Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан
  1. Таҳник — монанди харм буда, агар дар аввали мисраъ воқеъ шавад, харм ва агар дар миёнаи мисраъ воқеъ шавад, таҳник ном мегирад.

  2. Ташъис — чунончи, аз фоилотун рукни мафъӯлун монда мушаъас ном мегирад. Ин зиҳоф дар баҳри мадид, ҳафиф, рамал, муҷтасс истеъмол мегардад.

  3. Касф¹ — масалан, аз рукни мафъӯлоту рукни мафъӯлун мемонад ва максӯф ном мегирад.

  4. Вақф — масалан, ба ҷои мафъӯлоту рукни мафъӯлон омада, мавқуф номида мешавад. Касфу вақф дар баҳри са-рез, мунсареҳ ва муқтазаб ба кор меравад.

II. Ҳазфи як ҳиҷои дароз, ки бо ин роҳ зиҳофоти зерин ҳосил мешавад:

  1. Ҳазф — чунончи аз рукни мафойлун рукни фаӯлун, аз рукни фоилотун рукни фоилун ва аз рукни фаӯлун рукни фаӯл мемонад ва маҳзуф ном мегирад.
    Ин зиҳоф дар баҳри рамал, тавил, мутақориб, муҷтасс, ма-дид, ҳазаҷ ва ҳафиф истеъмол мегардад.

  2. Каср — аз мафойлун мафоил, аз фаӯлун фаӯл ва аз фоилотун фоилон монда, максӯр номида мешавад.

  3. Рафъ — ба ҷои мустафъилун фоилун ва ба ҷои мафъӯ-лоту мафъӯлу меояд ва марфӯъ номида мешавад.

III. Ҳазфи як ҳиҷои кӯтоҳ ва як ҳиҷои дароз:

  1. Ҳазаз — чунончи ба ҷои мустафъилун фаълун, ба ҷои фоилун фаъ меояду ахзаз ё маҳзуз ном мегирад; ин зиҳофот дар баҳри комилу раҷаз ба кор меравад.

  2. Салм — чунончи аз фоилотун фаълун мемонаду аслам ном мегирад; ин зиҳоф дар баҳрҳои сарез, мунсареҳ ва муқта-заб ба кор меравад.

  3. Шатар — чунончи аз мафойлун фоилун ва аз фаӯлун фаъ мемонаду аштар номида мешавад.

IV. Ҳазфи ду ҳиҷои дароз:

  1. Ҳатм — чунончи аз мафоӯлун фаӯл мемонад ва рукни музоҳаф аҳтам ном мегирад.

  2. Чабб — масалан, аз мафойлун фаӯл мемонад ва маҷбуб номида мешавад.

  3. Рабъ — чунончи аз фоилотун фаал мемонад ва марбӯъ

¹ Дар баъзе осори арӯзӣ ба монанди «Ҳафт кулзум»-и Қабұл Муҳаммад ва «Ҷамъи мухтасар»-и Ваҳиди Табрезӣ ба ҷои касф кашф қайд ёфтааст.

пешина
аз 303
навбатӣ