Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Дуввум он, ки — бидонӣ, ки сифоти одамӣ дар шаҳват ва лаззат ба як роҳ наёфаридаанд: аввал шаҳвати кӯдак дар хурдан бувад ва ҷуз он надонад, чун понздаҳсола шуд, лаззату шаҳвати занон дар вай падидор ояд, то ҳамаро талаби он фурӯ гузорад, чун наздики бист сол шуд, лаззати раёсату тафохур ва такосур ва талаби ҷоҳ дар вай падид ояд ва ин охири дараҷоти лаззоти дунёст, чунон ки дар Қуръон гуфт: «Иннамо-л-ҳайотудунйо лаъбун ва лаҳвун ва зийнатун ва тафохурун байнакум ва такосурун фи-л-амволи ва авлоди», пас чун аз ин бигузарад, агар дунё ба ҷумлагӣ ботини вайро табоҳ накунад ва дили вай бемор нагардонад, лаззати маърифати илм ва офаридгори олам ва асрори мулку малакут дар вай падид ояд ва чунон ки ҳар чӣ бозпас бувад, гузашта дар он мухтасар бувад; ин низ ҳама дар он мухтасар шавад ва лаззати биҳишт, лаззати шикаму фарҷ ва чашм беш нест, ки дар бӯстоне тамошо мекунад ва таом мехӯрад ва дар сабза ва оби равон кӯшкҳои нигорин менигарад ва ин шаҳват худ дар ин ҷаҳон дар ҷанби шаҳвати риёсату истило ва фармон додан ҳақиру мухтасар шавад, то ба маърифат чи расад: ки рӯҳбон бошад, ки савмиъа бар хештан зиндон кунад ва қуввати хеш бо қадри нахӯде оварад дар шараҳи ҷоҳ ва қабулу лаззати он, пас вай лаззати ҷоҳ аз биҳишт дӯсттар медорад, ки биҳишт аз лаззати фарҷу шикам ва чашм нест. Пас, лаззати ҷоҳ, ки ҳама шаҳавотро мухтасар бикард, дар лаззати маърифат фурӯ шавад ва бад-ин ҳама имон дорӣ, ки бад-ин ҳама расидаӣ ва кӯдак, ки ба шаҳвати ҷоҳ нарасида бошад, бад-ин имон надорад ва агар хоҳӣ, ки вайро лаззати раёсат маълум кунӣ, натавонӣ кард. Ориф дар дасти ту ва нобиноии ту ҳамчунон аст, ки ту дар дасти кӯдак, валекин агар андак моя ақл дорӣ ва тааммул кунӣ, ин пӯшида намонад.
Илоҷи сеюм — он ки дар аҳволи орифон назора кунӣ ва сухани эшон бишунавӣ, ки муханнас ва анин1, агарчи аз шаҳвати мубошират ва лаззати он хабар надорад, лекин чун мардон мебинад, ки ҳар чӣ доранд дар талаби он харҷ мекунанд, вайро илми зарурӣҳосил ояд, ки эшонро лаззате ва шаҳвате аст беруни ин ки вайрост. Робиа зане буд, бо вай ҳадиси биҳишт карданд, гуфт: «Алҷору сумма-д-дору — аввал худованди сарой, он гоҳ сарой». Ва Абӯсулаймони Доронӣ мегӯяд, ки: «Худои таъоло бандагонанд, ки бими дӯзах ва умеди биҳишт эшонро аз Худой машғул накунад»; ва яке аз дӯстони Маъруфи Кархӣ бо вай гуфт, ки:
бигӯй он чист, ки туро аз дунё ва аз халқ чунин нуфур кардааст ва ба ибодат машғул гаштаӣ, бими марг аст ё бими дӯзах ва умеди биҳишит?
Гуфт: «Ин чист? Подшоҳе, ки ин ҳама ба дасти вай аст, агар дӯстии вай бичашӣ, ин ҳама фаромӯш кунӣ ва агар туро бо вай маърифат ва ошноӣпадид ояд, аз ин ҳама нанг дорӣ. Бушри Ҳофиро ба ҷавоб диданд, вайро гуфтанд, ки: Абӯнасри Тимор ва Абдулваҳоби Варроқро кор чӣ гуна аст? Гуфт: «Ин соат эшонро дар биҳишт бигузоштам, таоми биҳишт
1 Касе, ки кори мардӣ аз ӯ сохта нест.
