Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

онро муболиғаи игроқ, ё ки мухтасаран игроқ мегӯянд. Лекин агар муболиға на ба ақлу муҳокима ва на ба одату ҳаёт мувофиқ наояд, муболиғаи ғулӯ (ғулувв) ном медиҳанд ё ки кӯтоҳ карда ғулӯ мегӯянд.

Барои игроқ ва ғулӯ бар ваҷҳи зер мисол оварем:

Ё самову замин тагурӯ шуд,
Моҳ ду паллай тарозу шуд.
(М. Турсунзода).

Ин тасвир аз қабили муболиғаи игроқ аст, ҳарчанд тагурӯ шудани осмону замин ва ҳамчун ду паллай тарозу шудани моҳ дар ҳаёт дида нашуда бошад ҳам, аз рӯи тасвироти бадеӣ ақл ва мантиқ қабул менамояд. Яъне дар амал ва ҳақиқат ин ҳодиса рӯй надода бошад ҳам, бинанда чунин тасаввур мекунад.

Мисол барои муболиғаи ғулӯ:

Зи сумми сутурон дар он паҳлазашт
Замин шаш шуду осмон гашт ҳашт.
Буни найзаву куббаи боргоҳ
Фурӯ шуд ба моҳию баршуд ба моҳ.
(Фирдавсӣ).

Фирдавсӣ дар байти аввал (ки Ғиёс ба Низомӣ нисбат додааст), майдони ҷангро тасвир карда мегӯяд: аз сумми аспон чунон гарду ғубор хест, ки як қабати замин кам шуда ба қабати осмон илова гардид ва дар натиҷа замин шаш қабат монду осмон ҳашт табақа шуд.

Дар мисоли дуюм Фирдавсӣ мегӯяд: буни найза ба замин чунон фурӯ рафт, ки рафта ба пушти моҳӣ 1 ва куббаи боргоҳ аз баландии ба моҳ рафта расид.

Мирзо Абдулқодири Бедил дилвасеъӣ ва дилтангии худро ба таври муболиғаи ғулӯ тасвир намудааст, ки на ба ақлу мантиқ ва на ба одату ҳаёт мутобиқ намеояд:

Нӯҳ фалак дар вусъатободи дили девонаам
Ҳамчу халҳоле,2 ки дар пои магас тангӣ кунад.

Дар ҷои дигар:

Дилам аз ғусса танг омад, ки чашми мӯр пеши ӯ Бувад баҳре, ки дар чафши хубобаш осмон гунҷад.

Дар мисоли аввал шоир гуфтааст, ки дили ӯ чунон васеъ аст, ки нӯҳ табақаи осмон дар назари ӯ чун халхолчае мена-

1 Аз рӯи таълимоти динӣ гӯё замин ба шохи гов, аммо гов ба пушти моҳӣ ва моҳӣ дар об истодааст.
2 Халхол — ҳалқаи нуқра ё тиллои зангдор, ки занон ба пой мебанданд ва дар вақти рақс овоз медиҳад.

пешина
аз 303
навбатӣ