Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

фонлоту мубаддал мегардаду ба худ номи матвӣ мегирад; ин рукни музоҳаф дар баҳрҳои басит, раҷаз, сареъ, мунсареҳ ва муқтазаб воқеъ мешавад.

ТАКТЕЪ ВА ҲИҶО

Тактеъ дар луғат ба маънои қатъ кардан, яъне буридан, ба порчаҳо ҷудо кардан меояд. Аммо дар илми арӯз мисраъҳои як байтро мувофиқи қоидаи муайян ба ҳиҷоҳо ҷудо кардан аст, ки бояд ҳиҷоҳои ҳар ду мисраъ аз рӯи кӯтоҳӣ ва дарозӣ рӯ ба рӯи ҳамдигар истанд.

Маънои луғавии калимаи ҳиҷо бошад, ҳарфҳои ягон матнро якта-якта аз ҳам ҷудо карда хондан аст. Чунон ки дар урф ҳиҷҷа карда хондан — ҳарфҳоро аз ҳам ҷудо карда якто-якто хондан меояд. Ҳиҷо ба маънои ҳозираи он ҳамчун истилоҳ дар забонамон ва арӯз бисёр ҳам қадимӣ нест.

Дар «Вазни шеъри форсӣ» (саҳ. 60) гуфта мешавад: «Калимаи ҳиҷо дар луғат ба маънои як-як ҳарфҳост ва истеъмоли он ба ин маъно нав аст...»

Дар ҳақиқат, ҳиҷо дар урф ба таври якто-якто аз ҳам ҷудо карда хондани ҳарфҳои калима аст.

Таърихи ҳиҷо дароз аст, мо ин ҷо мувофиқи мақсад хелҳои ҳиҷоро мухтасаран эзоҳ менамоем:

Ҳиҷо ки асоси вазни шеъри форсу тоҷик мебошад, аз ҷиҳати камният асосан ду қисм аст: яке ҳиҷои дароз ва дигаре ҳиҷои кӯтоҳ. Ҳамеша миқдори ҳиҷои дароз ду баробари ҳиҷои кӯтоҳ аст. Кӯтоҳӣ ва дарозии ҳиҷоҳо тобеи кашиши садонокҳо ва сохти ҳиҷоҳо буда (масалан ҳиҷоҳои баста, кушода) дар айни ҳол ба адади ҳамсадоҳо низ алоқадор аст.

ҲИҶОИ БАСТА ВА КУШОДА

Ҳиҷоҳо аз рӯи сохт ва тартиби ҳарфҳои садонок ва ҳамсадоҳо ба ду қисм ҷудо мешаванд: ҳиҷои кушода ва ҳиҷои баста.

Ҳиҷои кушода ҳиҷоест, ки бо ягон садоноки дароз ва ё кӯтоҳ тамом мешавад. Ҳамчун: ту, бу, мо, бе, сӣ ва дигарҳо...

Ҳиҷои баста ҳиҷоест, ки охири он ба яке аз ҳамсадоҳо анҷом меёбад; ҳамчун: пас, рӯз, шаб, орд, сар, тан, боғ ва ғайра...

Ҳар як ҳиҷои кушодае ки хоҳ дар аввал, хоҳ дар миёна ва хоҳ дар охири калима қарор дорад, агар садонокаш кӯтоҳ бошад, кӯтоҳ шумурда мешавад. Ҳамчун: ки, ба, ҳама, рама.

Ҳар як ҳиҷои кушодае ки садонокаш дароз аст, ҳиҷои дароз ҳисоб меёбад.

Вале дар ҳиҷоҳои баста сарфи назар аз дарозии садонокҳо

пешина
аз 303
навбатӣ