ҳамехӯранд, гуфтанд: ва ту чӣ? Гуфт: «Худои таъоло донист, ки маро ба таом ва шароби биҳишт рағбате нест, маро дидори хеш бидод. Ва Алӣ ИбнулМуваффақ мегӯяд, ки: биҳиштро ба хоб дидам ва халқ таоми бисёр ҳамехӯранд ва фариштагон аз ҳама таййиботи таом дар даҳони эшон мениҳоданд ва якеро дидам дар пеши ҳазиратулқудс чашм аз сар бияфтода ва мабҳут менигарид, Ризвонро гуфтам, ки: ин чист? Гуфт:
«Маъруфи Кархӣ аст, ки ибодати вай на аз бими дӯзах кард ва на ба умеди биҳишт кард, вайро назар мубоҳ бикардааст». Ва Абӯсулаймони Доронӣ мегӯяд: «Ҳар кӣ имрӯз ба хештан машғул аст, фардо ҳам чунин бувад». Ва Яҳё ибни Муоз мегӯяд: «Як шаб Боязидро дидам, аз намози шом ва намози хуфтан фориғ шуд, то бомдод бар сари ду пой нишаста, пошна аз ҷой баргирифта ва чашм аз сар мабҳутвор хира бимонда, ба охир саҷдае дароз бикард ва сар бароварду гуфт: бор Худоё, гурӯҳе туро талаб карданд, эшонро каромот додӣ, то бар об рафтанд ва дар ҳаво париданд ва ман ба ту паноҳам аз он ва гурӯҳеро ганҷҳои замин додӣ ва гурӯҳеро он бидодӣ, ки ба як шаб масофати бисёр бирафтанд ва хушнуд шуданд ва ман ба ту паноҳам аз ин, пас бознигарид, маро дид, гуфт: ё Яҳё, ин ҷоӣ?» Гуфтам: «Оре», гуфт: «Аз кай боз?» Гуфтам: «Аз дере ва гуфтам, пас чизе аз ин аҳвол бо ман бигӯ». Гуфт: «Он ки туро шояд бигӯям ва гуфт, маро дар малакути аъло ва малакути асфал бигардониданд ва аршу курсӣ ва осмонҳову биҳиштҳо ҳама бигардониданд ва гуфтанд бихоҳ аз ин ҳама ҳар чӣ хоҳӣ, туро диҳем, гуфтам: аз ин ҳама ҳеч нахоҳам», гуфт:
«Ту бандаи манӣҳаққо». Ва Абӯтуроби Нахшабиро муриде буд, азим, мустағриқ дар кори хеш, як бор Абӯтуроб вайро гуфт: «Агар Боязидро бинӣ, раво бувад», гуфт: «Ман машғулам аз Боязид», пас чанд бори дигар бигуфт. Мурид гуфт: «Ман худои Боязидро мебинам, Боязидро чӣ кунам?» Абӯтуроб гуфт: «Як бор Боязидро бинӣ, беҳтар аз он ки ҳафтод бор Худойро бинӣ», мурид мутаҳайир бимонд, гуфт: «Чӣ гуна?» Гуфт:
«Эй бечора, ту Худойро бинӣ бар миқдори ту туро зоҳир шавад ва Боязидро назди Худои таъоло бинӣ, бар қадри вай бинӣ, мурид фаҳм кард, гуфт: «То биравем», бирафтанд, Боязид дар бешае буд, чун берун омад, пӯстине бошгуна дарпӯшида буд, мурид дар вай нигарид ва як наъра бизад ва ҷон бидод, гуфтам: «Ё Боязид, ба як назарат куштӣ? Гуфт:
«На, ки мурид содиқ буд ва дар вай сире буд, ки ошкоро намешуд ба қуввати вай, чун моро бидид, ба як роҳ ошкоро шуд ва заиф буд, тоқат надошт, ҳалок шуд». Ва Боязид гуфт: «Агар хилъати Иброҳим ва муноҷоти Мӯсо ва рӯҳонияти Исо ба ту диҳанд, бозмагард, ки варои он корҳо дорад». Боязидро дӯсте буд муззакӣ1, вайро гуфт, се сол аст, то шаб намоз ҳамекунам ва рӯз рӯза медорам ва аз ин ҳар чӣ ту мегӯӣ, маро ҳеч падид намеояд, гуфт: «Агар сесад сол бикунӣ, ҳам падид наёяд», гуфт:
«Чаро?» Гуфт: «Зеро, ки ба худ маҳҷубӣ», гуфт: «Илоҷи он чист?» Гуфт:
«Натавонӣ кард». Гуфт: «Бигӯ, то бикунам». Гуфт: «Накунӣ». Гуфт: «Охир бигӯй». Гуфт: «Ин соат бирав, наздики ҳаҷҷом шав, то маҳосини ту ҷумла фурӯ сутурад ва бараҳна бибош ва изоре бар миён банд ва тубрае пургавз дар гардан овез ва дар бозор мунодӣ кун, ки ҳар кӯдак, ки силие дар гардан ба ман занад, чандин гавз вайро диҳам ва ҳамчунин наздики қозӣ ва удул шав, ин мард гуфт: «Субҳоналлоҳ, ки ин чист, ки мегӯӣ?!» Боязид гуфт: «Ширк овардӣ бад-ин сухан, ки гуфтӣ субҳоналлоҳ, ки ин аз таъзими хеш гуфтӣ», гуфт: «Чизе дигар бигӯй, ки ин натавонам», гуфт:
«Илоҷи аввал ин аст», гуфт: «Ин натавонам», гуфт: «Ман худ гуфтам, ки ин натавонӣ» ва ин аз он гуфт, ки он мард ба кибр ва талаби ҷоҳ машғул ва мағлуб будааст ва ин илоҷи вай бошад.
Ва дар хабар аст, ки ваҳй омад ба Исо алайҳиссалом ки чун дар дили банда нигарам на дунё бинам ва охирати дӯстии хеш он ҷо биниҳам ва мутаваллии ҳифзи вай бошам ва Иброҳими Адҳам гуфт: «Бор худоё, донӣ, ки биҳишт наздики ман пари пашшае наярзад дар ҷанби муҳаббати ту, ки маро арзонӣ доштӣ ва унсе, ки маро ба зикри хеш додӣ. Ва Робиаро гуфтанд: расулро чӣ гуна дӯст дорӣ? Гуфт: «Саъб, валекин дӯстии холиқ маро аз дӯстии махлуқон машғул бикардааст» ва Исоро пурсиданд, ки аз аъмол кадом фозилтар? Гуфт: «Дӯстии Худой ва ризо бад-он чи вай кунад»
ва дар ҷумла чунин ахбор ва ҳикоёт бисёр аст ва ба қаринаи аҳволи ин қавм ба зарурат маълум шуд, ки лаззати маърифат ва дӯстии вай аз биҳишт бештар аст, бояд ки андар ин тааммул кунӣ.
(Пайдо кардани сабаби пӯшидагии маърифати Ҳақ таъоло) Бидон, ки чизе, ки шинохтани вай муттаъаззир шавад, аз ду сабаб бувад: яке он ки пӯшида бошад ва равшан набувад ва дигар он ки бағоят равшан бошад ва чашм тоқати он надорад ва бад-ин сабаб аст, ки хаффош ба рӯз ҳеч набинад ва ба шаб бинад, на аз он ки ба шаб чизҳо зоҳир аст, лекин ба рӯз бас зоҳир аст ва чашми вай заиф аст, пас душвории маърифати Ҳақ таъоло аз равшанӣ аст, ки азбас равшан аст, дилҳо тоқати дарёфти он намедорад. Ва равшаниву зуҳури Ҳақ таъоло бад-он шиносӣ, ки қиёс кунӣ, ки агар хатте набишта бинӣ ё ҷомае дӯхта,
1 Худсито — касе, ки аз худ таъриф мекунад.
ҳеч чиз наздики ту равшантар аз қудрату илм ва ҳаёту иродати котиб ва ё дарзӣ набошад, ки ин феъли вай ин сифотро аз ботини вай чунон равшан гардонад, ки илми зарурӣҳосил ояд, агар Худои таъоло дар ҳама олам як мурғ беш наёфаридӣ, ҳар кӣ дар вай нигаридӣ, вайро камоли илму қудрат ва ҷалоли сонеъи вай зарурӣ шудӣ, ки далолати ин аз далолати хат бар котиб зоҳиртар аст, валекин ҳар чӣ дар вуҷуд аст, аз осмону замин ва ҳайвону набот ва сангу кулӯх, балки ҳар чӣ офаридааст ва дар ваҳму хаёл ояд, ҳама як сифат аст, ки гувоҳӣҳамедиҳад, бар ҷамоли сонеъ ва аз бисёрии далел ва равшанӣ пӯшидааст: ки агар баъзе феъли вай будӣ ва баъзе набудӣ, он гоҳ зоҳир будӣ, чун ҳама як сифат шуд, пӯшида шуд ва масали ин он ки ҳеч чиз равшантар аз офтоб нест, ки ҳама чизе ба вай зоҳир шавад, валекин агар офтоб ба шаб фурӯ нашудӣ ва ё ба сабаби соя маҳбуб нашудӣ, ҳеч кас надонистӣ, ки бар рӯи замин масалан нуре ҳаст, ки ҷуз сафедӣ ва сабзӣ ва рангҳои дигар надидандӣ, гуфтандӣ, беш аз ин нест, пас ин ки бидонистанд, ки нур чизест беруни алвон, ки алвон бад-он пайдо шавад аз он бувад, ки ба шаб алвон пӯшида шуд ва дар соя пӯшидатар бувад, аз он ки дар офтоб, пас аз зид вайро бишинохтанд?
Ҳамчунин, агар офаридгорро ғайбат ва адам мумкин будӣ, осмону замин бар ҳам афтодӣ ва ночиз шудӣ, он гоҳ вайро ба зарурат бишинохтандӣ, лекин чун ҳама чизҳо як сифат аст, дар шаҳодат ва ин шаҳодат бардавом аст, бас равшан аст, пас аз равшанӣ пӯшида шудааст ва дигар он ки дар кӯдаке ин дар чашм қарор гирифтааст — дар вақте, ки ақли ин набудааст, ки шаҳодати ин бишунавад — чун хӯ фаро кард ва алф гирифт, пас аз шаҳодат огоҳӣ наёбад, магар ҳайвоне ғариб бинад ё биное ғариб, он гоҳ бе ихтиёри вай субоналлоҳ аз даҳони вай биҷаҳад, ки шаҳодати он огоҳӣ ба дили вай диҳад, пас ҳар киро чашм заиф нест, ҳар чӣ бинад аз сунъи ӯ бинад, на аз он ҷинс, ки осмону замин аст, балки аз он бинад, ки сунъи вай аст, чунон ки касе, ки хатте бинад на аз он рӯй, ки хабар аст ва коғаз, ки инчунин касе бинад, ки хат надонад, балки аз он рӯй бинад, ки хат манзум аст, то дар вай котибро мебинад, чунон ки дар тасниф мусаннифро бинад, на хат ва чун чунин шуд, дар ҳар чӣ нигарад, Худойро бинад: ки ҳеч чиз нест, ки на сунъи вай аст, балки ҳама олам таснифу санъати вай аст. Агар хоҳӣ дар чизе нигарӣ, ки на аз вай аст ва на ба вай аст, натавонӣ ва ҳама ба забони фасеҳ, ки онро забони ҳол гӯянд, гувоҳӣ медиҳанд, ба камолу қудрат ва ҷамолу азамати вай ва аз ин равшантар ҳеч чиз нест, валекин аҷзи халқ аз ин аз заъфи эшон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё