Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Гуфта мешавад, ки «мақсуд аз моҳи дуҳафта ва хуршед сурати маҳбуб аст ва мурод аз ғолия ва мушк зулфи ўст».

Ва ҳол он ки ин на ташбеҳи пўшида (киноягӣ), балки худи истиораи равшан (биттасреҳ) мебошаду бас. Зеро ба ҷои рўи моҳи дуҳафта ва хуршед, ба ҷои зулф (мўй) ғолия ва мушк зикр ёфтааст. Аз ин рў ташбеҳи пўшида ва истиораи равшанро бо мукоиса фарқ бояд кард.

МУБОЛИҒА

Гоҳо нависанда дар тасвир ва ситоиши чизе аз ҳадди табиӣ ва аслӣ мебарояд, онро калонтар ва ё хурдтар карда нишон медиҳад, дар таъриф ба болотарин нуқта мебардорад ва ё ин ки ба пасттарин дараҷа мефарорад, ки ин ҳолати тасвир муболиға ном дорад. Дар забони халқ муболиға болобарддорӣ ва муҳобот номида мешавад.

Намунаҳои зерин барои муболиға мисолҳои барҷастае мебошад:

Ях нахўд каллапу даҳ ман дастор,
Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?!
(Бедил).

Зи анбўҳи мардум дар он анҷуман
Набуд лек як ҷои сўзан задан
(С. Айнӣ)

Дар фазои тира овози ҷавон
Рафта то авҷи Сурайё барқсон.
(М. Турсунзода).

Бар ҳар дили инсон суханат баски писанд аст,
Чун кўҳи Бадахшон сарам аз шаҳқ баланд аст
(М. Турсунзода)

Дар ин мисол С. Айнӣ ифодаи муболиғаомезеро дар мавқеи худ ба кор бурдааст. Ин тавр таъбир, ифода, зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ, ки муболиғаро ифода мекунад, ба таври талмеҳ дар адабиёт бисёр мешавад:

«Қишлоқ холӣ буд, гўё ки дар он пашша пар намезад» (Р. Ҷалил).

— «Чӣ карда метавонӣ?!

— Устухонатро элакӣ карда атола мепазам!» (Р. Ҷалил).

Гоҳо дар ин гуна тасвирот муболиға табиӣ ва ба ақлу мантиқ мувофиқ воқеъ шавад ҳам, гоҳо ғайритабиӣ, берун аз доираи ақл ва мантиқ ва ғайриреалӣ воқеъ мешавад.

Агар муболиға ба ақлу мантиқ мувофиқ ва ҳаётӣ бошад, муболиғаи таблиғ ё ки танҳо муболиға меноманд. Агар муболиға ба ақл мумкин буда, вале ба одату воқеъ мумкин набошад,

пешина
аз 303
навбатӣ