок ҳамекунем ва мероси эшон ҳамехӯрем ва аз хештан ғофил!». Ва бештар сабаби ёд нокардани тӯли амал аст ва асли ҳама фасодҳо, вай аст.
(Пайдо кардани фазилати амали кӯтоҳ) Бидон, киҳар кӣ дар дили хеш сурат кард, ки зиндагонӣ бисёр хоҳад ёфтан, то дере бизияд ва марги вай нахоҳад буд, аз вай ҳеч кори динӣ наёяд, ки вай мегӯяд бо хештан, ки: рӯзгор дар пеш аст, ҳар гоҳ, ки хоҳӣ, метавон кард, дарҳол роҳи осоиш гир. Ва чун марги хеш наздик пиндорад, ҳама ҳол ба тадбир машғул бошад ва ин асли ҳама саодатҳост.
Расул салавотуллоҳу алайҳи ибни Умарро гуфт: «Бомдод, ки бархезӣ бо хештан магӯй, ки шабонгоҳро зинда бошӣ ва аз зиндагонӣ зоди марг биситон ва аз тандурустӣ зоди беморӣ баргир, ки надонӣ, ки фардо номи ту назди Худои таъоло чӣ хоҳад буд!». Ва гуфт саллаллоҳу алайҳи ва саллам: «Аз ҳеч чиз бар шумо чунон наметарсам, ки аз ду хислат: аз паси ҳаво фаро шудан ва умеди зиндагонии дароз доштан». Ва Асома чизе харид ба нася то як моҳ, расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Аҷаб намояд аз Асома, ки то як моҳ чизе харидааст», «Инна усомата литавилу-ламалу» наҳмор дарозумед аст дар зиндагонӣ, бад-он Худой, ки нафси ман ба дасти вай аст, ки чашм барҳам назанам, ки напиндорам, ки пеш аз он ки аз ҳам баргирам ва чашм аз ҳам барнагирам, ки напиндорам, ки пеш аз барҳам ниҳодан марг дарояд ва ҳеч луқма дар даҳон наниҳам, ки на пиндорам, ки ба сабаби марг дар гулӯи ман бихоҳад монд — он гоҳ гуфт:
«Ё мардумон, агар ақл доред, хештан мурда ангоред, ки ба Худое, ки ҷони ман ба дасти вай аст, ки он чи шуморо ваъда кардаанд, биёяд ва аз он халос наёбед». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи чун об тохтан1 кардӣ, дар вақт таяммум кардӣ, гуфтандӣ об наздик аст, гуфт: «Набояд ки то он вақт зинда набошам». Ва Абдуллоҳ ибни Масъуд мегӯяд, ки: расул салавотуллоҳу алайҳи хатте мураббаъ бикашид ва дар миёни он хатте рост ва аз ҳар ду ҷониби он хат хаттҳои хурд бикашид ва гуфт: «Ин хат дар даруни мураббаъ одамист ва ин хатти мураббаъ аҷал аст, гирди вай гирифта, ки аз вай наҷаҳад ва ин хаттҳои хурд аз ҳар ду ҷониб офат ва балост бар роҳи вай, ки агар аз яке биҷаҳад, аз дигаре наҷаҳад, то он гоҳ, ки бияфтад, афтодани марг ва он хатти берунии мураббаъ амал ва умеди
1 Тохтан: рехтан; об тохтан: идрор кардан вай аст, ки ҳамеша андешаи коре кунад, ки он дар илми Худои таъоло, пас аз аҷали вай хоҳад буд. Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт:
«Одамӣҳар рӯз пиртар мешавад ва ду чиз аз вай ҷавон мешавад: боясти1 мол ва боясти умр». Ва дар хабар аст, ки Исо алайҳиссалом пиреро дид, бел дар даст ва кор мекард, гуфт: «Бор худоё, амал аз дили вай берун кун, бел аз дасти вай бияфтод ва бихуфт, чун соате буд, гуфт: бор Худоё, амал бо вай деҳ, пир бархост ва дар кор истод, Исо аз вай пурсид, ки: ин чӣ буд?» Гуфт: «Дар дили ман омад, ки кор чаро мекунӣ, пир шудаӣ, зуд бимирӣ, бел биниҳодам, пас дигар бор дир дили ман омад, ки лобуд туро нон бояд, то бимирӣ, боз бархостам». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Хоҳед, ки дар биҳишт шавед?» Гуфтанд: хоҳем. Гуфт: «Амал кӯтоҳ кунед ва марг дар пеши чашми хеш доред пайваста ва аз Худои таъоло шарм доред, чунон ки ҳақ вай аст». Пире аз Рай номае набишт ба касе, ки:
аммо баъд, дунё хоб аст ва охират бедорӣ ва дар миёна марг ва ҳар чӣ мо дар онем, ҳама азғоси иҳлом2 вассалом.
