Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ин ва амсоли ин аломот бисёр аст, ҳар кӣ дӯстии вай тамом бувад, ҳама дар вай мавҷуд бувад ва он ки дар вай баъзе аз ин бувад, дӯстӣ ба қадри он бувад.
(Пайдо кардани маънии шавқ ба Худои таъоло) Бидон, киҳар кӣ муҳаббат инкор кард, шавқ низ инкор кард, дар дуои расул аст — салавотуллоҳу алайҳи: «Асъалука-ш-шавқа ило лиқоика ва лаззата-н-назари ило ваҷҳика-л-карим»1. Ва гуфт: «Худои таъоло ҳамегӯяд: тола шавқу-л-аброри ило лиқоӣ ва инни ило лиқоиҳим ло шадду шавқан — дароз шуд орзумандии некмардон ба ман ва ман бо эшон орзумандамтарам аз эшон». Пас, бояд, ки маънии шавқ бишиносӣ, ки шавқ ба Худои таъоло чист, ки муҳаббат бе шавқ набувад, валекин ҳар киро асло надонанд, шавқ ба вай набувад ва агар донанд ва ҳозир бувад ва ҳамебинанд, ҳам шавқ набувад, пас шавқ ба чизе бувад, ки аз ваҷҳе ҳозир бувад ва аз ваҷҳе ғоиб, чун маъшуқ, ки дар хаёл ҳозир бувад ва аз чашм ғоиб ва маънии шавқ тақозо ва талаби он бувад, ки дар чашм ҳозир ояд, то идрок тамом шавад; пас аз ин бишиносӣ, ки шавқ ба Худои таъоло дар дунё мумкин нагардад, ки бирасад: ки вай дар маърифат ҳозир аст, валекин аз мушоҳида ғоиб аст ва мушоҳида камоли маърифат аст, чунон ки дидор камоли хаёл аст ва ин шавқҷуз ба марг барнахезад. Ва навъе дигар аз шавқ бимонад, ки дар охират низ барнахезад, ки нуқсони идрок дар ин ҷаҳон аз ду ваҷҳ аст: яке он ки маърифат идрокест монанди дидор, пас пардаи борик2 ё дидор ба вақти исфор3 пеш аз он ки офтоб барояд ва ин дар охират равшан шавад ва ин шавқ мунқатеъ шавад, дигар он ки
1 Худоё аз ту мехоҳам шавқи дидор ва лаззати нигоҳ ба рӯи бузургворатро.
2 Нозукрақиқ.
3 Равшании сапедаи субҳ.
касе маъшуқ дорад, ки рӯи вай дида бошад, валекин мӯй ва аъзои вай надида бошад ва донад, ки он ҳама некӯст, шавқи дидори он бошад, ҳамчунин ҷамоли ҳазрати Илоҳиятро ниҳоят нест; ва агар касе бисёр бидонад, он чи монда бошад, зиёдат бувад, чи маълумоти вайро ниҳоят нест ва то ҳамаро надонад, ҷамоли ҳазрат дарнаёфта бошад ва ин одамиро на дар ин ҷаҳон мумкин аст ва на дар он ҷаҳон, ки ҳаргиз илми одамӣ бениҳоят нашавад; пас ҳар чиз, ки дар охират дидор меафзояд, лаззат меафзояд ва он бениҳоят бувад, чун назари дил бад-он бувад, ки ҳозир аст ҳоли ҳама фарруху шодӣ бувад, бад-он ва онро унс гӯянд ва чун назар бад-он бувад, ки мондааст ҳоли дил тақозову талаб бувад ва онро шавқ гӯянд ва ин шавқро охир нест на дар ин ҷаҳон ва на дар он ҷаҳон ва ҳамеша дар охират мегӯянд, «раббано атмим лано нурано»1, чи ҳар чӣ ошкоро мешавад, аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ҳама анвор бувад ва эшонро талаби тамомии он мебошад, валекин боргоҳ надоранд, ки касе Худойро ба камоли ҷуз Худой нашиносад, чун ба камол натавон шинохт, ба камол ҳам натавон дид, лекин муштоқонро роҳ кушода бувад, то бардавоми он кашф ва он дидор меафзояд, ҳақиқати лаззати бениҳоят дар биҳишт ин бувад ва агар на ин будӣ, ҳамоно ки огоҳии лаззат бишудӣ, ки ҳар чӣ доим шуд ва дил фаро он кард, аз лаззати он огоҳӣ наёбад, то он гоҳ, ки тоза чизе ба вай мерасад. Пас, наими аҳли биҳишт ҳар лаҳза тоза мешавад, чунон ки дар ҳозир гузаштаро мухтасар мебинад, ки ҳар рӯз зиёдат бувад. Ва аз ин асл низ маънии унс бишинохтӣ, ки унс изофати ҳолати дил аст, боз он чи ҳозир аст, чун илтифот накунад, бад-он чи мондааст, чун илтифот кунад, ҳолати шавқ бувад, пас ҳама муҳиббони Ҳақ таъоло дар ин ҷаҳон ва он ҷаҳон миёни унсу шавқ мегарданд ва дар ахбори Довуд аст алайҳиссалом ки: Худои таъоло гуфт: «Ё Довуд, аҳли заминро хабар деҳ аз ман, ки дӯсти онам, ки маро дӯст дорад ва ҳамнишини онам, ки бо ман ба хилват бинишинад ва муниси онам, ки бо ёдкарди ман унс гирад ва рафиқи онам, ки рафиқи ман аст ва гузидаи онам, ки маро баргузинад ва фармонбардори онам, ки маро фармон барад ва ҳеч банда маро дӯст надорад — ва ман аз дили вай донистам — ки на вайро дӯст гирифтам ва бар дигарон муқаддам доштам, ҳар кӣ маро ҷӯяд, ба ҳақ биёбад ва ҳар кӣ дигареро ҷӯяд, маро наёбад ё аҳли замин, пой надоред дар ин корҳо, ки бад-он фирефта шудаед ва рӯй ба сӯҳбат ва муҷолисат ва муонисати ман оваред ва ба ман унс гиред, то ба шумо унс гирам, ки ман тинати дӯстони хеш аз тинати Иброҳим офаридам, дӯсти ман ва Мӯсо ҳамрози ман ва Муҳаммад баргузидаи ман
1 Парвардигор равшаниро барои мо комил кун.
ва дили муштоқони хеш аз нури худ офаридам ва ба ҷалоли худ парвардам. Ва ба баъзе анбиё ваҳй омад, ки маро бандагонанд, ки маро дӯст доранд ва ман эшонро дӯст дорам ва орзуманди мананд ва ман орзуманди эшон, маро ёд кунанд ва ман эшонро ёд кунам, назари эшон ба ман аст ва назари ман ба эшон, агар шумо низ роҳи эшон гиред, шуморо дӯст гирам ва агар аз роҳи эшон бигардед, шуморо душман гирам. Ин ва амсоли ин ахбор дар муҳаббат ва шавқ бисёр аст ва ин қадар ин ҷо кифоят бувад.
(Пайдо кардани ҳақиқати ризо ва фазилати он) Бидон, ки ризо ба қазои Ҳақ таъоло баландтарин мақомот аст ва ҳеч мақом варои он нест, чи муҳаббат мақоми беҳтарин аст ва ризо ба қазои Худои таъоло, самараи муҳаббат аст, на самараи ҳар муҳаббате, бал самараи муҳаббате аст, ки баркамол бувад ва аз ин гуфт расул — салавотуллоҳу алайҳи: «Ар-ризо бил-қазо бобуллоҳи—л-аъзаму». Гуфт:
«Даргоҳи меҳини Ҳақ таъоло, ризост ба қазои вай». Ва чун расул салавотуллоҳу алайҳи аз қавме бипурсид, ки: «Нишони имони шумо чист?» Гуфтанд: дар бало сабр кунем ва бар неъмат шукр кунем ва ба қазо ризо диҳем, гуфт: «Ҳукамоанд ва уламо наздик аст аз азимии қуввати эшон, ки анбиё бошанд». Ва гуфт: «Чун қиёмат бувад, гурӯҳеро аз уммати ман пару бол офаринад, то ба биҳишт паранд», фариштагон эшонро гӯянд: «Ҳисобу тарозу сироти ҳама бидидед?» Гӯянд: «Аз ин ҳама ҳеч чиз надидем», гӯянд: «Шумо кистед?» Гӯянд: «Аз уммати Муҳаммадем», гӯянд: «Пас, амали шумо чӣ буд, ки ин ҳама каромат ёфтед?» Гӯянд: «Дар мо ду хислат буд: яке он ки дар хилват шарм доштем, ки маъсият кунем ва дигар он ки розӣ будем ба ризқи андак, ки Худои таъоло дод моро».
Малоика гӯянд: «Ҳақ аст шуморо ин дараҷа». Қавми Мӯсо алайҳиссалом вайро гуфтанд, ки аз Худои таъоло бипурс, то он чист, ки хушнудии вай дар он аст, то он кунем? Ваҳй омад, ки: «Аз ман хушнуд бошед, то аз шумо хушнуд бошам». Ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом ки: «Авлиёи маро бо андӯҳу ниёҳат1 кор аст, ки он ҳаловати муноҷоти ман дар дили эшон бияфзояд, ё Довуд, ман аз дӯстони хеш он дӯст дорам, ки рӯҳонӣ бошанд: ғами ҳеч чиз нахӯранд ва дил дар ҳеч чиз аз дунё набанданд» ва гуфт, расули Худой салавотуллоҳу алайҳи ки: «Худои таъоло мегӯяд:
манам он Худой, ки ҷуз ман Худой нест: ҳар кӣ бар балои ман сабр накунад ва бар неъмати ман шукр ба ҷой наёварад, ба қазои ман розӣ
1 Навҳа ва зорӣ кардан.
набошад, ӯро гӯй, худои дигар талаб кун». Ва гуфт: «Худои таъоло мегӯяд:
тақдир бикардам ва тадбир кардам ва сунъи хеш маҳкам бикардам ва ба ҳар чӣ хоҳад буд, ҳукм кардам, ҳар кӣ розист, ризои ман вайрост ва ҳар нест хашми ман вайрост, то он гоҳ, ки маро бинад». Ва гуфт: «Худой гуфт:
хайру шарр биёфаридам, хунук он ки ӯро барои хайр офаридам ва бар дасти вай хайр осон бикардам ва вой бар он ки барои шар офаридам ва бар дасти вай шар осон бикардам ва вой бар он ки гӯяд, чаро ва чун?!»
Ва яке анбиё, бист сол ба гуруснагиву бараҳнагӣ ва меҳнати бисёр мубтало буд ва дуо мекард, аҷобат набуд, ваҳй омад, ки пеш аз он ки осмону замин офаридам, насиби ту аз қисмату тақдири ман ин буд, мехоҳӣ, ки офаридани осмону замин ва тадбири малакут бо сари шум барои ту ва он чи кардаам, ба дил кунам, то он бувад, ки ту хоҳӣ, на он бувад, ки ман ва кор чунон бувад, ки ту дӯст дорӣ на чунон ки ман? Ба иззати ман, агар ин низ дар дили ту биҷунбад, ном аз девони нубувват маҳв кунам. Ва Анис мегӯяд: бист сол хидмат кардам расулро салавотуллоҳу алайҳи, ки ҳеч чизро, ки бикардам, нагуфт, ки чаро кардӣ ва он ки накардам, нагуфт, ки чаро накардӣ, лекин чун бо ман касе хусумате кардӣ, гуфтӣ, ки: агар қазо карда будӣ, карда омадӣ. Ва ваҳй омад ба Довуд алайҳиссалом ки: «Ё Довуд, ту хоҳӣ ва ман хоҳам ва набувад, илло он чи ман хоҳам, агар таслим кунӣ, ба он чи ман хоҳам, кифоят кунам он чи ту хоҳӣ ва он гоҳ набувад, илло он чи ман хоҳам».
Умар ибни Абдулазиз гуфт: «Шодии ман дар он аст, ки тақдир аст, то тақдир чӣ бувад?» Ва гуфтанд: «Чӣ хоҳӣ?» Гуфт: «Он чи вай қазо кардааст». Ибни Масъуд гӯяд: «Оташ хӯрам, дӯсттар дорам аз он ки чизе, ки бувад гӯям: кошкӣ набудӣ ё чизе, ки набувад гӯям: кошкӣ будӣ». Ва яке аз ибоди бани Исроил ҷаҳди бисёр кард дар ибодат рӯзгоре дароз, пас ба хоб дид, ки рафиқи ту дар биҳишт фулон зан аст, пас вайро талаб кард, то ибодат бинад аз вай, на намози шаб дид ва на рӯзаи рӯз, магар фароиз, гуфт: «Маро бигӯй, кирдори ту чист?» Гуфт: «Ин ки дидӣ», то бисёре илҳоҳ кард, охир ёд овард ва гуфт: «Як хислатаке дар ман аст: ки агар дар бало ва беморие бошам, нахоҳам, ки дар офият бошам ва агар дар офтоб бошам, нахоҳам, ки дар соя бошам ва агар дар соя бошам, нахоҳам, ки дар офтоб бошам ва бад-он чи вай кунад, розӣ бошам», обид даст бар сар ниҳоду гуфт: «Ин хислатаке нест, ки хислате бузург аст».
Ҳақиқати ризо
Бидон, ки гурӯҳе гуфтаанд, ки ризо ба бало ва он чи ба хилофи ҳаво бошад, мумкин нест, балки ғояти он сабр аст ва ин хатост; балки чун дӯстӣғолиб шуд, ризо ба хилофи ҳаво мумкин аст, аз ду ваҷҳ: яке он ки чунон мустағриқ ва мадҳуш шавад ба ишқ, ки аз худ огоҳӣ наёбад, чунон ки касе дар ҷанг чунон ба хашм машғул шавад, ки ҷароҳат дард наёбад ва бошад, ки ҷароҳат расад, хабар надорад, то чун ба чашм набинад ва касе дар хидмате меравад, хор дар пои вай мешавад, огоҳӣ наёбад ва чун дил машғул шавад, огоҳии гуруснагиву ташнагӣ бишавад ва чун ин ҳама дар ишқи махлуқ ва ҳирси дунё мумкин аст, чаро дар ишқи Ҳақ таъоло ва дӯстии охират мумкин нест? Ва маълум аст, ки ҷамоли сурати маъонӣ дар ботин азимтар аст аз ҷамоли суратҳои зоҳир, ки ба ҳақиқат пӯсте аст бар мазбалае кашида ва чашми басират, ки бад-он ҷамоли ботин дарёбанд, равшантар аст аз чашми зоҳир, ки ғалат бисёр кунад: то бузургро хурд бинад ва дурро наздик. Ваҷҳи дигар он ки алам дарёбад, валекин чун донад, ки ризои дӯсти вай дар он аст, бад-он розӣ бошад, чунон ки агар дӯст вайро фармояд, ки ҳиҷомат кун ё доруе талх хӯр, бадон розӣ шавад, дар шараҳи он ки ризои дӯст ҳосил кунад. Пас, ҳар кӣ донад, ки ризои Ҳақ таъоло дар он аст, ки ба он чи бо вай кунад, ризо диҳад ва ба дарвешиву беморӣ ва бало сабр кунад, розӣ шавад, чунон ки ҳариси дунё бар ранҷи сафар ва хатари дарё ва корҳои душхор розӣ бувад. Ва муҳиббон бисёр бад-ин дараҷа расидаанд: зани Фатҳи Мавсалиро нохун бишикаст, ки бияфтод, бихандид, гуфтанд: дард наёфтӣ? Гуфт: «Шодии савоб ин огоҳии дард бибарад». Саҳли Тустарӣ иллате доштӣ, дору накардӣ, гуфтанд: чаро дору накунӣ? Гуфт: «Эй дӯст, надонӣ, ки захми дӯст дард накунад?» Ҷунайд гуфт: «Сарии Сақатиро гуфтам, ки: муҳиб алам ёбад?» Гуфт: «На», гуфтам: «Ва агар ба шамшер бизананд?» Гуфт: «На ва агар ҳафтод зарбат аз шамшер бизананд». Ва яке мегӯяд: ҳар чӣ вай дӯст дорад, ман дӯст дорам ва агар хоҳад, ки дар дӯзах шавам, бад-он розӣ бошам ва дӯст дорам. Бушр мегӯяд: «Якеро дар Бағдод ҳазор чӯб бизаданд, ки сухан нагуфт, гуфтам: чаро бонг накардӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё