Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Чунон ки дар байти Булфарач ва Анварӣ гуфтаем:
«Гуфта бо ҷумлаи зуввор сарири дари ту»,
Инчунин дар байти Муиззӣ ва байти Анварӣ гуфтаем:
Ба шаҳри хеш дарун бехатар бувад мардум ки ин сиркан маҳз аст ва мулк аввалинонрост».
Таворуд
Агарчи Шамси Қайс дар ин қисм ба таҳти унвони сирқоти шеърӣ дуздиҳои бадеиро бо мисол шарҳу эзоҳ додааст, бештарини ин маънидуздиҳо ба таври таворуд воқеъ шудааст. Таворуди хотир тасодуфан ба ҳам мувофиқ омадани фикр аст.
Бисёр мушоҳида мегардад, ки байт ва ё мисраи ягон шоир дар сурати тасодуф шаклан ва мазмунан айни байт ва ё мисраи шоири пешина ва ё муосир воқеъ мегардад ва ҳол он ки маълум нест, ки шоир он шеърро дида ва ё шунидааст ё не. Бинобар он таъин кардани ҳадди сирқа ва таворуд душвор аст. Дар «Юсуфу Зулайҳо»-и Ҷомӣ ва «Хусраву Ширин»-и Низомӣ дар бисёр байтҳо таворуд воқеъ шудааст.
Ҷомӣ мегӯяд:
Маро, эй кошкӣ, модар намезод,
Ва агар мезод, кас ширам намедод.
Низомӣ гуфтааст:
Маро, эй кошкӣ, модар назодӣ,
Ва агар зодӣ, ба хӯрди саг бидодӣ.
Низомӣ ва Хоқонӣ муосири ҳамдигар буданд ва Хоқонӣ пеш аз Низомӣ вафот ёфтааст, ки ин матлаб аз байти зерини Низомӣ маълум мешавад:
Ба дил гуфтам, ки Хоқонӣ дареғогӯи ман бошад,
Дареғо, ман шудам акнун дареғогӯи Хоқонӣ.
Маълум нест, ки байтҳои зерин, ки ҳар кадом ба ҳар яке аз онҳо мансуб аст, таворуд аст ё яке мазмуни дигареро бурдааст ва ё ибораи халқиро ҳар кадом ба тавре тазмин кардаанд, ки ин ҳолат ҳам бисёр дида мешавад:
Бузургӣ хоҳатӣ, дил дар сахо банд,
Сари ҳамён ба барги гандано банд.
(Низомӣ).
Қисаҳои зар ба барги гандано сар бастаанд,
Бар сипеҳри ганданой даст з-он афшондаанд.
(Хоқонӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё