Зеҳн
Кимиёи саодат (ҷилди аввал)

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 176 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Ва бидон, ки ҳар кӣ ба тарки дунё бигӯяд барои изҳори саховат ё боистии дигар ҷуз талаби охират, вай зоҳид набувад; ва бидон, ки фурӯхтани дунё ба охират зӯҳди азим аст, аммо заиф аст ба наздики аҳли маърифат, балки ориф он бувад, ки охират аз пеши вай бархезад, ҳамчунон ки дунё, ки биҳишт низ ҳам насиби шаҳвати чашм ва фарҷ ва шикам аст, балки бад-ин ҳам ба чашми ҳақорат нигарад ва худро бузургтар аз он дорад, ки ҳар чӣ баҳоимро дар он ширкат бошад, аз шаҳват бад-он илтифот кунад, балки аз дунё ва охират ҷуз Ҳақ таъолоро нахоҳад: ва ҷуз ба маърифат ва мушоҳидати вай қаноат накунад ва ҳар
1 Чизҳои мамнӯъ ва ҳаромшуда.
чӣҷуз вай аст, дар чашми вай ҳақир гардад ва ин зӯҳди ориф аст ва раво бошад, ки ин ориф чунон бошад, ки аз мол нагурезад ва ҳазар накунад, балки меситонад ва ба мавзӯъи хеш мениҳад ва ба мустаҳаққон медиҳад, чунон ки Умар разийаллоҳу анҳу, ки сад ҳазор дирам харҷ кард ва як дирам худро гӯшт нахарид. Пас, бошад, ки ориф понсад ҳазор дирам дар даст дорад ва зоҳид бувад ва дигаре як дирам надорад ва зоҳид набувад, балки камол дар он бувад, ки дил аз дунё гусаста бувад, то ба талаби вай машғул набувад, на ба гурехтан аз вай, на бо вай ба ҷанг бувад ва на ба салоҳ, на вайро дӯст дорад ва на душман, ки ҳар чизеро, ки душман дорӣ, ҳам бо вай машғулӣ, чунон ки он касро, ки дӯст дорӣ. Ва камол дар он аст, ки аз ҳар чӣҷуз аз ҳақ аст, фориғ бошӣ ва моли дунё наздики ту чун оби дарё бошад ва дасти ту чун хизонаи Худои таъоло бувад: агар беш бувад ва агар кам, агар ояд ва агар шавад, ту аз он фориғ. Камол ин аст, валекин маҳали ғурур эҳтимол аст: ки ҳар кӣ ба тарки мол битавонад гуфт хештанро ин ишва додан гирад, ки аз мол фориғам ва чун фарқ кунад миёни он ки мустаҳақ моли вай баргирад, ё об аз дарё баргирад ё моли дигаре баргирад, дар ғурур аст ва боисти мол дар ботини вай аст; пас асл он аст, ки дил аз мол бидорад бо тавоноӣ ва аз вай бигурезад, то аз ҷодуи вай бираҳад. Яке Абдуллоҳи Муборакро гуфт: «Ё зоҳид». Гуфт: «Зоҳид Умари Абдулазиз аст, ки моли дунё дар дасти вай аст ва боз он ки бар он қодир аст дар он зоҳид аст, аммо ман чизе надорам аз ман зоҳидӣ чун дуруст ояд?» Ва Ибни Абилайлӣ фаро Ибни Шубарма гуфт: «Бинӣ, ки ин Абӯҳанифа, ин ҷулоҳабачча ҳар чӣ мо бад-он фатво кунем, бар мо рад кунад». Гуфт: «Надонам ҷулоҳабачча аст, аммо ин донам, ки дунё рӯй ба вай овардааст ва вай аз он мегиряд ва рӯй аз мо бигардонида ва мо онро меҷӯем». Ва ибни Масъуд гуфт: «Ҳаргиз надонистам, ки дар миён касе аст, ки дунё дӯст дорад, то ин оят фуруд омад: ва лав анно катабно ъалайҳим анфусакум ав ихраҷу мин диёрикум мо фаъалуҳу илло қалилун минҳум»1 чун мусулмонон гуфтанд: агар бидонистеме, ки муҳаббати Худои таъоло дар чист, ҳама он кардеме, ки оят он вақт фуруд омад.
