Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Гар биҷӯянд, наёбанд ба сад корӣ, Камол,
Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд.
Мақсад аз чаман ин ҷо боғҳои пурдарахт, гулу гулзор, чӯйбор, хиёбон, ҳавз ва мевазор аст. Зеро дар асл чаман ба маънои гулзор ва гулшан аст, ки ҷои махсусест дар боғ барои парвариши гулҳои рангоранг ва одатан чаман худаш танҳо ташкил намеёбад, балки дар қатори қисмҳои боғ ба вуҷуд меояд. Пас чаман ҷузъест, ки ба ҷои Кулл зикр ёфтааст.
Ин гуна маҷозҳо ҳар ду дар як ҷо ҷузъият — куллият номида мешавад.
Чунон ки дида шуд, калимаҳо дар вақти дар контекст омадани худ дар қолаби мафҳуми муайяни аслӣ маҳдуд намонда, балки дар сурати иловагӣ дорои маъноҳои маҷозӣ мегарданд ва доираи маънои онҳо вусъат меёбад. Дар ин сурат калимаҳо барои тасвири бадеӣ аҳамияти фавқулодда пайдо мекунанд.
Аз ин рӯ, дар асарҳои бадеӣ калимаю таркибҳо бештар маънои маҷозӣ гирифта, ба маъноҳои гуногун ҷилва додани онҳо чун як воситаи тасвири бадеӣ роли калоне мебозад.
Маънои маҷозӣ гирифтани калимаю таркибҳо шаклу намудҳои гуногун дорад ва бисёр воситаҳои тасвири бадеӣ ва санъатҳои адабӣ ба дараҷаи вобаста ба ҷилва дода шудани калимаю ибора ва ба маъноҳои гуногун омадани он аст. Дар роҳи ороиш ва обуранг додани сухан ҳамаи воситаҳои тасвири бадеӣ роли муҳиме мебозанд.
1 Хушилхон — хушхон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё