Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
аз монандкунанда афзал медонанд. Бинобар он, ин гуна таш-беҳотро ташбеҳоти тафзилӣ ҳам меноманд:
Ба қад гӯӣ сарв аст дар миёни қабоӣ,
Ба рӯй гӯӣ моҳ аст барниҳода кулоҳ,
Чу моҳ буду чу сарву на моҳ буду на сарв,
Қамар набандад сарву кулаҳ надорад моҳ.
(Фаррухӣ)
Сарвро монӣ, валекин сарвро рафтор нест,
Моҳро монӣ, валекин моҳро гуфтор нест.
(Саъдӣ)
Ин ҷо сухани сарв нагӯем, ки паст аст,
Ин ҷо сухани моҳ нахонем, ки зишт аст.
Мо равза нахонем, ки ҳар ҷо ту хурест,
Савганд ба хоки сари кӯят, ки биҳишт аст.
(Камол)
Шамъ аз чӣ чу ман доғи ҷудой дорад,
Ё нолаву сӯзи ошноӣ дорад.
Ҳар риштаи шамъ бар сари риштаи ман,
К-он ришта саре ба равшанӣ дорад.
(Қивомӣ)
Бирав, эй наргиси раъно, ту ба ин чашм маноз,
Нозро чашми сиёҳ бояду мижгони дароз.
Аз гулу лола чӣ ҳосил? Ману он сарв ки ҳаст,
Ҳама шӯхию карашма, ҳама хусну ҳама ноз.
Оташинрӯйи ман ороиши базм аст имшаб,
Бирав, эй шамъ, ту дар гӯшан хиҷлат бигудоз!
(Ҳилолӣ)
Ман намедонам чӣ сон тасвир созам бо сухан
Рангу бӯи беназири дилкашатров эй Ватан.
Гар чаман гӯям, надорад қимататро сад чаман,
Ростӣ, гашти биҳишти бемисоли марду зан,
Хубиат дилро кушода чун гулистон мекунад.
(М. Турсунзода)
Дар ин мисол мурод мисраи сеюм буда шоир «Ватан»-ро ба «чаман» монанд мекунад, боз аз он бармегардад, ки хубию зе-боиҳои Ватанро ҳатто сад чаман ҳам доро нест.
Ташбеҳи шартӣ
Ташбеҳи шартӣ он аст, ки шоир чизеро ба чизе ба шарт мо-нанд мекунад ва он гоҳ яке аз намудҳои пайвандакҳои шартии «агар», «гар», «ар»-ро зикр менамояд. Масалан, дар ин байтҳо:
Агар мӯре сухан гӯяд ва гар мӯе равон дорад,
Ман он мӯри сухангӯям, ман он мӯям ки ҷон дорад.
(Анвақ)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё