Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

ШеърМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Ҳар ки мегӯяд ҳадиси салсабил1
З-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Дур аз он лаб ҷон яке нолоннай аст
«Бишнав, аз най, чун ҳикоят мекунад».
З-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».
Аз рақибон мекунад паҳлу тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.
Чашми шӯҳаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Қатли Ҷомиро чӣ хоҷат захми теғ,
Ғамзааш, ӯро кифоят мекунад.

Дар ин ғазали Ҷомӣ як байти Ҷалолиддини Румӣ аз аввали «Маснавии маънавӣ»-и ӯ тазмин шудааст:

Бишнав аз най, чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Вале Ҷомӣ номи муаллифи байтро зикр накардааст, зеро ин байт ба номи Ҷалолиддини Румӣ машҳур аст. Ин кори Ҷомӣ на сирқа аст ва на таворуд, балки тазмин мебошад.

Илова бар ин, бисёре аз шоирони ғазалсаро ба ғазалҳои шоирони пешина ва муосир пайравӣ карда ҳамчун назира ва ҷавобия ғазалҳо сурудаанд, ки ночор шоири пайрав аз мазмуни шеъри шоири пайравишуда истифода бурдааст.

Чунон ки дар боби сирқоти шеърӣ дида шуд, агар шоири сонӣ мазмуни шоири авваларо дар қолиби нисбатан дилкашу хуштаре ифода намояд, ҳақ дар ҷониби шоири сонӣ мебошад. Вагарна, дузди ӯҳданобаро ҳисоб ёфта, захмати беҳуда кашидааст ва худро беҳуда бадном кардааст.

Ҳофиз, махсусан дар аввалҳои эҷодиёти худ дар аксари ғазалҳояш Саъдӣ, Салмони Соваҷӣ ва Хоҷуи Кирмониро пайравӣ кардааст ва дар айни вазну қофияву радиф шеър гуфтааст, вале дар баъзе мавридҳо муваффақ нашудааст. Дар ин бора Шиблии Нӯъмонӣ дар ҷилди 2-юми «Шеър-ул-Аҷам» махсусан миёни Ҳофиз ва Салмону Хоҷу муқоиса кардааст. Мо ин ҷо ду-се мисол зикр мекунем:
Хоҷу:

Хирка раҳни хонаи ҳаммор дорад пири мо,
Эй ҳама риндон муриди пири соғаргири мо.

Ин матлаи Ҳофиз аз матлаи Хоҷу чанд мартаба барҷастатар аст:

Дӯш, аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,
Чӣст ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо?

Хоҷу гуфтааст:

1 Салсабил — номи ҷӯест дар ҷаннати афсонавӣ.

пешина
аз 303
навбатӣ