(Асбоби тӯли амал)
Бидон, ки одамӣ зиндагонии дароз дар дили хеш сурат кардааст аз ду сабаб: якеҷаҳл ва яке дӯстии дунё. Аммо дӯстии дунё чун ғолиб шуд, марг дӯсти вайро аз вай биситонад, вайро душман дорад ва мувофиқи вай набувад ва одамӣҳар чӣ мувофиқи вай набошад, аз хеш дур меандозад ва хештанро ишва медиҳад ва ҳама дар дили хеш он сурат кунад, ки бар вифқи орзуи вай бувад, пас ҳамеша зиндагониву мол ва зану фарзанд ва асбоби дунё бо хаёли худ тақдир мекунад, ки бар ҷой бошад ва маргро, ки мухолифи орзуи вай аст, фаромӯш кунад, агар вақте ба хотири вай дарояд, тасвиф3 кунад ва гӯяд: эй мард, рӯзгор дар пеш аст, кори марг битавон сохт, чун бузург бибошад, гӯяд: эй мард, сабр кун, то пирӣ, чун пир шавад гӯяд, чунон ки ин иморат тамом шавад ва ин фарзандро ҷиҳоз созӣ ва дил аз вай фориғ кунӣ ва ин зиёъро об берун кунӣ, то дил аз қувват фориғ шавад, то лаззати ибодат ёбӣ ва ин душманро, ки шамотат кардааст, молиш диҳӣ ва ҳамчунин таъхир мекунад, то фориғ шавад ва аз ҳар шуғле даҳ шуғли дигар низ таваллуд кунад ва он аблаҳ надонад, ки аз дунё ҳаргиз фароғат набувад, илло ба тарки вай ва пиндорад, ки вақте фориғ хоҳад шуд, ҳамчунин ҳар рӯз таъхир мекунад, то ногоҳ марг
1 Ҳирс.
2 Хобҳои шӯрида ва парешон.
3 Суф гуфтан — имрӯзу фардо кардан.
даррасад ва ҳасрат бимонад. Ва аз ин аст, ки бештар фарёди аҳли дӯзах аз тасвиф аст. Ва асли ин ҳама ҳубби дунёст ва ғафлат аз ин, ки расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар киро мехоҳӣ, дӯст медор, ки аз ту бозхоҳанд ситадан!».
Ва аммо ҷаҳл он аст, ки бар ҷавоне эътимод кунад ва ин қадар надонад ки, то пире бимирад, ҳазор кӯдаку ҷавон бимирад ва дар шаҳр иддаи пирон камтар бошад: аз он ки ба пирӣ нарасанд, илло андаке ва дигар он ки андар тандурустӣ марги муфоҷо баъид пиндорад ва ин миқдор надонад, ки агар марги муфоҷот нодир аст, бемории муфоҷо нодир нест, ки ҳама бемориҳо муфоҷо бошад, чун беморӣ омад, марг, ки беморӣ бошад, нодир нест. Пас, ҳамеша нақд бар марг мекунад дар пеши хеш, аммо чун офтоб, на чун соя, ки дар пеши вай меравад ҳамеша, ки ҳаргиз дар вай нарасад.
(Илоҷи тӯли амал)
Бидон, ки илоҷ дафъи сабаб бувад, чун сабаб бидонистӣ, ба дафъи он машғул бошед. Аммо сабаби дӯстии дунёро илоҷ бад-он кунад, ки гуфтаем дар китоби «Ҳубби дунё» ва дар ҷумла ҳар кӣ дунёро бидонад, дунёро дӯст надорад: ки бидонад, ки лаззати вай рӯзе чанд аст, ки ба марг ночор ботил шавад ва он гоҳ дар ҳоли мунағғас ва мукаддар аст ва аз ранҷ холӣ нест ва ҳаргиз касеро софӣ нашудааст; ва ҳар кӣ аз тӯли охират биандешад ва аз мухтасари умр донад, ки фурӯхтани охират ба дунё ҳамчунон бувад, ки касе дираме дар хоб дӯсттар дорад аз диноре дар бедорӣ, ки дунё чун хобест: (Анносу ниёмун, фа изо моту антабаҳу)1 ва аммо ҷаҳлро илоҷ ба фикри софӣ ва маърифати ҳақиқӣ кунад: ки бидонад, ки марг чунки ба дасти вай нест, он вақт биёяд, ки хоҳад, то бар ҷавонӣ эътимод накунад ё бар коре дигар.
(Дараҷоти тӯли амал)
Бидон, ки халқ андар ин мутафовитанд: кас бувад, ки он хоҳад — ки ҳамеша дар дунё мебувад, чунон ки Ҳақ таъоло гуфт: «Йавадду аҳадуҳум лав йуъаммару алфа санатин»2; ва кас бувад, ки хоҳад, ки пир шавад; ва кас бувад, ки як сол умед беш надорад, тадбири дигар сол накунад ва кас бувад, ки рӯзе беш умед надорад, тадбири фардо накунад, чунон ки Исо
1 Мардумон хуфтагонанд ва чун бимиранд, бедор шаванд.
2 Аз эшон дӯст дорад, ки чи шавад, то ҳазор сол зист кунад.
алайҳиссалом гуфт: «Андӯҳи рӯзии фардо мабаред, ки агар аҷал монда бошад, рӯзӣ монда бошад ва агар зиндагонӣ намонда бошад, ранҷи рӯзии дигарон чӣ кашӣ?» Ва кас бошад, ки як соат низ умед надорад; чунонки расул салавотуллоҳу алайҳи таяммум кард ба вақти об тохтан, ки набояд ки ба об нарасад ва кас бувад, ки марг дар пеши чашми вай бошад ва ҳеч ғоиб набувад, чунон ки расул салавотуллоҳу алайҳи Муозро пурсид аз ҳақиқати имони вай, гуфт: «Ҳеч гом барнагирифтам, ки на пиндоштам, ки дигар баргирам». Ва Асвади Ҳабашӣ намоз мекардӣ ва аз ҳар ҷое менигаридӣ, гуфтандӣ: чи менигарӣ? Гуфтӣ: «То Малакулмавт аз кадом сӯ фароз ояд».
Ва дар ҷумла халқ дар ин мутафовитанд ва ҳар кӣ умеди як моҳ беш надорад, вайро фазл аст, он кас, ки умеди чиҳил рӯз дорад, масалан ва асари он дар муомилати вай пайдо ояд: ки касеро ду бародар бошад ғоиб, яке то моҳе бад-ӯ расад ва яке то соле, тадбири кор ин кунад, ки то моҳе меояд ва дар тадбири он дигар таъхир кунад, пас ҳар касе бошад, ки пиндорад, ки кӯтоҳамал аст, валекин нишони он шитоб ва мубодират аст, ба амал ва ба ғанимат доштани як нафас, ки мӯҳлат медиҳанд, чунон ки расул саллаллоҳу алайҳи — гуфт: «Панҷ чиз пеш аз панҷ чиз ба ғанимат гиред: ҷавонӣ пеш аз пирӣ ва тандурустӣ пеш аз беморӣ ва тавонгарӣ пеш аз дарвешӣ ва фароғат пеш аз шуғл ва зиндагонӣ пеш аз марг». Ва гуфт: «Ду неъмат аст, ки бештари халқ мағбунанд дар он: тандурустӣ ва фароғат». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи чун асари ғафлате дидӣ аз саҳоба, мунодӣ кардӣ миёни эшон, ки марг омад ва овард, аммо шақоват ва аммо саодат ва Ҳазифа мегӯяд, ҳеч рӯз нест, ки на бомдод мунодӣ мекунад, ки эй мардумон, арраҳилу арраҳилу!1 Ва Довуди Тоиро диданд, ки ба шитоб мешуд ба намоз, гуфтанд: ин чи шитоб аст? Гуфт: «Лашкар дар шаҳр аст, мунтазири мананд, яъне мурдагони гӯристон, то маро набаранд, барнахоҳанд хост аз ин ҷо». Абӯмӯсои Ашъарӣ ба охири умр ҷаҳди бисёр ҳамекард, гуфтанд: агар рифқ кунӣ, чӣ бувад? Гуфт: «Асбро, ки бидавонанд, ҳама ҷаҳдҳои хеш ба охири майдон бикунад ва ин охири майдони умри ман аст, ки марг наздик расид, аз ин ҷаҳд ҳеч бознагирам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё