Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ташбеҳ бояд воқеӣ бошад

Дар адабиёт баробари ташбеҳоти нозуки табиӣ, дилчасп ва зебои реалӣ ташбеҳоти номуносиби дағали ғайритабиӣ ва хунук, ки дар зеҳи ҳисси нафрат ҳосил мекунанд, низ гоҳо дучор меоянд. Масалан, кокул ё гесӯро ба мору занҷир, минонро ба мӯ, даҳонро ба зарра ва монандӣ инҳо ташбеҳ мекунанд, ки дағал ва ғайритабиист.

Шоир дар ин байти зерин рӯи маҳбубашро ба ганҷ ва гесӯвонашро ба аждаҳо монанд кардааст:

Дӯш дар маҷлис ҳадиси аждаҳо мерафту ганҷ,
Бар узор афтода гесӯе ба ёд омад маро.
(Биноӣ)

Ҳар киро зулфи анбарин бошад,
Мор дар ганҷи ӯ қарин бошад.

Тӯғрал низ зулф (кокул)-ро ба мор ташбеҳ намудааст:

Сухан зи зулфи дарозаш агар кунӣ кӯтоҳ
Ҳадиси турраи ӯро ба пушти мор навис.

Гесӯи пурҳаму тобаш нигаред,
Гӯиё мор ба рақс омадааст.
(Лоҳутӣ)

Ангушти соқӣ аз ғабғаби¹ ғук нармтар,
Зулфи чу мор дар ман идӣ шиновараш.
(Анварӣ)

Шоир ангушти соқиро дар мулоимӣ ба бағбағаи ғук (курбоққа) ташбеҳ карда, зулф (гесӯ)-ро ба мор монанд кардааст.

Камоли Хуҷандӣ ба қатори ташбеҳоти ширин ва барҷаста гоҳо ташбеҳоти хунуке низ дорад, ки ба завқи асрӣ писандида ва форам нест. Аз ҷумла ӯ баъзан лабу даҳони ёрро ба шакар ва холи лаби ӯро ба магас ташбеҳ медиҳад:

Аз сояи парри магас озурда шуд рухат,
Баҳри шакар магар сӯи он лаб парида буд?

Ончунон сода рухе дорию лагҷон, ки бар ӯ
Гар нишинад магасе, афтаду пояш шиканад.

Гар дил зи ҷаври зулфи ту афғон кашида буд,
Айбаш макун ба нола, ки каждум газида буд.

Наканам аз магаси холи ту дил, аз паси марг
Анкабут ояду бар хоки мазорам битанад.

пешина
аз 303
навбатӣ