Ва бидон, ки ях ба зар фурӯхтан чандин сармоя хоҳад, ки ҳама оқиле он тавонад ва нисбати дунё ба охират камтар аст аз нисбати ях ба зар, валекин халқ аз ин маҳҷубанд ба се сабаб: яке заъфи имон ва якеғалабаи шаҳват дар ҳол ва яке тасвиф ва таъхир кардан ва худро ваъда додан, ки пас аз ин бикунам ва сабаб бештар ғалабаи шаҳват бувад, ки дар ҳол бо вай барнаёяд, нақд нигоҳ дорад ва нася фаромӯш кунад.
1 Агар дар он бинависам, ки якдигарро бикушед ё аз хонаҳои худ берун шавед, ин корро накунанд ҷуз каме аз эшон.
(Фазилати зӯҳд)
Бидон, киҳар чӣ дар замми дӯстии дунё биёвардаем, далели ин аст, лекин дӯстии дунё аз муҳликот аст ва душмании вай аз мунҷиёт ва ин ахборе, ки дар душмании вай омадааст, биёварем ва санои меҳин зӯҳд аст, ки бо аҳли илм изофат кардааст, вайро дар Қуръон, ки чун Қорун берун омад, дар мавкаби хеш ороста, ҳар касе ҳамегуфт, кошкӣ ин маро будӣ, «Қола-л-лазина уту-л-ъилма вайлакум савобуллоҳи хайрун» он қавм, ки аҳли илм буданд, гуфтанд, ки: савоби охират аз ин ҳама беҳтар. Ва аз ин гуфтаанд: ҳар кӣ чиҳил рӯз дар дунё зоҳид шавад, чашмҳои ҳикмат дар дили вай кушода гардад ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Агар хоҳӣ, ки Худои азза ва ҷалла туро дӯст дорад, дар дунё зоҳид шав». Ва чун Ҳориса расулро салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: ман мӯъминам ҳақан.
Гуфт: «Нишони он чист?» Гуфт: «Ин нафси ман чунон зоҳид аст, ки зару санг наздики ман баробар аст ва гӯӣ дар биҳишту дӯзах менигарам».
Гуфт: «Нек нигоҳ дор, ки ёфтӣ, он чи мебоист», он гоҳ гуфт: «Ин бандае аст, ки Худои таъоло дили вай мунаввар кардааст: ъабдун наввараллоҳу қалбаҳу». Ва чун ин оят фуруд омад: «Фаман йуридиллоҳу ан йаҳдиҳу йашраҳ садраҳу ли-л-исломи1, гуфтанд: ё расулуллоҳ! Ин шарҳ чист?»
Гуфт: «Нурест, ки дар дили ӯ фитад ва сина бад-он фарох шавад».
Гуфтанд: «Нишони он чист?» Гуфт: «Он ки дил аз ин сарои ғурур рамида шавад ва рӯй ба сарои ҷовид оварад ва сози марг пеш аз марг бисозад». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт, ки: «Аз Худои таъоло шарм доред, чунон ки ҳақҳаёст, гуфтанд на шарм медорем?» Гуфт: «Пас чаро ҷамъ мекунед моле, ки ба хӯрдани он нахоҳед расид ва чаро биное ҳамекунед, ки маскани шумо он нахоҳад буд?» Ва як рӯз расул салавотуллоҳу алайҳи хутба мекард, гуфт: «Ҳар кӣ ло илоҳа иллаллоҳу ба саломат биёварад ба чизе дигар ноомехта, биҳишт вайрост». Алӣ разийаллоҳу анҳу бархост ва гуфт: «Ё расулуллоҳ, тафсир кун, то он чист, ки ба вай намебояд омехт?»
Гуфт: «Дӯстии дунё ва ҷустани он, ки қавме бошанд, ки сухани эшон пайғамбарон бувад ва кирдори эшон кирдори ҷабборон, ҳар кӣ ло илоҳа иллаллоҳу биёмӯзад ва ин дар вай набувад, ҷои вай дар биҳишт аст». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Ҳар кӣ дар дунё зоҳид шавад, Худои таъоло дари ҳикмат бар дили вай бикушояд ва забони вайро бад-он гӯё гардонад ва иллату дору ва дармони дунё ба вай намояд ва аз дунё вайро ба саломат ба доруссалом барад». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи бо
1 Ба касе, ки Худо бихоҳад, роҳ бинамояд, синаи вайро барои ислом фарох ва васеъ мекунад.
саҳоба ба ҳам буд, рамае уштурони некӯ ва обастан бигузашт ва азизтарин моли араб он бошад, ки ҳам мол бувад ҳам шир ва ҳам гӯшт ва ҳам пашм, рӯй аз он бигардонид ва дар он нанигарид, гуфтанд: ё расулуллоҳ, ин азизтарин моли мост, чаро бад-ин нанигарӣ? Гуфт: «Маро Худои таъоло аз нигаридан наҳй кардааст». Ва гуфт: «Ва ло тамудданна ъайнайка... ал-ойа». Ва Исоро алайҳиссалом гуфтанд: агар дастуре диҳӣ, то хонае кунем, чунон ки ту дар он ибодат кунӣ? Гуфт: «Биравед ва бар рӯи об хона бино кунед», гуфтанд: ин чун тавон кард? Гуфт: «Бо дӯстии дунё ибодат чун тавон кард». Ва расул салавотуллоҳу алайҳи гуфт: «Агар хоҳед, ки Худои таъоло шуморо дӯст дорад, даст аз дунё бидоред ва агар хоҳед, ки мардумон шуморо дӯст доранд, даст аз он эшон доранд, бидоред». Ҳафаса падари хеш Умарро гуфт: «Чун моли ғанимат аз шаҳрҳо даррасад, ҷомае нармтар аз ин дарпӯш ва таоме хуштар аз ин соз, то ин касон, ки бо туанд, бихӯранд», гуфт: «Ё Ҳафаса, ҳоли шавҳар ҳеч кас беҳтар аз зан надонад, ту ҳоли расул беҳтар аз ҳама донӣ, ба Худой бар ту, ки расул салавотуллоҳу алайҳи чанд сол дар нубувват буд, ки вай ва аҳли вай чун бомдод сер будандӣ, шабонгоҳ гурусна будандӣ; ба Худой бар ту, ки чанд сол бар вай бигузашт ва хурмое сер наёфт, то он гоҳ, ки фатҳи Хайбар афтод, ба Худой бар ту, ки донӣ, ки як рӯз таом бар хон пеши вай ниҳоданд, вай аз кароҳият мутағаййир бибуд, то он гоҳ, ки бифармуд, то бар замин ниҳоданд, ба Худой бар ту, ки чун бихуфтӣ, бар гилеме хуфтӣ дутуй (дуқабат), як рӯз чаҳорту (чорқабат) карданд, нармтар буд, гуфт:
дӯш маро нармии ин аз намози шаб боздошт, ҳам чунон ки бувад ду ту беш макунед, ба Худой бар ту, ки ҷомаи вай бишустандӣ ва Билол бонги намоз кардӣ, то ҷома хушк нашудӣ, берун натавонистӣ омадан, ки ҷомаи дигар надоштӣ, ба Худой бар ту, ки донӣ, ки зане аз бани Назир изоре ва ридое ёфт, пеш аз он ки ҳар ду тамом шуд, яке бифиристод, расул алайҳиссалом берун омад он ба пушт фаро гирифта ва пеш гиреҳ барзада ва ҷуз он ҳеч надошт». Ҳафаса гуфт: «Ҳама ҳамчунин донам», пас чандон бигирист Умар — ва Ҳафаса бо вай, ки аз ҳуш бишуд, пас гуфт: «Ду ёр аз пеш рафтаанд: Муҳаммад ва Абӯбакр ва эшон ба роҳе мерафтанд, агар ба роҳи эшон равам, бо эшон расам ва агар на маро аз роҳе дигар бибаранд, ман ҳам бар он айши сахти эшон сабр кунам, то он айш ба роҳат ва ҷовид бо эшон ба ҳам дарёбам». Ва баъзе аз саҳоба аввал табақаи тобеиёнро гуфт: «Ибодати шумо беш аст аз ибодати саҳоба, лекин эшон аз шумо беҳтаранд, ки аз шумо зоҳидтар буванд дар дунё». Ва Умар гуфт: «Зӯҳд дар дунё ҳам роҳати дил аст ва ҳам роҳати тан». Ва Ибни Масъуд гӯяд:
«Ду ракъат аз зоҳид фозилтар аз ибодати ҳама муҷтаҳидон то ба охири умр». Саҳли Тустарӣ гӯяд: «Амали ба ихлос он вақт тавонӣ кард, ки аз чаҳор чиз натарсӣ, аз гуруснагӣ ва бараҳнагӣ ва дарвешӣ ва хорӣ».
(Пайдо кардани дараҷоти зӯҳд)
Бидон, ки зӯҳдро се дараҷа аст: яке он ки дунё даст бидорад ва дил бо вай менигарад, валекин муҷоҳидат ва сабр мекунад: ва инро мутазаҳҳид гӯянд на зоҳид, валекин аввали зӯҳд ин бувад, дуввум — он ки дил бо вай накунад, валекин бо зӯҳд ҳаменигарад ва зӯҳди хешро коре донад: ин зоҳид аст, валекин аз нуқсон холӣ нест, дараҷаи саввум он ки дар зӯҳд низ зоҳид бошад, яъне ки зӯҳди хеш набинад ва он коре надонад ва масали вай чун касе бувад, ки қасди хонаи подшоҳӣ кунад, то ба вазорат бинишинад, саге бар дари сарое вайро манъ кунад, луқмае нон ба вай андозад ва вайро аз хештан бозкунад ва он гоҳ ба вазорат расад, мумкин набошад, ки он луқмаро наздики вай қадре бошад: дунё луқмае аст ва шайтон саге, ки бар даргоҳ бонг медорад, чун порае нон ба вай андохтӣ, аз ту бошад ва ҳамаи дунё дар ҷанби охират камтар аз он аст, ки луқма дар вазорат: ки охиратро ниҳоят нест ва дунёро ниҳоят аст ва бо ниҳоят ҳеч нисбат надорад бо ниҳоят. Ва аз ин бувад, ки Абӯязидро — раҳматуллоҳи алайҳи — гуфтанд, ки: фулон дар зӯҳд сухан мегӯяд. Гуфт:
«Зӯҳд дар чӣ?» Гуфтанд: дунё на чизест, ки дар вай зӯҳд тавон кард, аввал чизе бояд, ки то зӯҳд дар вай тавон кард.
Аммо дараҷоти зӯҳд дар ҳаққи он чи, ки зӯҳд барои вай аст, се аст: яке он ки зоҳид шавад, то аз азоби охират бираҳаду бас, агар вайро бо адам баранд, во дорад ва ин зӯҳди хоифон аст, як рӯз Молики Динор гуфт:
«Дӯш далерии азим бикардаам, бар Ҳақ таъоло ва аз вай биҳишт хостаам», дигар он ки барои савоби охират бошад ва ин тамомтар бувад, ки ин зӯҳд ба риҷо ва муҳаббат барад ва ин зӯҳди роҷиён аст; саввум дараҷаи камол он аст, ки дар дили вай на бими дӯзах бувад ва на умеди биҳишт, балки дӯстии Ҳақ таъоло, дӯстии дунё ва охират аз дили вай баргирифта бувад ва аз ҳар чӣҷуз вай аст, нанг дорад, ки бад-он илтифот кунад, чунон ки Робия, ки бо вай ҳадиси биҳишт карданд, гуфт: «Ал-ҷору сумма-д-дору», яъне худованди хона беҳтар аз хона. Ва касе, ки лаззати муҳаббати Ҳақ таъоло вайро падид омад, лаззати биҳишт дар чашми вай ҳамчун лаззати бозӣ кардани кӯдак бувад бо бунҷишг дар ҷанби лаззати подшоҳӣ рондан ва бошад, ки кӯдак он бозӣ аз подшоҳӣ дӯсттар дорад, ки аз лаззати подшоҳӣ худ хабар надорад, ба сабаби он ки ҳанӯз ноқис аст ва ҳар кӣҷуз мушоҳидаи ҳазрати Илоҳият вайро чизе мондааст, ҳанӯз ноқис аст, болиғ нашудааст ва ба дараҷаи мардӣ нарасида.

пешина
аз 176
навбатӣ