Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

То чанд сухан зи парда гӯям,
Розе ду-се пӯстканда гӯям.
Ҷомӣ

Бодро бо дом гирифтан — аз паи кори ношуданӣ рафтан:

Бо сабо зулфи ту чӣ пардозад,
Натавон бодро ба дом гирифт.

Ба санги кам задан — баҳои паст додан:

Сангзан он гаҳ зи чанги санг доим дам занад,
Ошиқонро бинад аз дуру ба санги кам занад.

МАҶОЗИ МУРСАЛ
(Маҷози баргузида)

Калима ва таркибҳое, ки дар ғайри маънои аслӣ истеъмол ёфта, ба ҷуз муносибати монандӣ боз дорои як навъ алоқаҳо мебошанд, маҷози мурсал номида мешаванд.

Онҳо аз ин ҷиҳат маҷози мурсал номида мешаванд, ки аз барҷастатарин, зеботарин гурӯҳи маҷозҳо мебошанд. Ё ки ба ибораи дигар, чунон ки дар поён дида мешавад, чизеро зикр карда чизи дигаре баргузида (хуш карда) мешавад. Зотан маънои луғавии мурсал ирсолдошта, фиристода, вале дар истилоҳи адаб ба маънои равону мӯъҷаз ва содда аст. Дар осори балоғати классикӣ маҷози мурсал то 25—30 хел аст. Ин ҷо ба таври мухтасар 3 навъи он интихобан эзоҳ меёбад.

  1. а) Зикри зарф — иродаи мазруф1, яъне зарф баён гардида, мазруф ирода мешавад. Масалан, ба ҷои ин ки «об биёр» гӯем, «сатилро биёр!» мегӯем ва муродамон аз сатил об аст. Ин ҷо сатил зарф ва об мазруф аст, ки зарф баён ёфта, мазруф ирода шудааст.

Ё ки дар ин байти Фирдавсӣ:

Чу хон хӯрда шуд, маҷлис оростанд,
Маю руду ромишгарон хостанд.

«Хон» зарф буда, муроди шоир мазруфи он — хӯрданиҳо мебошад: зарф зикр ёфта, мазруф ирода шудааст.

Ё ки дар ин мисол:

«Қишлоқи бечора аз сари нав ба гирьяву нола даромад. Босмачиён дар он ҷо қатли ом гузаронданд» (Р. Ҷалил).

Дар ин мисол қишлоқ ба ҳукми зарф аст, ба ҷои мазруф — аҳолии қишлоқ зикр ёфтааст. Ё ки дар ин байти Ҳофиз.

1 Мазруф — ҳосили зарф, он чӣ дар зарф мавҷуд аст.

пешина
аз 303
навбатӣ