Санъати сухан

Китоби мазкур ба омӯзиши санъати сухан, вазнҳои шеър, қофия ва воситаҳои тасвири бадеӣ дар адабиёт бахшида шудааст. Он роҳҳои эҷоди асарҳои бадеии зебо ва таъсирбахшро таҳлил мекунад. Ин асари илмӣ-методӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони адабиёт пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 4 октябри 2026 · 303 саҳифа
Аз кажӣ афтӣ ба каму костӣ,
Аз ҳама ғам растӣ, агар ростӣ
(Низокӣ).
Носири Хусрав дар як байт феълҳои растан ва рустанро овардааст:
Зи ранҷи ту бирастам, то бирустам ман
Чӣ чизе ту, ки на рустӣ, на растӣ.
Дар ҳоли ҳозир бисёре аз ҷавоннависандагон ҳардуи ин калимаро ҳам ба шакли «растан» менависанд. Аз ҷумла дар ин байти Қутбӣ Киром «рустан», ки ба маънои сабзидан, маҷозан калон шудан аст, ба шакли «растан» (рахидан) навишта шудааст:
Бо ҷӯраи ҷониам Баҳодур
Дар воҳаи зарфишон бирастем.
Аз файзи ҳаёт гашта масрур
Мо аҳд миёни худ бубастем.
Вале дар осори илмӣ ва адабӣ байни «рустан» ва «растан» фарқ гузошта мешавад.
Асоси замони ҳозираи феъли «зистан» ба таври «зӣ» омада, ҳамаи шаклҳои ҳозира-оянда ва хоҳишмандиаш аз ҳамин реша гирифта мешавад: зиёд, зияд, зиям, зием, мезияд, мезиям ва ило охир...
Аммо баъзе аз нависандагони ҷавонамон бағалат рафта ин асоси феълиро ба таври «зеҳ» менависанд ва ҳол он ки маънои «зеҳ» дигар аст. «Зеҳ» чанд маъно дорад: 1) офарин, 2) зеҳи ҷома, 3) ба маънои чиллаи камон, 4) тори камон, ки аз рӯдаи гӯсфанд метобанд, 5) ба маънои зоиш, нутфа ва бача, 6) таровиш, яъне захидани об меояд.
Чунон ки Фирдавсӣ ба маънои таҳсину офарин мегӯяд:
Қазо гуфт: гиру қадар гуфт: деҳ!
Фалак гуфт: аҳсан, малак гуфт: зеҳ!
Аммо дар ин байти Бобо Хоҷӣ «зеҳ» ба ҷои «зӣ» омадааст, ки ғалат аст.
Тарҳи ин дуюми нав андохтанд,
Доҳиёни мо — бузургони замон.
Ин Ватанро ҳамчу гулшан сохтанд,
То зиҳем осудаву хуш мо дар он.
Таъбири «қурбон шудан» на аз тарафи фарзанд ба модар, балки ҳамеша аз тарафи модар ба фарзанд гуфта мешавад. Лоиқ дар шеъри «Ба модар» ин тавр мегӯяд:
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё