Зеҳн
Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа

МаорифАдабиётШеър
Аз аввал хондан

Хайлоти теғат, ки бурранда бод,
Манозил1 дар арвоҳи аъдо2 гирифта.

Дар ин мисолҳои боло дар байти якум ҷумлаи «тоза бод мудом», дар байти дуюм ибораи «дур аз ту», дар байти сеюм ибораи «бурранда бод» мӯътариза (ибораи туфайли) мебошад. Инҳо дар адабиёт ҳашви малеҳ ҳисоб шудаанд, зеро барои беҳтар зоҳир шудани ҳиссиёти шоир ёрӣ мерасонанд ва фикри ӯро қувват медиҳанд.

Вале Шамси Қайс дар байти сеюм дар ибораи «манозил дар арвоҳи аъдо гирифта» таваққуф карда мегӯяд: «Ва агар тавонистӣ, ки гуфтӣ: «манозил дар димоғи аъдо гирифта» беҳтар будӣ, ки ҷон хаёл димоғ аст».

Дар мисолҳои зерин низ ҳашви малеҳ ҳаст:

Осмон дар киштии умрам кунад дун ду кор:
Вақти мондан бодбонӣ, вақти рафтан лангарӣ.
Гар бихандам (в-он пас аз умрест), гӯнд: захрханд, В-ар бигирям (в-он ба ҳар соат), бигӯянд: хунгирӣ (Анварӣ).

Дар ин қитъа ибораҳое, ки ба даруни қавс гирифта шудаанд, мӯътариза ва ҳашв буда, боиси тақвияти фикр ва сабаби фасоҳати сухан гардидаанд.

Дар мисолҳои зерин низ ҳашви малеҳ ҳаст:

Шаккарфурӯш (ки умраш дароз бод), чаро
Тафаккуде накунад тӯтии шакарҳоро?
(Ҳофиз).

Шаб аз мутриб, (ки дил хуш бод вайро),
Шунидам нолаи ҷонсӯзи найро.
(Ҳофиз).

Соқӣ, (ки ҷомат аз ман софи тиҳӣ мабод),
Чашми инояте ба мани дурднӯш кун!
(Ҳофиз).

Дар ин байти Ҳабибулло Файзулло таркиби «наврӯзи баҳорӣ» аз калимаҳои синонимӣ ташкил ёфтааст, ки овардани онҳо аз қабили ҳашви қабеҳ ба шумор меравад.

Аз назираи Пайрав Сулаймонӣ ба қасидаи ватанияи устод Рӯдакӣ

Соҳили Ому, фазои дилкашаш
Дар назар хулду ҷинон ояд ҳаме.

1 Манозил — манзилҳо.
2 Аъдо — адуҳо — душманҳо.

пешина
аз 303
навбатӣ