Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
(Дур бодо чашми бад к)-имрӯз дар майдони ҳусн
Шаҳсавори ман каманди ноз ҷавлон медиҳад.
(Ҳилолӣ).
В-он моҳ ба тарбият чунон нур
Афзуд, (ки чашми бад аз он дур!)
(Ҳилолӣ).
- Ҳашви миёна он аст, ки овардани калимаи мӯътариза, агарчӣ нисбат ба сухани аслӣ барзиёд афтодааст, дар салосати байт зарар намерасонад, будан ва набудани он баробар мебошад. Чунон ки ибораи «эй офтобмартаба» дар байти зерин:
Дар ҷанби1 роӣ2 равшани ту нури офтоб Эй офтобмартаба, нурест мустаор3.
Дар байти зерин ибораи «эй дӯст» низ ҳашви миёна аст:
Гар хира маро зерӯ забар хоҳӣ кард,
Аз умри худ, эй дӯст, чӣ бар хоҳӣ хӯрд?
Ибораи «эй дӯст» дар назокат ва равнақи шеър ёрӣ надиҳад ҳам, ба шаъни мазмун ва иборати байт айб ва нукс воқеъ намешавад.
Дар ин каломи Саъдӣ, ки гуфтааст: «Хабаре, ки донӣ, ки диле биёзорад, бигзор, то дигаре биёрад», ибораи мӯътаризаи «донӣ, ки» ҳашви миёна аст, зеро будани он шарт нест, вале зараре ҳам ворид намеорад.
- Ҳашви қабеҳ. Ҳашви қабеҳ он аст, ки шоир дар миёни ибораҳои байт калима ва иборае зикр менамояд, ки нисбат ба сухани аслӣ барзиёд воқеъ мегардад. Зикри ин гуна калима ва ибораҳо бефоида буда, салосати суханро аз миён мебарад:
Соқиё, бода деҳ, ки ранҷи хумор, Сару фарқи маро ба дард овард.
Ё ки Роӣ ту ҳамчу шамъ мунир асту равшан аст, Зоти ту ҳамчу кӯҳ ҳалим асту бурдбор4.
(«Маҷмаъ-ус-саноев»).
Дар байти аввал азбаски калимаи «сар» зикр ёфтааст, зикри калимаи «фарқ» барзиёд аст ва дар байти дуюм бо вуҷуди калимаи «мунир» (равшанкунанда) зикри калимаи «равшан» барзиёд аст.
Инчунин шоире гуфтааст:
Гар менарасам ба хидматат, маъзурам,
Зеро рамади чашму судоғи сарам аст.
1 Ҷанби — паҳлу.
2 Роӣ — андеша, тадбир.
3 Мустаор — амонат, ориятӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё