Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Ва чунон ки ошиқи канизак, ки дар фироқ хоҳад хештанро дар обу оташ афканад ва хоҳад, ки вайро каждуме даргазад, то аз он дард бираҳад, ҳамчунин он, ки вайро дар гӯр азоб хоҳад буд, хоҳад, ки бадали он ранҷ каждуму мор будӣ, ки дар ин ҷаҳон мардумон донанд, ки ин захм бар тан
1 Бурдед хушиҳои худро дар зиндагонии дунёи худатон ва аз он баҳраманд шудед.
кунад ва аз берун кунад; ва он захм бар миёни ҷон кунад ва аз дарун кунад ва ҳеч чашми зоҳир вайро набинад.
Пас, ба ҳақиқат ҳар кас сабаби азоби хеш бо худ мебарад, аз ин ҷо ва он дар андаруни эшон аст ва барои ин гуфт Мустафо салавотуллоҳи алайҳи: «Иннамо ҳийа аъмолукум турадду илайкум». Гуфт: «Ин уқубат беш аз он нест, ки ҳам аз они шумо фаро пеши шумо ниҳад». Ва барои ин гуфт азза ва ҷалла: «Агар шуморо илми яқин астӣ, худ дӯзахро мебинӣ». «Калло лав таъламуна ъилма-л-йақини. Ла таравунна-лҷаҳими. Сумма латаравуннаҳо ъайна-л-йақини». Ва барои ин гуфт: «Ва инна ҷаҳаннама ла муҳитатун би-л-кофирина» – «дӯзах бо эшон муҳит аст ва бо эшон ба ҳам аст»; ва нагуфт: «Муҳит хоҳанд буд».
ФАСЛИ (НӮҲУМ)
[Аждарҳои гӯрро ба чашми сар натавон дид] Ҳамоно ки гӯӣ: аз зоҳири шаръ маълум аст, ки ин аждарҳо бибинанд ба чашми сар, он аждарҳо, ки дар миёни ҷон аст, диданӣ нест! Бидон, ки ин аждарҳо диданӣ аст, валекин ҳам мурда бинад ва касоне, ки дар ин олам бошанд, набинанд, ки чизеро, ки аз он олам бошад, ба чашми ин олам натавон дид. Ва ин аждарҳо мурдаро мутамассил1, то ҳамчунон мебинад, ки дар ин ҷаҳон мебинад. Валекин ту набинӣ, чунон ки хуфта бисёр бинад, ки вайро мор мегазад ва он ки дар бари вай нишаста бошад, набинад. Ва он мор хуфтаро мавҷуд аст ва ранҷ вайро ҳосил ва дар ҳаққи бедор маъдум аст. Ва аз он ки бедор вайро намебинад, аз ранҷи вай ҳеч чиз камтар нашавад.
Ва чун хуфта ба хоб бинад, ки мор вайро мегазад, он захми душмане аст, ки бар вай зафар хоҳад ёфт. Ва он ранҷи рӯҳонӣ бувад ва бар дил бошад, валекин мисоли он чун аз ин олам ба орият хоҳанд, море бошад; ва бошад ки чун он душман бар вай зафар ёбад, гӯяд: «Таъбири хоби хеш бидидам». Пас гӯяд: «Кошки маро мор бигазидӣ ва ин душман бар ман коми хеш нарондӣ», ки ин азоб бар дили вай аз он чи ки бар тан бошад ва аз мор азимтар бувад. Пас агар гӯӣ, ки ин мор маъдум аст ва он чи вайро мегазад хаёле аст! Бидон, ки ин ғалате азим аст, балки он мор мавҷуд аст.
Ва маънии мавҷуд «ёфта» бувад ва маънии маъдум «ноёфта» бувад. Ва ҳар чи ёфтаи ту шуд дар хоб ва ту онро мебинӣ, он мавҷуд аст, дар ҳаққи ту, агарчи ҳеч каси дигар онро натавонад дид. Ва ҳар чи ту онро
1 Барои мурда қобили эҳсос ва қобили тасаввур аст.
намебинӣ, ноёфта ва номавҷуди туст, агарчи ҳама халқ онро мебинанд.
Ва чун азоб ва сабаби азоб ҳар ду мурда ва хуфтаро ёфтааст, аз он ки дигаре набинад, дар он чи нуқсон ояд?
Аммо ин ҳаст, ки хуфта зуд бедор шавад ва аз он бираҳад. Пас, онро хаёле ном кунанд. Аммо мурда дар он бимонад, ки маргро охир нест, пас бо ӯ бимонад ва ҳамчун маҳсусоти ин олам бошад дар сабот.
Ва дар Қуръон ва дар шариат нест, ки он мору каждум ва аждарҳо, ки дар гӯр бошад, бад-ин чашми зоҳир умуми халқ битавонад дид, то дар олами шаҳодат бошанд. Аммо агар касе аз ин олам дур шавад, бад-он ки бихусбад ва ҳоли ин мурда вайро кашф кунанд вайро дар миёни мору каждум бинад. Ва анбиё ва авлиё низ дар бедорӣ бибинанд, ки он чи дигаронро дар хоб бошад, эшонро дар бедорӣ бошад ва олами маҳсусот эшонро аз мушоҳидаи корҳои он ҷаҳон ҳиҷоб накунад.
Пас ин итноб (дароз кардани сухан) бар он меравад, ки гурӯҳе аз аҳмақон, бад-он миқдор, ки дар гӯр нигаранд ва чизе набинанд – бад-ин чашми зоҳир – азобу-л-қабрро инкор кунанд ва ин аз он аст, ки роҳи фаро кори он ҷаҳон надонанд.
ФАСЛИ (ДАҲУМ)
[Азоби қабр барои ҳама нест] Ҳамоно ки гӯӣ: агар азобу-л-қабр аз ҷиҳати алоқаи дил аст ба ин олам, ҳеч кас аз ин холӣ набошад, ки зану фарзанд ва молу ҷоҳро дӯст дорад.
Пас ҳамаро азобу–л-қабр хоҳад буд ва ҳеч кас аз ин нараҳад. Ҷавоб он аст, ки на чунин аст, ки касоне бошанд, ки аз дунё сер шуда бошанд ва эшонро дар дунё ҳеч масарратгоҳ ва ҳеч осоишҷой намонда бошад ва орзуманди марг бошанд. Ва бисёре аз мусалмонон, ки дарвеш бошанд, чунин бошанд. Он қавм, ки тавонгар бошанд, низ бар ду гурӯҳ мебошанд: гурӯҳе боз он ки (бо он ки) ин асбобро дӯст доранд, Худойро азза ва ҷалла низ дӯст доранд, эшонро низ азобе набувад. Ва мисоли эшон чун касе бувад, ки сарое дорад ва шаҳре дорад, ки онро дӯст дорад, валекин риёсат ва салтанату кӯшку боғ аз он дӯсттар дорад; чун вайро маншури (фармони) султон ба риёсати шаҳре дигар расад, вайро берун шудан аз он ватан ҳеч ранҷ набошад, ки дӯстии хонаву сарою шаҳр дар он дӯстии риёсат, ки ғолибтар аст, ночиз гардад ва нопайдо шавад ва ҳеч асар бинамонад. Пас анбиё ва авлиё ва порсоёни мусалмонон агарчи дили эшонро ба зану фарзанд ва шаҳру ватан илтифоте бошад, чун дӯстии Худо пайдо ояд ва лаззати унс ба Вай пайвандад, он ҳама ночиз гардад ва ин лаззат ба марг пайдо ояд, пас эшон аз ин эмин бошанд. Аммо касоне, ки шаҳавоти дунёро дӯсттар доранд, аз ин азоб нараҳанд – ва бештар ин бошанд; ва барои ин гуфт Эзад азза ва ало: «Ва ин минкум илло воридуҳо кона ъало Раббика ҳатман мақзиййо. Сумма нунаҷҷӣ-ллазина-ттақу ва назару-з-золимина фиҳо ҷисиййо»1. Ин қавмро муддате азоб кунанд, пас чун аҳди эшон аз дунё дароз шавад, фаромӯш кунанд лаззати дунёро ва асли дӯстии Худои таъоло, ки дар дил буда бошад, боз падидор омадан истад. Ва масали вай чун касе бувад, ки вай сароеро дӯсттар дорад аз сарои дигар, ё шаҳреро аз шаҳре, ё занеро аз зани дигар, валекин он дигарро низ дӯст дорад; чун вайро аз дӯсттарин дур кунанд ва бад-он дигар уфтад, муддате дар фироқи он ранҷур бошад, он гоҳ онро фаромӯш кунад ва хӯй фаро он дигар кунад ва асли он дӯстӣ, ки дар дил будааст, ба муддати дароз подидор ояд.
Аммо он касе, ки Худои таъолоро аслан дӯст надорад вай андар он азоб бимонад, ки дӯстии вай ҳама боз он буд, ки аз вай бозситаданд, ба чӣ салват (тасаллӣ) аз он халос ёбад; ва яке аз асбоби он ки азоби кофир мухаллад (абадӣ) аст, ин аст.
Ва бидон, ки ҳар касе даъво мекунад, ки ман Худойро азза ва ҷалла дӯст дорам, ё аз дунё дӯсттар дорам – ва ин мазҳаби ҳама ҷаҳон аст ба забон – валекин инро маҳаке (санги тиллоозмоӣ) ва меъёре (асбоби санҷиши миқдори зари холис) ҳаст, ки бад-он бишиносанд; ва ин он бувад, ки ҳар ки нафсу шаҳват вайро чизе фармояд ва шаръи Худой хилофи он фармояд, агар дили худро ба фармони Худой моилтар бинад, худ Вайро дӯст медорад. Чунон ки касе, ки ду касро дӯст дорад ва якеро дӯсттар дорад, чун миёни эшон хилоф афтад, худро ба ҷониби дӯсттар моилтар бинад ва худро бад-ин бишиносад, ки вайро дӯст медорад. Ва чун чунин набувад, гуфт ба забон ҳеч суд надорад, ки он гуфт дурӯғ бувад.
Ва барои ин гуфт расул алайҳиссалом, ки: «Ҳамеша гӯяндагони «ло илоҳа иллаллоҳу» худро аз азоби Худой азза ва ҷалла ҳимоят мекунанд, то он гоҳ ки сафқаи (муомилаи) дунё бар сафқаи дин ихтиёр кунанд. Чун ин бикунанд, Худой азза ва ҷалла эшонро гӯяд: «Дурӯғ мегӯед, ки гуфт:
«Ло илоҳа иллаллоҳу» боз ин муомилат дурӯғ бувад».
Пас, аз ин ҷумлат бишинохтӣ, ки аҳли басират ба мушоҳидати ботин
1 Ва нест аз шумо касе, магар вориди он (дӯзах) шавад. Ин корест, ки ҳатман ба иродаи Парвардигори ту анҷом мешавад. Пас аз он раҳоӣ бахшем касонеро, ки парҳезкоранд ва ситамгаронро ба зону даромада дар он мегузорем.
бинанд, ки аз азобу-л-қабр кӣ хоҳад раст ва бидонанд, ки бештари халқнахоҳанд раст, валекин дар муддат ва дар шиддат тафовути бисёр аст, чунон ки дар алоқати эшон бо дунё тафовути бисёр аст.
ФАСЛИ (ЁЗДАҲУМ)
[Роҳи озмоиши эминӣ аз азоби қабр] Ҳамоно ки гурӯҳе аз аҳмақон ва мағрурон гӯянд, ки: «Агар азобу-лқабр бошад, мо аз ин эминем, ки моро ҳеч алоқате нест ва ҳастиву нестии он наздики мо яке аст». Ва ин даъвии муҳол бошад ва то наёзмояд, бинадонад. Агар чунон аст, ки ҳар чи вайро ҳаст, ҷумла дузд бибарад; ва ҳар қабул, ки вайро ҳаст, ба дигаре шавад, аз ақрони вай; ва ҳар мурид, ки вайро бошад, аз вай бигардад ва вайро мазаммат кунад, аз он дар дили вай ҳеч асаре накунад ва ҳамчунон бошад, ки моли дигаре бидузданд ва қабули дигаре ботил шавад, он гоҳ ин даъвии вай рост бувад. Ва бошад ки гӯяд, ки ман бар ин сифатам; ва мағрур бувад, то бинадузданд ва аз вай барнагарданд, бинадонад. Пас бояд, ки мол аз хештан ҷудо кунад ва аз қабул бигурезад ва худро биёзмояд, он гоҳ эътимод кунад, ки бисёр кас бувад ки пиндошт, ки вай бо зану канизак ҳеч алоқате надорад, чун талоқ дод ва бифурӯхт, оташи ишқ, ки дар дили вай пӯшида буд, падидор омад ва девонаву сӯхта гашт.
Пас, ҳар ки хоҳад, ки аз азобу-л-қабр раста бошад, бояд ки вайро бо дунё ҳеч алоқате набувад, илло ба зарурат – чунон ки касеро ба таҳоратҷой ҳоҷат бувад, вайро дӯст дорад – ба зарурат ва бихоҳад, ки аз он бираҳад; пас, бояд ки ҳирси вай ба таом ба меъда расонидан ҳамчунон бувад, ки бар фориғ кардани меъда аз таом, ки ҳар ду зарурат аст; ва ҳама корҳои бигар ҳамчунин. Пас, агар дил аз ин алоқа холӣ натавонад кард, бояд ки бо мувозибат бар ибодат ва бар зикри Худои таъоло унси зикр бар дили хеш ғолиб гардонад, чунон ки ғолибтар шавад ин дӯстӣ бар дӯстии дунё. Ва аз хештан ҳуҷҷату бурҳон мехоҳад бар ин маънӣ, ба мутобиати шариат ва тақдими фармони Ҳақ бар ҳавои хеш, агар нафси вай вайро итоат дорад, бар ин маънӣ худ эътимод кунад, ки аз азобу-л-қабр раст; ва агар на чунин бувад, тан ба азобу-л-қабр биниҳад, магар ки афви Эзад даррасад ва ӯро дарёбад.
ФАСЛИ (ДУВОЗДАҲУМ)
[Се ҷинси оташи дӯзахи рӯҳонӣ] Вақти он аст, ки дӯзахи рӯҳонӣ шарҳ кунем; ва ба рӯҳонӣ он хоҳем, ки рӯҳро бошад хос ва тан дар миён набувад; ва «Норуллоҳи-л-муқадату-ллатӣ татталиъу ъала-л-афъидати»1 ин бошад ва оташе аст, ки истилои вай бар дил бувад. Ва он оташ, ки дар тан овезад, онро ҷисмонӣ гӯянд.
Пас, бидон, ки дар дӯзахи рӯҳонӣ се ҷинс оташ бувад: яке оташи фироқи шаҳавоти дунёвӣ ва дуввум оташи ташвир (шармандагӣ) ва хиҷлати расвоиҳо ва саввум оташи маҳрум мондан аз ҷамоли ҳазрати Илоҳият ва навмед гаштан аз вай. Ва ин ҳар се оташро кор бо ҷону дил бошад, на бо тан. Ва лобуд аст шарҳи сабаби ин ҳар се оташ, ки аз ин ҷо бо хештан чи гуна баранд ва маънии вай ба мисоле, ки аз ин олам ба ория хоҳем намудан, маълум шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё